tobiston
Дар ноҳияи Носири Хусрав шикори ғайриқонунии моҳӣ ошкор шуд
17.07.2025
Oila.tj
67

Дар ҷараёни як санҷиши назоратӣ, ки аз ҷониби кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав гузаронида шудааст, ҳолати шикори ғайриқонунии моҳӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, гурӯҳи шахсони алоҳида дар маҳалҳои мамнуъ бо истифода аз василаҳои манъшуда ба сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул будаанд. Ин амал бар хилофи муқаррароти қонунгузории амалкунанда дониста шуда, ба муҳити зист ва экосистемаи обӣ зарари ҷиддӣ мерасонад.

Гуфта мешавад, ки нисбати қонуншиканон парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда, барои татбиқи чораҳои қонунӣ парванда ба мақомоти марбута ирсол гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД