arzon replenishment
9 корд ба синаи ҳамсару хушдоман
5655

Дирӯз дар шаҳри Норак як марди 27 сола дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ ба тани ҳамсараш Шаҳноза 7 корд халонда, ду корди дигар ба узвҳои муҳими бадани хушдоманаш зада, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. 

Бинобар гузориши vkd.tj ин ҷинояти сангин дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ сар задааст ва марди 27 солаи сокини ҷамоати деҳоти Пули-сангини шаҳри Норак 25 март, тахминан соати 15:20 ҳамсарашро ба ҳалокат расонда, модарарӯсашро захмӣ кардааст.

Гумонбар дар кӯчаи “Братский”-и шаҳри Норак сукунат дошта, дирӯз дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ 7-маротиба бо корди қатъшавандаи кисагӣ ба узвҳои гуногуни бадани ҳамсари 25 солааш бераҳмона зарба зад. Ҷавонзани сиёҳбахт тавони ба дард тоб оварданро накарда, аз резиши хуни зиёд дар хуни худ ғарқ шуда, худи ҳамон лаҳза ҷон ба ҷонофарин супурдааст.


Мард зану кӯдакашро барқасд кушт


Аммо гумонбар аз кушта шудани ҳамсараш қонеъ нагашта, бо корди хунолуд ба модарарӯсаш ҳамла карда, бо ду захми корд ӯро ба узвҳои ниҳоят муҳими баданаш халонда, ин зан 45-соларо маюб гардонидааст. 

 

Бо кӯмаки ҳамсояҳо ин зани оғӯштаи хунро ба беморхона интиқол намуда, дхтурон ҷонашро аз панҷаи марг хариданд. 
Гумонбари ҳодиса айни ҳол дар боздоштгоҳ қарор дошта, аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД