arzon replenishment
Ба савдогари бозори корвон ошиқ шудаму...
09.10.2019
Манижа
8492

Ба бозори «Корвон» либосхарӣ рафта, ба доми ишқи як ҷавони савдогар афтодам.

Вақте ки либоси мувофиқро интихоб карда, ҳисобӣ намудам, фурӯшанда “ҷони ширин, ин рақамҳои ман аст, бегоҳ зангатро интизор мешавам, албатта телефон кун» гуфта, коғазчаеро ба дастам дода табассум намуд. Аз шарм лола барин суп-сурх шуда бошам ҳам, коғазчаро гирифтам ва ҳамон бегоҳ занг задам. Гӯширо зане бардошт. Чизе нагуфта телефонро хомӯш кардам. Дертар худи савдогари ошноям, ки Фаррух ном дошт, занг зад. Ҳамон шаб то саҳар ҳарду чақ-чақ кардем. Фаррух бо ширинзабонӣ диламро ба даст оварда, маро ошиқи зори худ гардонд. Ба назарам чунин менамуд, ки ӯро солҳои сол мешиносам. Фаррух ваъда дода буд, ки маро ба занӣ мегирад, вале баъдтар занг намезадагӣ шуда монд. Занг занам, гӯшакро намебардошт, СМС нависам, ҷавоб намегардонд. Тоқатам тоқ шуду рӯзе ба бозор ба суроғаш рафтам. Дар ҷояш як зан нишаста буд. Пурсидам, ки Фаррух куҷост. Зан, ки мдари Фаррух будааст, доду вой бардошта, қиёматро қоим кард. Одамони зиёде моро ҳалқа намуда, кинои бе пул тамошо мекарданд. “Тирмизак, ту ба Фаррух чӣ мешӣ, ки бачаи маро кофтанӣ омадӣ?! Фоҳишаҳои бесоҳиб, аз дасти шумоён бачаи бечораамро хонадор кардам, то дигар клей барин начаспед, лекин ҳоло ҳам рӯз надорам. Мемонед, ки писарам бо занаш осуда зиндагӣ кунад ё не?! Худоё, чаро духтарҳои инзамона ин қадар бешарму беҳаё бошанд-а?! Дар вақташ мо ҳам духтар будем, лекин аз паси бачаҳо намедавидем. Аз сад бачаи талабгор яктоаш ғолиб омада, духтареро ба занӣ мегирифт. Фаррух бо занаш дар хориҷа, дигар сари писарамро гаранг накарда ягон бачаи дигарро ёбу шӯ карда рав…” девонавор аррос мезад модари Фаррух.

 


Пурсидани майли келиншаванда воҷиб аст гӯён, Гулнозро ба назди хостгорон даъват карда, розигиашро пурсиданд.

wOhwV6CbceWhsJgMCABqMSvZQ0yM9rn4PDNVXOC0



Ҳарчанд мефаҳмондам, ки байни мо ягон муносибати бешармона набуд, он зани бетамиз маро шунидан нахоста, ҳар чӣ аз даҳонаш барояд, гуфтан мегирифт.
Ҳамин тавр он зани синну солаш ба ҷое расида аз пашша фил сохта, маро дар байни мардуми бозор шарманда кард. Ба хона омада ба он рӯзе, ки бо Фаррух шинос шудам, лаънат хондам. Шабу рӯз Фаррухро дуои бад мекунам, ки илоҳо мисли ман шармандаи бозор гардад.
Манижа, сокини ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД