shoh palace
ЗАНУ ФАРЗАНД – ҚОТИЛИ ПАДАР
3983

Ҳамсар ва фарзанд падари хонадонро аввал кушта, баъдан барои рӯпӯш кардани ҷиноят ҷасади ӯро оташ зада дар назди ҳавлӣ гӯрониданд.

Як манбаи хабарӣ санаи 11 – уми март иттилоъ дод, ки мақомоти пулиси шаҳри Панҷакент аъзои як оила, модар ва писарро боздошт намуданд. Онҳо бо ҷурми дар куштори ваҳшиёнаи падари хонадон даст доштан, муттаҳам мешаванд.
Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати умури дохилии Суғд, дар пайи муноқишаи оилавӣ дар деҳаи Суҷинаи шаҳри Панҷакент Хосият Усмоноваи 46-сола ҳамроҳи писраи 19-солааш Мусоев Суннатуло падари хонадон Абдулло Мусоевро ба қатл мерасонанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи куштор 29-уми ноябри соли гузашта рух додаас. Зан ва шавҳар миёни ҳам муноқиша мекунанд ва баъдан писар ба онҳо ҳамроҳ мешавад. Манбаъ мегӯяд, ки латукӯбу занозанӣ бо ҷароҳатбардорӣ дар қисмати сар ва афтида ба оҳан задану буғӣ кардани падари хонадон хотима меёбад.


ДНК: 9-ФАРЗАНДИ ҚАҲОР АЗ МАРДИ ҲАМСОЯ БУДААСТ


Хосият Усмонова, модари ин хонадон дар суҳбати видеоии худ гуфт, ки вақте сари шавҳараш ба оҳан заду хун рафт, тарсид, ки мардак хеста ӯро мекушад. Бинобар ин, пойҳояшро бо сим баста, ҳамроҳи писараш ӯро буғӣ карданд. Гуфта мешавад, ки модару писар барои нест кардани изи ҷинояташон падари хонадонро оташ зада, дар гӯшаи замини наздиҳавлигӣ чуқур канда, гӯр мекунанд. Ин зан сабаби марги шавҳари марҳумашро майхорагӣ гуфт. ВУД мегӯяд, ки нисбат ба гумонбарон бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД