Arzon march 2024
ДНК: 9-фарзанди Қаҳор аз марди ҳамсоя будааст
12316

 

Омина шавҳарашро 20 соли дароз аҳмақ карда мегашт, вале оқибат сирраш фош шуду...

 Дар ҷустуҷӯйи рӯзӣ

Қаҳҳор қатори дигар ҷавонмардони тоҷик ба Русия мардикорӣ рафт, то шароити зиндагиашро беҳтар созад. Аввалҳо вай ҳамроҳи як гурӯҳ ҳамдеҳагонаш дар шаҳри Маскав дар як завод кор мекард, вале баъдан ҳалолкориву поквиҷдониашро дида, роҳбари корхона ӯро ба як рафиқи наздикаш, ки барои хонаи берун аз шаҳраш посбон меҷуст, тавсия дод. Рӯзи дигар генерал Қаҳҳорро ба утоқаш даъват намуда пешниҳодашро гуфт. Ваъдаи маоши хуб ва ҷои хобу хӯроки бепулро шунида Қаҳҳор дарҳол розигӣ дод, зеро то он дам нисфи пулаш сарфи иҷорапулӣ ва хӯрока мегашт. Ин ҷавонмарди сарфакор мехост харҷи худро камтар намуда, ба хона бештар пул фиристад, то ҳамсару фарзандонаш азоб накашанд, вале...

«Дядя Каххор»

Дар хонаи генерал вазифаи Қаҳҳор танҳо посбонии ҳавлӣ бошад ҳам, ин ҷавонмарди устухонаш бо меҳнат шахшуда аз пеши худ нигоҳубини боғро низ бар дӯш гирифта, шохаҳои нолозими дарахтонро бурид, аз пули худаш гулу буттаҳои нав оварда шинонд. Генерал баъди як моҳи ба кор гирифтани Қаҳҳор бӯстонсарояшро хабаргирӣ омада, қариб буд ҳавлиашро нашиносад, зеро ин ҷавони гулдасти тоҷик дар як муддати кӯтоҳ онро ба як гӯшаи боғи биҳишт табдил дода буд. Меҳнатдӯстии посбони нав ба генерал маъқул шуд ва музди меҳнати Қаҳҳорро аз маслиҳати кардаашон ду баробар зиёдтар дода, таъкид кард, ки аз ҳамин рӯз эътиборан вай натанҳо посбон, балки мисли як аъзои хонаводаи ӯст, чӣ мушкиле, ки дошта бошад, шарм надошта бигӯяд, вай албатта дар ҳаллаш дасти мадад дароз менамояд. Оҳиста-оҳиста фарзандони генерал низ бо Қаҳҳор унс гирифтанд ва ӯро «Дядя Каххор» меномидагӣ шуданд.

Хӯҷаин ё падари маънавӣ?

Ҳамин тавр Қаҳҳор дар хонаи генерал қариб 20 сол кор карда, тамоман одами худӣ шуда монд. Генерал соле як маротиба ё дар ду сол як бор ӯро ба хонааш дамгирӣ мефиристод. Зани генерал барои ҳамсару фарзандони Қаҳҳор туҳфаҳои бисёре харида сумкаҳои ӯро пур мекард, генерал бошад, посбони аз писар азизтарашро шахсан худаш ба фурудгоҳ бурда ба тайёра мешинонд ва таъкид мекард, ки мабодо дар Ватан ягон мушкилӣ пайдо шуда бошад, занг занад, вай ба ӯ боз пул мефиристад.

Шавҳари меҳрубон

Зану фарзандонаш ҷайби пур аз пул ва сумкаҳои пурбори Қаҳҳорро дида аз хурсандӣ курта-курта гӯшт мегирифтанд. Баробари ба Ватан расидан Қаҳҳор маърака ороста ба ҳаққу ҳамсояҳо ва хешу табор ба шарафи бозгашташ зиёфат медод, баъд зану кӯдаконашро ба бозор бурда, гули чизро харида медод. Ба шарофати пулҳои генерал ҳамсари деҳотии Қаҳҳор мисли бойхотунҳо либос пӯшида, гӯшу гардану ангуштонаш дар бадали ин бист сол ба қавли кампиракон тиллопеч шуданд. Қаҳҳор дар бадали ин солҳо бо дастгирии генерал, ки ба ӯ мисли падар ғамхору меҳрубон буд, хонаҳои пастаки аз волидонаш мерос мондаро вайрон карда, дар ҷойи он ҳавлии боҳашамати қасрмонанде сохт. Хонаи навсохти Қаҳҳор сеошёна буда, 16 дар хона ва ду меҳмонхонаи калон дошт. Тамоми ҳуҷраҳоро қолинҳои гаронбаҳои эронию мебелу роҳаткурсиҳои шоҳона зебу зиннат медоданд. Ин марди меҳнатӣ ба хотири солимии фарзандонаш таҳхонаи биноро ба спорт-зал табдил дод, то кӯдаконаш ҳар рӯз дар хонаи худашон бемалол машқ карда, худро ҷисман обутоб диҳанд.

Қаҳҳор ҳамагӣ бист рӯз ё як моҳ истода боз ба Русия бар мегашт, вале дар ин муддати кӯтоҳ ҳамсараш дарҳол ҳомиладор шуда, оилааш торафт калонтар шудан мегирифт. Ин марди бехабар аз макри зан, аз додаи Парвардигор хурсанд буд ва Худоро шукр мегуфт, ки ба ӯ солдармиён як фарзанди гул барин зеборо ҳадя месозад, аммо...

Туҳмат

Қаҳҳор боз барои боздиди зану фарзандонаш ба Ватан омад, вале аз байн як ҳафта нагузашта генерал ба ӯ занг зад. Аз чӣ бошад, ки табъи хӯҷаин ин дафъа хира менамуд. Вай ҳатто салому алейкро нася гузошта бо оҳанги омирона ба Қаҳҳор супориш дод, ки худи пагоҳ худро дар Маскав бигирад. Қаҳҳор аз муомилаи сарди генерал дар ҳайрат афтида бошад ҳам, худи ҳамон рӯз чипта харид ва субҳи рӯзи дигар ба Русия парвоз кард.

Ин дафъа ӯро дар фурудгоҳ на генерал, балки танҳо ронандааш пешвоз гирифт ва чизе нагуфта ба мошин шинонду рост ба бӯстонсаро бурд. Хӯҷаин бо ӯ сардакак вохӯрӣ карда, сипас ба сари мақсад омад:

– Ман туро мисли фарзанди худам дӯст медоштам ва барои ту чизеро дареғ намедоштам, вале сахт хато кардам....


Мо шабу рӯз тариқи ИМО суҳбат мекардем ва ман ҳеҷ бовар кардан намехостам, ки бо ин ҳама меҳрубониҳои ман Ҳилола метавонад ба роҳи хиёнату бевафоӣ қадам гузорад, аммо...

 


– Ростӣ, чизеро нафаҳмидам, агар бемалол бошад, ошкортар гап занед. Магар ман ягон гуноҳ кардам?-пурсид Қаҳҳор музтар шуда.

– Боз шарм надошта «магар ман ягон гуноҳ кардам?» мегӯӣ-а?!-Хӯҷаин аз ғазаб меларзид.

Баъд маълум шуд, ки духтари генерал Аня аз касе ҳомиладор шудааст. Вақте ки падараш ӯро тергав мекунад, ки падари тифли батнаш кист, Аня номи Қаҳҳорро ба забон меорад ва хун ба сари генерал зада, худи ҳамон лаҳза ба посбон телефон карда, бозгашташро тақозо менамояд. Қаҳҳор бо тамоми муқаддасоти олам қасам хӯрд, ки вай Аняро мисли фарзанди худаш медонад ва ба ӯ ҳеҷ гоҳ бо чашми бад нанигаристааст, аммо генерал ба гапаш бовар накард.

Ҳақиқат рӯйи об баромад, вале...

Моҷарои ҳомиладории духтари генерал қариб шаш моҳ тул кашида, билохира Аня писарча таваллуд кард. Бо супориши генерал табибон ДНК гузарониданд, то гуноҳи Қаҳҳорро исбот намоянд, вале ташхис нишон дод, ки посбони тоҷик ба ин тифли навзод ягон алоқамандӣ надорад. Аня исбот шудани дурӯғашро дида, пеши пойи падараш афтид ва зориву тавалло намуд, ки аз гуноҳаш гузарад. Генерал дар назди духтараш шарт гузошта гуфт:

– Ту як одами бегуноҳро туҳмат карда, чанд моҳ руҳан ранҷу азоб додӣ. Ман танҳо дар он ҳолат туро мебахшам, ки Қаҳҳор аз гуноҳат гузарад! Дониста мон, агар ӯ туро набахшад, ман ҳам туро ҳаргиз намебахшам! Дигар дар хонаи ман барои ту ҷой нест. Кӯдакатро бигиру ба куҷое, ки меравӣ, баромада рав!

(Идомааашро фардо соати 15-00 интизор шавед)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД