Вақтҳои охир бо сабаби беэҳтиётии ронандагон ва ба қоидаҳои ҳаракати роҳ риоя накардани мусофирон садамаҳои хунини нақлиётӣ зиёд рӯй медиҳанд. Чунин як ҳодисаи нохуш ду рӯз қабл дар ноҳияи Восеъ ба вуқуъ пайваста, боиси марги як тифлаки бегуноҳ гашт.
Тавре ки сомонаи Вазорати Корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 8-уми декабри соли 2019, тахминан соатҳои 15:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ғафуров Ширинбек Субҳонқулович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Темурмалик-Восеъ”, дар баромадгоҳи деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Хушвахтов Усмон Бахтиёрович, соли таваллудаш 2016, сокини деҳаи Охҷарро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол Хушвахтов У.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Нисбати ронанда парвандаи ҷиноӣ боз гашта, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Дар сар задани ин ҳодисаи нохуш, агар аз як тараф ронанда гунаҳкор бошад, аз ҷониби дигар волидон низ гунаҳкоранд, агар онҳо кӯдаки сесоларо бе назорат намегузоштанд, эҳтимол фоҷиа ба амал намеомад ва Усмонҷони хурдакак бо ҷисми пурхун ин дунёро падруд намегуфт.
Сомонаи Oila.tj аз падару модарон хоҳиш менамояд, ки кӯдакони хурдсоли худро бе назорат нагузоранд, ҳамчунин мо аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиётӣ хоҳишмандем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ ниҳоят эҳтиёткор бошанд. Фаромӯш накунед, ки саросемагии шумо метавонад боиси сар задани садамаи нақлиётӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш гашта, натанҳо ҳаёти дигарон, балки ҳаёти худи шуморо низ барбод диҳад. Беҳуда нагуфтаанд: Оҳиста рав, пайваста рав!