Arzon march 2024
"Сауна" рафта, сузок шудам
2344

Ҳамом равӣ, касали сӯзок мешавӣ?

Шавҳарам ба ҷону ҳолам намонда «занакҷон, биё ҳардуямон ба ҳамом равем» мегӯяд, вале ман аз даромадан ба ҳамому ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ ҳарос дорам. Метарсам, ки ба ягон касалии гузаранда гирифтор нашавам. Мехоҳам донам, ки бемориҳои винерикӣ аз ҳамому ҳоҷатхона ҳам мегузаранд ё не?

Гулнигор, н. Ҳисор.

Посухи Саидҷон Нодирӣ:
Ҳангоми истифодаи ҳоҷҷатхонаҳои ҷамъиятӣ баданатон ба нишастҳои ҳоҷатбарорӣ нарасад, хавфи сироят кардани бемории венерикӣ ба шумо тањдид наменамояд. Ҳангоми шустушӯй дар ҳаммомҳои ҷамъиятӣ бо худ ҳатман сачоқ гиред, то зимни зарурати нишаста шустушӯӣ кардан онро густурда дар болояш нишинед. 


Қаблан шахси гирифтори бемории венерики дар ҳаммом шустушӯй карда бошад, ин беморӣ ба одамони баъди ӯ ба ҳамом даромада сироят карда метавонад. Маъмултарини бемории сирояткунанде, ки ба шахсони солим аз ҳаммомҳои ҷамъиятӣ мегузарад, трихомоноз мебошад. Ин касалӣ табобати тӯлонӣ металабад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД