Sebiston new 2024 october
Зодрӯзи Озода Раҳмон – сиёсатмадори қавӣ ва зани боиффати тоҷик
4501

 

Имрӯз Озода Раҳмон - Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва духтари нахустини сарвари кишвар зодрӯз дорад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардуми кишвар Озода Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори қавӣ ва зани боиффати асили тоҷик тавсиф мекунанд.

Раҳмон Озода Эмомалӣ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ИМА буда, дар вазифаҳои атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка, сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Раҳмон Озода Эмомалӣ дар ҳимояи манфиатҳо ва мавқеи кишвар дар рафти вохӯрию мулоқотҳо бо намояндагони баландпояи давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва такони нав бахшидан ба муносибатҳои консулии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.
Қобили қайд аст, ки маҳз дар давраи фаъолияти Раҳмон Озода Эмомалӣ дар низоми Вазорати корҳои хориҷӣ бо ибтикор ва роҳбарии ӯ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолаияти консулӣ такмил гардиданд. Аз ҷумла, дар ин давра «Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ», «Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии маълумот ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуданд, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси Раҳмон Озода Эмомалӣ шиносномаҳои биометрӣ ва кортҳои идентификатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардида, тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст.
Саҳми Раҳмон Озода Эмомалӣ дар амалӣ намудани иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат, ки боиси боз ҳам боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мегардад, тавсеа ёфтани муносибатҳои дипломатӣ хеле назаррас мебошад.

Ахиран ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар натиҷаи гузаронидани як назарпурсӣ Озода Раҳмонро шомили 10 чеҳраи таъсиргузори соли 2019 эълон кард. Ин рейтингро “Тоҷикистон” ҳамасола баргузор мекунад.

 

https://tajikistantimes.com/tajikistan/10-gonai-soli-2019-kiҳo-dar-rejtingi-toҷikiston-roҳ-yoftand/

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД