arzon replenishment
Писар қотили модар шуд (қисми 2)
25.11.2019
Дилошуб
2824

 

(Идомаи қисса)

  Гардиши айём

Писари кенҷагӣ Ҷовид бо волидон мезист. Мактаби миёнаро Ҷовид замоне хатм кард, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ мерафт, аз ин сабаб ба ягон мактаби олӣ надаромада, то хомӯш шудани оташи ҷанг ҳамроҳи бародаронаш ба Туркманистон ва аз он ҷо ба Русия рафт. Холаи Соҷида ба хотири писаракони раҳдураш он қадар ғусса мехӯрду ашк мерехт, ки оқибат аз ғам ба бемории фишори хун гирифтор гашт. Дили модар дар фироқи фарзандон косаи хун буд ва шояд Худованд оҳи дили Холаи Соҷида барин модаронро шунид, ки дар кишвар сулҳу осоиштагӣ тантана карду аввалин муждаи писарони раҳдур низ расид. Писарони Соҷида ба дасти шиносон барои пайвандонашон пул фиристоданд, баътар худашон низ расида омаданду ҳар яке домани касберо гирифта пайи зиндагӣ шуданд. Танҳо писарони муаллимаш додари кенҷаашонро гирифта баҳору тобистон ба мулки рус мардикорӣ мерафтанд.

                               Ғами нав

Хотири холаи Соҷидаву шавҳараш чун хотири мардуми тоҷик каме осуда гашта қарор доданд, ки Ҷовидро хонадор мекунанд, вале мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл гуфтагӣ барин, бародарон ин даъфа бе Ҷовид омаданд. Модар аз ин фоли бад гирифта аз гиребони яке аз писаронаш гирифта гуфт:

-Рост бигӯ, бачама куҷо кардӣ?!

Бародарон ин даъфа бе Ҷовид омаданд. Модар аз ин фоли бад гирифта аз гиребони яке аз писаронаш гирифта гуфт:

-Рост бигӯ, бачама куҷо кардӣ?!

-Очаҷон, Ҷовид баъдтар меояд,-нигоҳашро аз модар гурезонда ҷавоб дод ҷавон.

Гиряву дарду сӯзи модарро дида, оқибат бародарон иқрор шуданд, ки Ҷовид ҳамроҳи рафиқонаш ба фурӯши маводи мухаддир даст доштаасту ӯро ба мӯҳлати 15- сол зиндонӣ карданд. Аз чашмони модар хун меборид, акнун шабу рӯз сар аз болин намебардошт ва ҳамеша «Худоҷон, ҳоли писаракам дар он мамлакати сард, дар зиндон, миёни қавми бегона чӣ мешавад?» гӯён нолаҳои зор мекард. Фарзандони калонӣ ҳоли зори модарро дида ҳар кадом маблағи муайяне партофтанд ва бародари калониашонро барои наҷоти Ҷовид ба Русия фиристоданд. Раҷабалӣ назди модараш даромада дуо гирифт ва ваъда дод, ки то Ҷовидро озод накунаду ҳамроҳаш нагирад, ба Ватан барнамегардад. Модар шабу рӯз рӯи ҷонамоз дуо мекард, ки писари азизашро аз банди зиндон раҳо намояд. Байни даҳ фарзанд ҷойи Ҷовид дар дили падару модар алоҳида буд ва ин як амри табиист, зеро волидон ба кенҷагиашон меҳри хоса доранд.

   Хати барот

Раҷабалӣ, нахустфарзанди амаки Сарахону холаи Соҷида роҳу воситаҳои зиёдеро истифода бурдаю ба милисаҳои рус пора дода, оқибат мӯҳлати ҷазои додарашро ду сол кард ва худаш ду соли дароз барои дарёфти ризои модар дар Маскав кор карда ба зиндон барои Ҷовид маводи хӯрока кашонд. Ниҳоят дар як рӯзи сарди зимистон, ки ашк дар нӯги мижгон ях мебаст, Ҷовидро аз зиндон раҳо карданд. Пас аз хати бароти Ҷовидро гирифтан бародарон то расидани баҳор дар корхонае ба ҳайси боркаш кор карда, маблағи хубе ба даст оварданду ба Ватан баргаштанд. Холаи Соҷида худро пеши пойи писаронаш партофта мегиристу мегирист. Бо омадани Ҷовид ҳоли модар беҳтар гашту аз пайи келинкобӣ шуд. Холаи Соҷида ҳамсоядухтарашонро зери чашм карда буд, вале амаки Сарахон мехост абераи амакашро келин намояд. Апааш Гулҷамол, ки феъли бади фарзандони амакашро медонист, хост аз хатои азим Сарахонро наҷот диҳад, вале додараш бори аввал ба гапаш гӯш накарда, ба хонаи амакаш хостгорӣ рафт.

    Келин не, вабо!

Зулҳия, набераи писарамаки Сарахон-Хуршед аз шаттоҳию ҷангарагиаш ба биступанҷ даромада то ҳол ягон харидор надошт. Сарахон барои аз нав пайваст кардани риштаҳои хешутаборӣ ба нею нестони апаашу занаш нигоҳ накарда ана ҳамин балодухтарро ба писараш келин кард. Зулҳияи шаттоҳ аз рӯзи аввали ба ин хонадон қадам ниҳоданаш ба ҳама лақаб монд. Хушдоманашро «Беваи булдозер» ва хусурашро «Пирхари бузриш» мегуфт, шавҳарашро бошад «Туремшик» унвон дода буд. Келинчаки бало дар шаш дар хонаи баланду барҳавои хуштаъмиру пурҷиҳоз ва дорои боғу роғ худро шоҳдухтар эълон намуда, лаҷоми шавҳари беиродаашро аз рӯзи аввал чунон маҳкам ба даст гирифта буд, ки Ҷовид ҳама ранҷу дардҳои модарашро фаромӯш карда, бо садои доираи занаш рақс мекард. Пас аз зан гирифтан бо модар душман шуда буд эркаписар. Нотинҷии хонаи додарро дида, дили кампири Гулҷамол моломоли хун мешуд. Рӯзе хост хешдухтарашро насиҳат кунад ва Зулҳияро наздаш шинонида гуфт:

-Духтарам, аслан ман ризо набудам, ки Сарахон туро келин кунад, вале қисмат чунин будааст. Аз байни ҳашт келини додарам танҳо ту хешӣ, барои ҳамин бояд барои дигарон намуна бошӣ, на хонасӯз. Илтимос, модарро бо фарзанд душман накун! Ақлатро дар ҷояш монда зиндагиятро пеш бар…

-Ту беваи ҷалаби намакҳаромро бобои ман калон кард, вагарна зери ришку шабушку чирк мурда мерафтӣ! Шӯгадои худозада, худат барои як марди пир шуда ҳама хубиҳои бобоямро фаромӯш кардию боз маро насиҳат мекунӣ,-бидиросзанон ба миёни гапи кампир лагат зад Зулҳияи бешарму беҳаё.

Ҷовид овози занашро шунида давида омад ва тарафи амааш, ки ҳамеша пайи ободии онҳо буд, дод зад:

-Эй беваи ҷалоҷин, рӯзамон медиҳӣ ё не! Корат ба зани ман чӣ, хез дафъ шав!!!

 

 Модаркӯш

Пас аз рафтани кампири Гулҷамол косаи сабри холаи Соҷида сар омаду писарашро дуо кард:

-Кошкӣ дар ҳамон зиндон мемурдӣ, ки ин қадар беномусиятро дида хуни ҷигар намешудам. Наход аз тарси ҳамин сиёҳи баднамуд ману падарат ва аммаи ягоната хафа кунӣ! Шимата кашида ягон эзори заната пӯш, занкалон, то армонам намонад. Илоҳӣ ҷувонимарг шавӣ! Худоҷон, ҳамин зани сиёҳи аҷинабашараат рӯи фарзанди батнашро надида мурад, бо ин модару писара душман карданош!

Ҳамин вақт Зулҳия дар дасташ калӯши кӯҳнае вориди хона гашту ғазаболуд ба сару рӯи хушдоманаш куфтан гирифт. Ҷовиди беимон тарафи занашро гирифта ба миёни модар лагади сахте зад. Ҷовиди беномусу Зулҳияи худонотарс аз мӯйи сари кампири бемор маҳкам дошта, модари бечораро бузғолакашкунон мисли тӯби футбол лагадкӯб мекарданд ва кашон-кашон аз як гӯша ба гӯшаи дигари хона мебурданд. Зани ҳамсоя овозаи моҷароро шунида ҳамроҳи бачаҳояш давида омад ва ба зӯр ҳамсояи қадрдонашро аз зери дасти келину писари ҷоҳилаш халос намуда, амаки Сарахонро, ки ба масҷид барои адои намози шом рафта буд, хабардор карданд. Дар як дам дигар фарзандон низ ин овозаи даҳшатнокро шунида расида омаданд. Холаи Соҷида ҳамсояи ҷондастгирашро, ки солҳои сол ба ҳам мисли апаю хоҳар аҳлона зиста буданд, ҷеғ зада, дар назди ҳама фарзандонаш сарашро пеши пояш гузошта илтиҷоомез зорӣ кард:

-Савлатбӣ, солҳои сол нону намакхӯр будему ман тамоми сирру асрорамро ба ту мегуфтам. Хоҳари қиёматӣ, ҳама чизи дидагита дар даруни дилат санг бандон. Ба касе нагӯй, ки Соҷидаи паҳлавонро писару келинаш лагаткӯб карда куштанд. Ин гап аз даҳонат барояд, ман дар ду дунё намебахшамат!


Гулҷамол гоҳо аз шавҳараш хоҳиш мекард, ки Сарахонро низ ҳамроҳаш сари замин барад, вале мард бо дилсӯзӣ мегуфт: «Мон бачаи бечора аз хобу бозӣ сер кунад, сари замин гурехта намеравад!»

 


Келинҳо ин гапҳоро аз забони хушдомани азизашон шунида зор-зор гиристанд. Пас аз ду рӯзи ин воқеа холаи Соҷида дунёро бо сад дарду алам падруд гуфт ва амаки Сарахон ҷойнамозу ҷелакҳои обшӯстаашро гирифта ба хонаи писари калонияш кӯчид.

Сирри фошгашта

Савлатбӣ дар пеши ҳама қасам хӯрда буд, ки ҳеҷ гоҳ сирри апаи қиёматияшро намебарорад, аммо дарвозаҳои шаҳри калонро баста мешаваду даҳони мардумро не гуфтагӣ барин, худи ҳамон рӯзи марги кампирак дар деҳа беимонии Ҷовиду Зулҳияи дузахӣ овоза шуд. Дигар касе аз ҳаққу ҳамсояҳо бо ин зану шавҳари модаркӯш рафтуомад кардан намехоҳад. Зулҳияву Ҷовид дар хонаи як вақтҳо бозори гардони амаки Сарахону кампири Соҷидаи меҳнатӣ чун ду махав зиндагӣ доранд. Касе аз аҳли деҳа бо онҳо гап намезанад. Ин ҷазои аввал аст, фардо қотили МОДАРро ҷазои вазнинтаре интизор аст. Ҷовиди модаркуш фардои қиёмат дар назди Худованди ҳамабин барои ин аъмоли бадаш чӣ ҷавоб мегуфта бошад?!
Анҷом!

 Дилошӯб

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД