Модару холааш ҳанӯз замони кӯдакиашон Умедаро ба Ҳабиб гаҳворабахш карда буданд. Холааш дар шаҳр мезисту ҳамроҳи шавҳари профессораш зиндагии аврупоӣ дошт.
Ба қавли кампиракон «урусмиҷоз» буданд аҳли оилаи холааш ва бо хешу таборон хеле кам рафтуомад менамуданд. Ягона оилаи аз миёни хешовандон ба профессору занаш писанд оилаи Умедаино буд, аз ин хотир мехостанд бо раис қудо шуда, муносибаташонро боз ҳам наздиктар гардонанд. Холаю язнааш ҳар тобистон меҳмони хонадони онҳо мешуданд ва падараш дарҳол гӯсфандеро ба шарафи омадани меҳмонҳои олиқадр сар мезаду модараш дасту остин барзада, кабобу оши палав ва самбӯсаю нони баҷазза мепухт, то хоҳару язнаашро хурсанд созад. Умедаю Ҳабиби хурдакак ҳамроҳ дар ҳавлӣ хокбозӣ мекарданд ва баъзан барои ягон бозича ҷанг шуда, бо якдигар қаҳрӣ мекарданд. Ҳабиби аз Умеда се сол калонтар, ки борҳо аз забони модараш бо холадухтараш гаҳворабахш буданашонро шунида буд, бо лафзи кӯдакона «Мо зану шавҳарем, бояд қаҳрӣ накунем» гуфта, дили Умедаро боз ба даст меовард, вале…
Ишқи ниҳон
Андешаи бо Ҳабиб гаҳворабахш буданашон чунон дар майнаи Умеда ҷой гирифт, ки оҳиста-оҳиста духтар ба писархолааш ошиқ шуда монд. Умеда ба китобхонӣ шавқи зиёд дошт ва гаштаю баргашта «Чаманоро»-ро хонда, худро дар ҷойи қаҳрамони асар Фарида ва Ҳабибро дар ҷойи Комрон тасаввур карда, барояш номаҳои ошиқона менавишт, аммо шарми духтарона намегузошт, ки мактубҳои пур аз ишқу меҳру ихлосашро ба писархолааш фиристад. Ишқи Умеда он қадар бузург буд, ки номаҳои навиштааш ба се ҳазор расиданд. Духтарак аз падару модараш пинҳонӣ сандуқро кушода ҷиҳози арӯсиашро гаштаву баргашта тамошо мекард ва бесаброна хатми мактабро интизор буд, то ба висоли Ҳабиби аз ҷон ширинтараш бирасад, зеро модараш борҳо гуфта буд, ки баробари 18 сола шуданаш тӯйи бодабдаба ороста онҳоро хонадор мекунанд. Дар дил орзуҳои зиёде дошт Умеда, бехабар аз он, ки аҷузаи тақдир ба ҳоли вай ва орзуҳои ширинаш заҳрханда мекунад.
Каттача
Ҳабиб ҷавони болобаланди зебое шуда буд ва акнун хеле кам ба хонаи онҳо меҳмонӣ меомад. Умеда мехост мисли замони кӯдакӣ бо ҳамдигар шӯхию бозӣ кунанд, вале назари писари профессор дигар замину осмонро намегирифт ва хуши бо номзад ва хешдухтараш сӯҳбат намудан намекард. Сардакак салом медоду халос. Умеда ин нописандии Ҳабибро аз шарм дониста, шукрона мекард, ки номзадаш мисли дигар бачаҳо духтарбозу аловдаста нест ва падараш барин ҷиддисту хонда, албата одами калон мешавад. Ҳар гоҳ Ҳабибро бинад, давраҳои кӯдакиашонро ба хотир оварда Умеда зери лаб табассум мекард ва вақти гусел кардани писархолааш бо нигоҳи чашмони ошиқкушаш «дӯстат медорам» мегуфт, вале ҷавон ба маънии нигоҳҳои пурмеҳри духтархолааш сарфаҳм намерафт ё қасдан худро нодида вонамуд мекард. Духтарони деҳа баъди рафтани Ҳабиб оҳи сард кашида ба Умеда ҳасад мебурданд, ки чунин шавҳари зебо мекунад. Умеда аввалҳо ба суханони пур аз ҳасодати ҳамсоядухтарҳо аҳамият намедод, вале баъдтар дар дилаш ким-чихел эҳсосоти олуда ба рашк пайдо шуд. Акнун духтаре дар бораи Ҳабиб гап занад ё писархолаашро дар наздаш таъриф кунад, қаҳраш меомад. Духтарак хаёлан аллакай худро соҳиби Ҳабиб эҳсос менамуд ва намехост касе ба писархолааш, ки ба қавли модараш ҳаққи ҳалоли ӯст, чашм ало кунад. Оташаки муҳаббат рӯз то рӯз дар дили духтар баландтар аланга мегирифт, аммо ҷавон дар сар хаёлу дар дил меҳри дигареро дошт.
Дар доми кампир
Ҳабиб кайҳо шефтаи Маҳбуба ном зани аз худаш даҳ сол калонтар гашта буд. Шавҳарашро бо гуноҳи одамкушӣ ба ҳабс гирифта буданду Маҳбуба се писарашро танҳо парасторӣ менамуд. Ҳабиб аввалин бор дар оғӯши Маҳбуба лаззати занро чашида ба гирдоби нафс чунон печид, ки дигар ҷуз Маҳбуба чашмаш касеро намедид. Медонист, ки ин рафтораш ғайримақбул аст, вале ҳарчанд кӯшиш мекард, наметавонист аз Маҳбуба дил канад. Дилаш танҳо ва танҳо ба ҳамин зан моил буд…
Ҷанҷол ва моҷарои хостгорӣ
Модараш аз маъшуқабозиҳои Ҳабиб огоҳӣ ёфта ба сари Маҳбуба рафт. Занак тамоми айбу гуноҳро ба гардани Ҳабиб бор карда гуфт:
-Айби писаратон, рӯзам намедиҳад. Баред, писаратонро зан диҳед! Ҳабиби шумо дар сад сол ба ман даркор нест!
Модари Ҳабиб бо умеди он, ки баъди зангирӣ писараш тағйир меёбад, дарҳол ба хонаи хоҳараш хостгорӣ рафт.
Умеда, ки кайҳо ошиқи зори бачаи холааш буд, хостгорӣ омадани падару модари Ҳабибро шунида аз шодӣ ба худ ҷойи нишаст намеёфт. Хоҳарон маслиҳатро пазонда, санаи тӯйро муайян карданд, вале…
Тӯйи арӯсу мотами домод
Умеда аз хурсандӣ то рӯзи тӯй ба худ ҷойи нишаст намеёфт. Раис барои яккадухтараш беҳтарин либосворию зару зевар ва қимматтарин қолину мебелҳои замонавиро харида чунон ҷиҳозе тайёр кард, ки аз диданаш даҳони ҳамсояҳо воз монд. Рӯзи тӯй Умеда дар либоси сафеди арӯсӣ фариштаеро мемонд, ки навакак аз осмон фуруд омадааст, вале аз чи бошад, ки домод дар бари арӯси нозанин ғамгин менамуд. Чеҳраи гирифтаи Ҳабибро дида, гумон мекардед, ки домод тӯй не, мотам дорад. Аз қошу қавоқи гирифтааш айён буд, ки Ҳабиб аз ин хонадоршавӣ хурсанд нест.
Бистари танҳоӣ
Шаби висол Умеда худро мисли парии афсонавӣ ороста бо ҳаяҷон интизори аз дар даромадани домод буд. Дугонаҳояш шӯхикунон мегуфтанд, ки имшаб Ҳабиб то саҳар ӯро хобидан намегузорад, вале…
Субҳ дамиду аз домод дарак нашуд. Умеда ҳайрон буд, ки домод куҷо шуда бошад, бехабар аз он, ки Ҳабиб баъди аз тарабхона ба хонаашон овардани арӯс пинҳонӣ аз волидонаш ба мошин нишаста ба хонаи Маҳбуба рафтааст ва шаби аввали домодиашро дар оғӯши кампираки ширинаш мегузаронад.
Субҳи солеҳон Ҳабиб дуздона аз дар даромад ва ба арӯси чашмбароҳ ҳатто нимнигоҳе накарда «хаста шудам» гӯён, худро рӯйи кат партофту мурдавор хобаш бурд. Умеда ба чеҳраи гирифтаи писархолааш, ки аз ин арӯсӣ шод набуданашро гувоҳ буд, нигариста ҷигархун мешуд.
Тергав
Субҳ холааш Умедаи наварӯсро ба гӯшае бурда оҳиста пурсид, ки муносибати заношӯиашон чи хел аст. Вақте фаҳмид, ки домод ба ӯ ҳатто наздик нашудааст, оҳи сард кашида, ваъда дод, ки ҳатман бо шавҳараш гуфтугӯ мекунад, то падараш гӯши писари беақлашонро тофта монад. Бегоҳ падару модар Ҳабибро дар хонаи дигар хуб тергав карданд ва ҳатто таҳдид намуданд, ки агар ҳамин хел рафтор кардан гирад, ӯро аз хона пеш мекунанд.
-Очаҷон, отаҷон, сад бор пеш аз тӯй гуфтам, ки духтари холаамро намегирам, вале шумоён маро фаҳмидан нахостед! Умедаро дӯст намедорам, илтимос, маро ба ҳолам гузоред! Умедаро сад сол дар хонаатон нигоҳ доред ҳам, барои ман вай фақат духтари хола мемонад. Ман дигар касро дӯст медорам ва ба ғайри Маҳбуба ягон занро ба дилу ба бистарам роҳ намедиҳам,-фиғон мекашид Ҳабиб.
-Як умр бо ҳамон кампир зиндагӣ карда, моро шармандаи ду олам кардан мехоҳӣ?! Ман ин масъаларо ҳамту намемонам, қабри вай беваи фоҳишаро меканам,- паст намеомад модараш.
-Барои шумоён фоҳиша бошад, барои ман ороми ҷон аст. Маҳбубаро дӯст медорам! Таммом вассалом! Ман рафтам, шумо медонеду келини овардаатон,-Ҳабиб инро гуфта бо ғазаб дарро зада баромад ва ҷониби Умедаи дидагирён нигоҳи нафратборе афканда, ба мошинаш нишасту муҳаррикро ба кор даровард. Мошин чанги кӯчаро ба фалак хезонда дар як дам аз назар дур шуд.
Тасаллӣ
Умеда ҷорубро ба замин гузошта сарашро дошту талх-талх ба гиристан сар кард. Бехабар аз моҷарои ишқи писархолааш арӯсак умед дошт, ки имшаб номаҳои ошиқонаашро ба Ҳабиб медиҳад ва дар оғӯши пурмеҳри шавҳар субҳро истиқбол мегирад, акнун орзуяш ба боди фано рафт. Суханони Ҳабиб гаштаю баргашта дар ангораҳои хаёлаш танин андохта болои захми сӯзони дилаш намак мепошиданд. Холааш берун баромаду Умедаи гирёнро дида, сӯяш давид ва арӯсаки бетолеъро ба оғӯш кашида хона дароварду насиҳат кард:
-Духтаракам, зиқ нашав, ин рӯзҳо мегузаранд. Ҳабиб пушаймон шуда гашта ба назди ту меояд. Ҳоло писарам дар доми ҷодуи ин зани сабукпо афтида, одаму оламро фаромӯш кардааст, вале ман ин корро ҳамту намемонам. Албатта ягон ҷодукушо ёфта, писарамро аз доми Маҳбубаи фоҳиша халос мекунам. Никоҳи шуморо худованд хостааст, охир мо шумоёнро аз хурдиатон гаҳворабахш карда будем! Тоқат кун духтарҷон, ҳамааш хуб мешавад. Хушбахт шудан хоҳӣ рашку ҷангу ҷанҷол накун! Шавҳаратро ҳамеша бо чеҳраи хандон пешвозаш бигир ва худатро мудом оростаю пероста карда гард, мебинӣ, ки оҳиста-оҳиста ба ту майл пайдо мекунад. Гапи мани зиндагидидаро бигир, албатта бурд мекунӣ!
Ин суханони холааш каме ба дили шикастаи Умеда марҳам бахшиданду оромона аз паси кору бори хона шуд.
Сӯҳбати ошкоро
Шаби дигар Умеда ба маслиҳати хушдоманаш гӯш дода, худро ороста назди шавҳараш даромад ва хост дар бари Ҳабиб дароз кашида навозишаш намояд, вале домод дарҳол пушт сӯйи арӯс гардонда «хастаам, хобидан мехоҳам» гуфту чароғро хомӯш кард. Умеда паст наомада чароғро аз нав фурӯзон кард ва гуфт, ки бо Ҳабиб ошкоро сӯҳбат кардан мехоҳад. Ҳабиб бо қаҳр ба ӯ нигариста гуфт:
-Духтари хола, хафа нашав, лекин ту ҳамеша бароям мисли хоҳар будӣ ва ҳамчун хоҳар мемонӣ. Дили яктопарасти ман танҳо як касро дӯст медораду халос! Худат бигӯ, ки чи кор кунам? Хоҳӣ худи ҳозир талоқатро медиҳам, баромада рав!
-Не, не, не, ин гапро дигар ҳеҷ гоҳ ба забон нагир. Ман сабр мекунам,-зорӣ намуд Умеда, ки гиря гулӯгираш карда буд.
Дили Ҳабиб ба духтархолааш сӯхт ва аз китфони Умеда дошту оҳиста пичиррос зад:
-Майлаш, тоқат кун, шояд дили ман ягон рӯз ба ту гарм мешавад!
-Мани нодон аз аввал туро дӯст медоштам. Диле, ки дӯст медорад, бад дида наметавонад. Бо ту будан, бо ту зистан, бо ту мурдан мехоҳам. Ишқи ман мисли оби дарё тоза аст, аммо ту хораш кардӣ,-пичирос мезад арӯсак, вале ин ҳарфҳои пурмуҳаббат ба гӯши домод намедаромаданд.
Субҳ Ҳабиб боз чизе нагуфта аз хона баромада рафту Умеда бо чашмони аз гиря варамкарда аз паси кору бори зиндагӣ шуд.
Дарахти беҳосили сабр
Зиндагии ба ном заношавҳарии Умедаву Ҳабиб як сол давом кард. Модари Умеда бехабар аз нағмаҳои ҷияну рӯзи сиёҳи духтараш ҳар бори хабаргирӣ омадан мепурсид, ки ҳомиладор шудааст ё не. Умеда розашро ифшо накарда мегуфт, ки аз пайи табобат аст. Сирри хонаводагии онҳоро касе намедонист, то вақте ки косаи сабри Ҳабиб лабрез гашт.
Талоқ
-Дигар ин хел зиндагӣ кардан маънӣ надорад, духтари хола, биё ҷавобатро диҳам, ту ҳам рафта бахтатро ёб,-пешниҳоди талоқ намуд рӯзе Ҳабиб, ки чунин ҳаёти сохта кайҳо ба дилаш зада буд.
Умеда гирякунон худро ба пеши пойи шавҳараш партофта зорӣ намуд, ки ҷавобашро надиҳад ва таъкид намуд, ки розӣ аст як умр хидматгори дари холааш бошаду Ҳабибро ақалан дида тавонад. «Барои ман чизе даркор нест, шуморо ҳар рӯз диданам кифоя аст» мегуфт арӯсак, аммо Ҳабиб ошкоро гуфт, ки дигар тоби чунин зиндагиро надорад ва мехоҳад дӯстдоштаашро ба манзилаш биёрад.
Ҳамин тавр писархолааш ҷавоби Умедаро дод ва арӯсаки нокоми оғӯши шавҳар надида ночор гирёну нолон ба модараш занг зада, шумхабари талоқ гирифтанашро расонду хоҳиш кард, ки омада ӯро ба хона баранд. Ҳангоми чизу чораашро ба мошин бор карда аз хонаи шавҳар баромадани Умеда холааш чунон бо алам гирист, ки гӯё келин не, мурдаи азизи дилашро мебароварда бошанд. Ду хоҳар ҳамдигарро ба оғӯш гирифта бо алам менолиданду ба тақдири бад лаънат мехонданд.
Бахти дуюм
Пас аз ду соли дар ғами Ҳабиб сӯхтану гудохтанҳо Умеда дубора ба шавҳар баромад. Шавҳараш ҷавони хоксору некдилу меҳрубон бошад хам, дили яктопарасти Умеда ҳанӯз дар доми ишқи писархолааш асир буд ва шавҳари навашро ҳеҷ дӯст дошта наметавонист. Дӯст надорад ҳам, духтари раис ба тақдир тан дода, хизмати шавҳарашро бо ҷону дил мекард, то дубора хонавайрон нашаваду мардум нагӯянд, ки духтари раис шӯҷаллоб шудааст.
Вохӯрӣ дар аэропорт
Шавҳари Умеда пули чиптаро фиристода хоҳиш намуд, ки ҳамсараш ҳарду писарашро гирифта ба Русия наздаш равад. Дар ҳавопаймо ногаҳон садои шиноси ширине фарёд кард:
-Духтари хола, ассалом!
Умеда қафо гашта дар курсии ҳамшафат писари холаашро бо зани тифл дар бағале дид. Ҷавонзан хеле зебо ва оростаю пероста буд. Оташи рашк дар дилаш аланга зада бошад ҳам, базӯр эҳсосоти дар қалбаш ниҳонро пинҳон намуда ба саломи Ҳабиб ҷавоб гардонд Умеда ва лаб газид.
-Ин кас ҳамсари ман, инаш писарчаам,- зани дар паҳлӯяш бударо шиносонд Ҳабиб ва пурсид:
-Ту чи хелӣ? Очам гуфтанд, ки ба Русия меравӣ.
-Бале, шавҳарам дар Русия аст, пешаш меравам, -базӯр ҷавоб дод Умеда.
-Хушбахтӣ? Ман мехоҳам, ки ту, хоҳараки азизам доимо ҳамин хел ҷавону зебо бошӣ,-нидо кард Ҳабиб, гӯё байнашон ягон вақт чизе нагузашта бошад.
Шайтон Умедаро васваса мекард, ки ба рӯйи Ҳабиб шапотие фарорад, вале ҷавонзани дар ишқ навмедгашта худро базӯр ба даст мегирифт. Рӯзҳои интизории дар хонаи холааш аз сар гузаронидааш дар олами хаёлаш дубора зинда шуда, оташи зери хокистари ёдҳо мондаро дубора фурӯзон менамуданд. Пас аз ҷудошавии онҳо хоҳарон бо ҳамдигар қаҳрӣ шуда, рафтуомадро қатъ карда буданд ва Умеда намедонист, ки Ҳабиб дубора хонадор шуда, соҳиби писарча шудаасту зиндагии ширин дорад. Ин вохӯрии тасодуфӣ дар дили ҷавонзан шӯри маҳшар барпо намуд, вале ҳавопаймо ба фурудгоҳи ҳавоӣ фаромаду Ҳабиб тифлакашро бо меҳр аз бағали занаш гирифт ва ҳамсарашро бо дасти дигараш оғӯшкунон боз мисли замони пешин бепарвоёна бо Умеда хайрухуш карда ба толор даромад. Умеда аз паси ишқи аввалину охиринаш бо алам нигариста зери лаб пичирос зад:
-Худо нигаҳбонат, эй ишқи аввалину охиринам! Диле, ки дӯст медорад, ҳеҷ гоҳ бад дида наметавонад!!!