Корманди милиса будан барои ҳар ҷавонмард шарафи бузург аст, агар аз ӯҳдаи ин вазифа ба хубӣ баромадан тавонад. Дар зери ин ҷома бояд нафаре бошад, ки на ба манфиати худ, балки ба манфиати халқу Ватан бикӯшад.
Маъмулан кормандони ин ниҳод пеш аз он ки ба адои вазифа оғоз намоянд, қассам ёд мекунанд,ки аз вазифа сӯистифода намекунанд ва ҳомии Ватан гашта, лаҷоми афроди қонуншиканро мекашанд, аммо мутаассифона гоҳо ин қавлу қасамҳо танҳо дар рӯйи коғаз мемонанду халос...
Манзур аз ин гуфтаҳо шикояти як корбари шабакаи фейсбук бо исми Зайнаб Ҳусейнова (Zeyneb Khuseynova) мебошад, ки бо нашри 5 акс аз бадрафтории як корманди милиса дар боғи Ғалабаи шаҳри Турсунзода шикоят намудааст.
ТУРСУНЗОДА: РОНАНДАИ БАДМАСТ КӮДАКИ 8-СОЛАРО ЗЕР КАРДА КУШТ
Зайнаб ва дӯстонаш хостаанд дар назди муҷассами Исмоили Сомонӣ акс бигиранд, вале як корманди милиса, ки дар ин боғ ба шикори Лайниву Маҷнунҳо машғул буда, аз ҷуфтҳои ҷавоне, ки дар боғ менишастанд, пул меситонд, ба ӯву дӯстонаш ба як шакли дағалон гап партофта, ҳарфҳои қабеҳ задааст. Вақте Zeyneb Khuseynova ва дӯстонаш мехоҳанд рафтори милисаро ба навор бигиранд, ҷавон чолокона телефони духтарро аз дасташ кашида гирифта, таҳдид кардааст, ки онро мешиканад.
Муаллиф менависад, ки чунин рафтори пур аз таҳқиру дашном нисбат ба духтар ба ягон мард намезебад, ба вижа ба марде, ки дар тан либоси милисагӣ дорад.
“Хоҳиш аз либосу вазифаатон истифода набаред! Умедворам масъули ШВКД дар шаҳри Турсунзода ва ё мақомотҳои дахлдор лаҷоми чунин зӯру мушзӯрҳоро мекашанд”, - навиштааст Zeyneb Khuseynova.