Formula novemver 2024
Дар Макка ҳоҷибибиро таҷовуз карданд
3401

 

Ҳодисаи мазкур ба сари яке аз сокинони шаҳри Душанбе омадааст, вале ба хотири озурда накардани хотири ақрабояш мо аз овардани номаш худдорӣ мекунем.

 

Нарзулло аз хурдӣ аз падар ятим монда, дар тарбияи модараш холаи Гулҳавас бузург шуда буд. Бо дуои модари меҳрубонаш ин ҷавон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, бо пули калон баргашт. Азбаски бачаи аз дину оин бохабар ва худоҷӯй буд, қарор дод, ки ҳамроҳии модараш ба зиёрати хонаи Каъба меравад. Пеш аз сафари ҳаҷ, аҳлу ақрабонашонро даъват намуда худоҳофизӣ карданд ва озими зиёрати Хонаи худо гаштанд.

 


Исқоти ҳамл фақат дар сурате, ки ба ҳаёти модар хатари ҷиддӣ таҳдид намояд, раво аст. Аз назари ислом ҳатто дар сурати хатари марговар доштани ҳомиладорӣ барои зан, танҳо то чормоҳагӣ исқоти ҳамл намудан иҷозат дода шудаасту халос.

 


Нарзулло баъд аз ба ҷой овардани тавофи Каъба, (ҳаҷҷи умра то фарорасии ҳаҷҷӣ фарзӣ) ҳамроҳи модараш, холаи Гулҳаваси чилупанҷсола дар кӯчаву бозорҳои Макка сайру саёҳат мекунанд. Ҷавон аз рӯи дасти расо ва меҳру муҳаббати зиёде, ки нисбати модараш дошт, намегузорад, ки дар миёни издиҳоми халқ модараш пои пиёда роҳ равад ва ҳатман тахти равон ва ё ба истилоҳ, маҳмил фармоиш медиҳад. Ҳарчанд модараш мегуфт, ки якҷоя, пои пиёда сайр кунанд, аммо ҷавон аз ғурӯри ҷавонӣ дар тасмими худаш устувор мемонд. Бо ҳаммол сайри кӯчаву бозор намудан, расми деринаи ашрофзодагон-аристократҳои Мисриёну Арабҳо мебошад. Рӯзи дуввум низ чун рӯзи аввал тахти равон-маҳмил фармоиш медиҳад. Ҳаммолони тануманди зангӣ холаи Гулҳавасро ҳамчун шоҳбону дар кӯчаву бозорҳо давр мезанонданд. Нарзулло машғули харидани ҳадяҳо шуда, якбора модарашро гум кард. Ҳарчанд ба чапу рост медавид, тахти равони модари мушфиқу меҳрубонашро пайдо карда наметавонист. ӯ маҷбур шуд, ки ба полиси Макка муроҷиат намояд.

Пас аз ҷустуҷуҳои зиёд саҳари рӯзи сеюм ӯ дар як гӯшаи қатори радаи савдогарон дар кунҷе модарашро пайдо намуд. Қариб буд, ки Нарзулло модарашро нашиносад. Модар ба як нуқта нигариста хомӯш менишаст ва гӯё олами атроф барои ӯ вуҷуд надошт.

Нарзулло модарашро дар оғӯш гирифта, хоҳиш мекунад, ки биё ба ҷои зистамон биравем. Модар гӯё чизеро ҳис намекард ва намешунид, аз ҷояш бархоста наметавонист ва мадори роҳ рафтан ҳам надошт. Нарзулло маҷбур шуд, ки бори дигар маҳмили кироя гираду модарро то ба ҷойи муқарраршуда бубарад. Ин дафъа дар роҳ Нарзулло пояи тахти равони модарро маҳкам дошта, гӯё аз қафои тобути модар мерафта бошад, ҳой-ҳой гириста роҳ мерафт. Ӯ ба худ тасаввур мекард, ки дар ин ду рӯзи набудани модараш аз ҷониби он чор нафар мардони тануманди сиёҳпӯсти зангӣ чӣ ҳодисоте ба сари модари дӯстдораш омадааст.

Дар қароргоҳ духтурҳоро даъват карданд. Маълум шуд, ки он чор марди зангие, ки тахти равонро мебурданд, ба номуси ин зани бечора таҷовуз кардаанд. Полисҳо чанд дафъа аз ӯ пурсаанд, ки рақами тахти равон чанд буд, аммо дар ҷавоб мегуфт, ки мутаассифона, рақами онро ёд надорад. Шинохтани он мардони тануманди зангӣ имкон надошт, чунки қариб ҳамаи онҳо, якзайланд.

Маросими Ҳаҷ ҳам ба итмом мерасад ва зоирон гурӯҳ-гурӯҳ шуда, тариқи самолёт ба Ватан бармегарданд. Нарзулло низ бо модараш, холаи Гулҳавас ба хона баргаштанд ва хешу ақрабо ва ҳаққу ҳамсояҳо бо шодиву хурсандӣ онҳоро пешвоз гирифтанд, аммо холаи Гулҳавас баъд аз он ҳодиса боре ҳам сухане ба забон наовард. Фақат хомӯшона ҳайрон-ҳайрон ба як нуқта назар меандохту халос. Барои ӯ гӯё дар олам ҳеҷ чиз вуҷуд надошт. Писараш ҳар замон ба назди модар омада, аз ӯ илтиҷо менамуд, кӣ “Модарҷон, ҳамааш гузашт, ғамгин набош. Шукронаи Худо, кӣ сиҳату саломат ба Ватан баргаштем”. Холаи Гулҳавас гӯё ин суханонро намешунида бошад, рӯй ба девор мекарду ҳамоно хомӯш буд. Ҳаққу ҳамсояҳо барои муборакбодии ҳоҷиён меомаданд, вале холаи Гулҳавас касеро дидан намехосту дар кунҷи хона танҳо менишаст.

Баъд аз чор-панҷ рӯзи хомӯшии дӯру дароз ӯ тасмим мегирад, кӣ ҳаммом кунад. Чун ҳамом кардани модар дер тӯл мекашад, Нарзулло дари ҳаммомро мезанаду мерубонона мепурсад, ки “ачаҷон, куҷо шудӣ?” Дар ҳаммом хомӯшӣ, ҳукмфармо буд. Якчанд дафъа писар ба овози баланд модарашро садо мекунад, вале аз ҳаммом садое намебарояд.

Бо кушодани дари ҳаммом Нарзулло дар ҷояш шах шуда монд, модар худро дар ҳамом ба дор овехта буд.

ӯ гирёну нолон ҷисми бе ҷони модарро ба хок супурд...

Дузду раҳзану таҷовузкор, миллату нажоду имону ислом надоранд ва ин гуна мардумони таррор, дар ҳама ҷо ва ҳатто атрофи Хонаи Худо ҳам буда метавонанд, аз ҳамин хотир мо ба тамоми ҳоҷиён, хоса занҳое, ки ба зиёрати Хонаи Худо рафтаниянд, маслиҳат медиҳем, ки ҳушёр бошанд.

Раҳмат Шералиев,

омӯзгор, узви Иттифоқи журналистони ТҶ

(Бознашр аз ҳафтаномаи Оила)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД