Ман, Асадхон, хонандаи ҳамешагии сомонаи Oila.tj мебошам.
Дар маҳаллаи мо Шаҳло ном зане зиндагӣ мекунад, ки бо либосҳои тангу рангу бори булаҷабаш диққати тамоми мардони шиносу ношиносро ба худ мекашад. Ӯ зани бародари ҳамсинфам Нуъмон аст, вале ман пай бурдам, ки муносибатҳои онҳо ҳамчун янгаву қайнӣ нест. Шояд шумо гумон кунед, ки ман сару либоси ин занро дида дар ҳаққаш туҳмат карда истодаам, вале дар асл чунин нест. Ман ронандаи таксӣ ҳастам. Боре Шаҳло ба ман занг зада, хоҳиш намуд, ки ӯро ҳамроҳи додаршӯяш Нуъмон ба шаҳр барам. Азбаски барои мо таксистҳо ин як кори маъмулӣ аст, бе ягон шакку шубҳа ба ҷойи гуфтааш омадам. Шаҳлою ҳамсинфам мисли дуздон ба чор тараф бо тарсу ҳарос назар андохта, ба набудани ягон чашми бегонае сӯяшон боварӣ ҳосил намуданд ва зуд ба мошин нишаста, хоҳиш карданд, ки мошинро ҳарчӣ тезтар ронам. Ҳайрон шуда саманди оҳанинамро чунон маҳмез задам, ки чангу хоки кӯчаро ба ҳаво бардошта, дар як дам аз маҳалла берун шуд. Аз оина рафтори ин янгаю қайниро дидаму ҳуш аз сарам парид. Шаҳло ҳар замон дасти Нуъмонро пучида қиқир-қиқир механдид ва имову ишораҳои ошиқона мекард.
Ба ёдам гапу калочаҳои мардум расид, ки Шаҳлою Нуъмонро маломат намуда мегуфтанд: «Ин занаки маккора аз набудани шавҳараш истифода бурда, додаршӯяшро ба домаш афтонидааст. Нуъмони бечора "зиндагиам беҳтар шавад", - гуфта, ду сол боз дар Русия мурда-мурда кор мекунаду ин зани ҷодугараш аз Худо натарсида, шабҳоро дар бағали бародари шавҳараш бо айшу ишрат саҳар мекунад. Касофатии ин ду беҳаё ба сари тамоми мардуми маҳала расида, ягон рӯз балои азиме ба сарамон меояд…»
Саргарми ҳамин андешаҳо мошин мерондам, ки овози Шаҳлои бешарм ба гӯшам расид: «Моро то назди саунаи Саховат баред!» Нафратам боло гирифта, хостам онҳоро дар нимаи роҳ аз мошин фарорам, вале ҳисси кунҷковиам боло гирифта, «канӣ бинам, ин ду худозада чӣ кор карданианд?» гуфта, онҳоро ба ҷойи гуфтаашон бурдам. Шаҳлою Нуъмон ҳаққи хизмати маро дода, аз мошин фаромаданд. Чунон вонамуд кардам, ки мошинро гардонда аз паси кори худ меравам, вале ҳамин ки онҳо каме дуртар шуданд, мошинро дар як ҷойи хилват монда, пойидам.
Ба як ҳуҷраи сауна даромадани Нуъмон ва янгаи тардоманашро дида, дуд аз димоғам баромад. Бо табъи гирифта ба хона омада, ҳодисаро ба занам нақл кардам. Ҳамсарам гуфт, ки "ин гапи нав нест. Аз ҳафт то ҳафтодсола медонанд, ки Нуъмон бо зани акояш мегардад". Шаҳлои худобехабар мисли шайтон Нуъмони ҷавонро васваса карда гуфтааст, ки "шавҳари ман Фарҳод ба ту ҳеҷ кас намешавад, чунки бародари ӯгаят аст. Ғайр аз ин, вай ду сол боз дар ким-кадом гӯру лаҳад аз паси беваҳои урус гаштааст. Чаро мо бояд ба хотири вай худро аз шириниҳои ҳаёт маҳрум намоем?! Умр мисли оби дарё тез мегузарад, то хабар мешавӣ, ки хазонат фаро мерасад. Ҳоло, ки ҷавонем, бояд айшу ишрат карда, хуб даври ҷавонӣ ронем…»
Пас аз чанд вақт падару модараш Нуъмонро оиладор карданд, то пеши роҳи ин ҳаромкориҳоро бигиранд, вале аз байн се моҳ нагузашта, Шаҳлои фоҳиша хонаи арӯсакро вайрон кард. Нуъмони беақл бо васвасаи янга-маъшуқааш талоқи зани ҷавону зебояшро дод.
Ҳайронам, ки замин чӣ хел Шаҳлою Нуъмон барин одамони касофату зинокорро мебардошта бошад. Шаҳло-ку зан аст, "ақли зан дар лаби рӯймолаш" мегӯянд, вале Нуъмонро чӣ ҷин зада бошад, ки бистари ҳалолу поки акаашро ҳаром карда, бо янгааш зинокорӣ мекунад?! Дилам ба Фарҳод месӯзад. Охир, вай бечора хиёнати дутарафа дида истодааст, ҳам аз зан ва ҳам аз фарзанди падараш. Дилам мехоҳад ба Фарҳод занг зада, буду шуди гапро гӯям, то ҷазои зану бародари хоинашро диҳад, вале ҳамсарам «мардак, барои чӣ сари беғавғои худро зери ғавғо мемонед?! Фардои қиёмат ҳар кас ҷавоби тамоми гуноҳҳои худро худаш медиҳад»,-гуфта, сади роҳам гашта истодааст.
Аз ҳамин хотир, ба сомонаи Оила муроҷиат намудам, то аз хонандагони зиндагидидааш кӯмак пурсам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед! Фарҳодро аз хиёнати зан ва бародараш бохабар созам ё не?
Асадхон, муштарии сомонаи Oila.tj