Ҳангоми баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи вилояти Суғд марди 37-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, дастгир карда шуд.
РВКД дар вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки номбурда санаи 17-уми марти соли 2020, тахминан соатҳои 17:30 дақиқа, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо собиқ ҳамсараш, зани 34-сола ва писари ноболиғи 15-солааш, ки ҳарду сокинони Хуҷанданд, вохӯрда, бо онҳо муноқиша кардааст. Баъди баҳси лафзии тӯлонӣ мард ба ғазаб омада, ҳамсар ва писари ноболиғашро бо автомашинаи шахсиаш, ки тамғаи «Опел-Вектра» буд, қасдан пахш мекунад. Дар натиҷа, зан ҷароҳатҳои ҷисмонии вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид. Писари ноболиғ бошад, бо гирифтани осеби вазнин бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, тафтишот идома дорад.