Sebiston new 2024 october
Домод аз Дубай
4884

 

ё дар ишқ шоҳу гадо баробаранд?

Боре дар кишвари Дубай Анорбӣ бо ҷавоне, ки гузаштагонашон ҳама тоҷик буда дар солҳои инқилоб ба Афғонистон ва баъдан ба Дубай кӯч баста буданд, шинос мешавад. Ҷавон, ки Мақсуд ном дошт дар харидану ҷо ба ҷо кардани борҳо доимо ба апаи Анорбӣ кӯмак мерасонд. Боре дар аснои тамошои расмҳои пайвандони Анорбӣ чашмаш ба расми Ҳалимаи болобаланду зебоандом меафтад. Ва аз ӯ пурсон мешавад, ки ин духтараки нозанин кист. Анорбӣ ҳамаи саргузашти Ҳалимаро ба Мақсуд гуфта медиҳад. – Апаҷон, ман як умр дар ҳаваси духтарҳои тоҷик будам. Орзуи волидонам низ ҳамин аст, ки бо тоҷикдухтаре ҳамхона шавам, то хуни аҷдодиамон гум нашавад. Илтимос. Ҳалимаро ба ман ба занӣ диҳед мегӯяд Мақсуд.

Мегӯянд, ки фақат афсонаҳо оғози ғамангезу анҷоми шодиомез доранд. Шояд, вале дар зиндагӣ низ чунин тасодуфиҳое, ки шахсро ба кӯи хушбахтӣ мерасонад кам нестанд, ва қиссаи зер низ дар ҳамин бора аст.

Ҷангҳои дохилӣ сар шуду волидони Ҳалима аз ноҳиияи дурдаст ба шаҳр гуреза шуда омаданд. Чун серфарзандӣ хоси аксари оилаҳои тоҷик аст, барои оилаи калони онҳо низ дар он солҳои душвор ёфтани як бурда нон бо баҳои ҷон баробар буд. Модар ҳар пагоҳӣ маҷбуран Ҳалимаро ба кӯча меронд. “Ману падари дардмандам аз ӯҳдаи хӯрондану пӯшондани шумо намебароем. Ту фарзанди калони ҳастӣ, рав, хидматгорӣ мекунӣ, талбандагӣ мекунӣ, кори ту асосаш барои мо нон биёр”-мегуфт модар ба Ҳалима бо таҳдиду зарда Ҳалима бо ашки шашқатор барои бурдаи ноне рӯзе ба чанд дар мӯҳтоҷ шуда мерафт. Агар яке ба ин духтараки ҷандапӯш раҳм карда бурдаи ноне диҳад, дигари ӯро бо дағалӣ аз дар меронд.

Вале, рӯзе дар тақдири ӯ гардиши куллие ба вуқӯъ пайваст...

Бегоҳии сарду боронии тирамоҳ буд. Аз даргириву нобасомониҳо чанд моҳе гузашта бошад ҳам, ҳанӯз одамон бе ҳарос дар кӯча рафтуо карда наметавонистанд. Зеро гурӯҳҳои гуногуни ҷиноятпеша бо ҳар баҳона молу ҷони мардумро ситонида ба қавле “Савлат меронданд”. Анорбӣ он бегоҳ бо ду нони гарм, ки аз хонаи модараш дода буданд вориди даромадгоҳи хонааш гардид. Ин дам садои ҳазине: “апаҷон нон, як бурда нон диҳед. Аз гушнагӣ мемурам” ӯро водор сохт, ки ба атроф нигарад. Дар таги чанор духтараки тахминан 12-13 сола бо сару либоси чиркину дарида менишаст. Анорбӣ нони бутунро ба ӯ дароз кард. “Не, апаҷон, як пораашро диҳед, бас”-гуфт, духтарак бо чашми гирён. Ту кистӣ?-пурсид Анорбӣ. Мо аз ноҳияи дуре кӯчида омадаем. Падару модарам касалманд ҳастанд. Модарам маро маҷбур ба кӯча меронад, ки барои додару хоҳаронам нон биёбам.

Дар чашмони Анорбӣ аз шунидани нақли духтарак ашк ҳалқа зад. Чи хел дили модарат мешавад, ки дар ҳамин шабу рӯз туро танҳо ба кӯча фиристад? Хайр биё, ба хонаи мо меравем. Лекин агар шаб ба хона наравӣ волидонат хавотир намешаванд?-пурсид Анорбӣ аз духтарак. Не, ман чандин шабҳои тобистон дар таги буттаҳои зич аз чашми роҳгузарҳо пинҳон шуда хобидам. Ҳатто ду се рӯз хона наравам, ҳам касе парвои маро надорад -ҷавоб дод духтарак. Анорбӣ номи духтаракро пурсид -Ҳалима,-гуфт бо андаке осори хурсандӣ духтарак -хуб, Ҳалимаҷон, имшаб меҳмони ман мешавӣ. Агар боодобу хушрафтор бошӣ, дар хонаи ман кор карда мегардӣ.

Ҳамин тавр бори аввал бахт ба рӯи Ҳалимаи хурдакаку дарбадар дар ин бегоҳи сарди тирамоҳи соли 1993 хандида буд. Анорбӣ, ки худ ҷавонзани дар пухту паз устое буд, тамоми нозукиҳои кадбонугиро ба Ҳалима оҳиста-оҳиста ёд медод. Ҳалима ҳам бо нармдилию ростқавлиаш ба дили Анорбӣ роҳ ёфта буд. Рӯзҳову солҳо сипарӣ мешуданд. Дар ин муддат Ҳалима духтари қадрасӣ зебо шуд. Анорбӣ доимо аз обу нони волидони ӯ бохабар мешуд. Ҳарчанд баъзеҳо мегуфтанд, ки аз баҳри ин хел падару модари бешафқат бигузар:-не ҳар навъе бошад, онҳо волидони мананд, посух медод Ҳалима. Ҳамин тавр замона тинҷ шуд.

Акнун одамон беҳарос тӯй барпо мекарданд. Ва ҳар вақте, ки дар маҳаллашон тӯйи арӯсие баргузор мегардид, дили Ҳалимаро як ҳиссиёти дардмоезе тазъиқ медод. Наход, ки бо ман ҳам аз ягон ҷой ягон хостгор наояд. Наход як умр ҳамин хел хидматгор монаму шахсе ёфт нашавад, ки ман ҳамрозу ҳамнафасу вафодори ӯ шавам? Худоё, кош рӯзе бахт ба рӯи мани сарсахт ҳам бихандад, - андеша мекард Ҳалима. Ва рӯзе худованд оҳашро шунид. Анорбӣ, ки қабл аз оғози ҷангҳои дохилӣ ба савдо машғул буд, боз касби худро идома дод. Ӯ, ки худ табиатан зани дилсофу хайрхоҳу меҳрубоне буд худованд ҳам, ба корҳои ӯ ривоҷ медод. Акнун Анорбӣ барои бор то Дубайу Хитой рафта меомад. Боре дар кишвари Дубай Анорбӣ бо ҷавоне, ки гузаштагонашон ҳама тоҷик буда дар солҳои инқилоб ба Афғонистон ва баъдан ба Дубай кӯч баста буданд, шинос мешавад. Ҷавон, ки Мақсуд ном дошт дар харидану ҷо ба ҷо кардани борҳо доимо ба апаи Анорбӣ кӯмак мерасонд. Боре дар аснои тамошои расмҳои пайвандони Анорбӣ чашмаш ба расми Ҳалимаи болобаланду зебоандом меафтад. Ва аз ӯ пурсон мешавад, ки ин духараки нозанин кист. Анорбӣ ҳамаи саргузашти Ҳалимаро ба Мақсуд гуфта медиҳад. – Апаҷон, ман як умр дар ҳаваси духтарҳои тоҷик будам. Орзуи волидонам низ ҳамин аст, ки бо тоҷикдухтаре ҳамхона шавам, то хуни аҷдодиамон гум нашавад. Илтимос, Ҳалимаро ба ман ба занӣ диҳед – мегӯяд Мақсуд. Баъди бозгашт Анорбӣ қиссаро ба Ҳалима ва наздикони ӯ нақл мекунад. Дили Ҳалима аз шодӣ метапид. Шабона ӯ намоз гузорида шукри Худовандро мекард, ки оҳу нолаи ӯро шунид. Бовараш намеомад, ки ба як духтараки оддии хидматгор ҷавони сарватаманде талабгор шуда бошад. Розигии наздикони Ҳалимаро гирифта ҳуҷҷатҳои лозимаро дуруст карданду Ҳалима бо модараш ва Анорбӣ ба Дубай сафар кард...

Дар он шаҳре, ки Мақсуд бо волидонаш мезист, бо иштироки тоҷикони тоҷири аз Тоҷикистон рафта баъди як ҳафта тӯйи бошукӯҳе барпо карданд. Тамоми хешу ақрабо Ҳалимаро дида ба Мақсуд мегуфтанд, ки худованд ба ту моҳи осмонро насиб гардондааст. Ҳалима, ки тамоми ҳунари кадбонугию одоби салому алекро аз Анорбӣ омӯхта буд, бо хӯрокҳои лазизу рафтору кирдори писандидааш ба дили шавҳару пайвандони ӯ роҳ ёфт. Хушнудии Мақсудро ҳадду канор набуд. Баъди чанд муддат ӯ бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо ва маблағи калон модари Ҳалима ва Анорбиро ба Душанбе гусел карда ба модари Ҳалима мегӯяд:-Холаҷон, аз ин пас нигоҳубини шумо ба хотири Ҳалимаам ба зиммаи ман аст. Ин ҷо як нуктаро бояд ёдовар шуд: ният холис бошаду аз сидқи дил аз Худованди карим чизеро хоҳиш кунӣ, Худованд ҳеҷ гоҳ дасти бо умед ба сӯяш дароз кардаро ноумед намегардонад. Ва маҳз шайхони хайрхоҳу накукор чун апаи Анорбӣ дунёи моро нурбор мекунанд.

Мавод аз архиви ҳафтаномаи "Оила"

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД