Arzon march 2024
Зани рус асалаку зани тоҷик барзагов?
10342

 

Дирӯз ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ дар яке аз ошхонаҳои маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сӯҳбати ду мардро шунидам.

Аз мазмуни гапашон аён буд, ки ҳарду ба қавли маъруф “росиян” ҳастанд ва ба наздикӣ аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд. Яке бо ҳавас нақл мекард:

"Ман дар Русия зани рус дорам. Бисёр духтари меҳрубонай, ай хдш дида бисёртар мара нигоҳубин мекна. Вақте ки бегоҳи ай кор хаставу афгор ба хонара медром “ты пришел мой сладкий, любимы” гуфта, оғӯш мекушояд” Баъди ин хел гапо чи хел ман ба ӯ ошиқ нашавам...”

Марди дуюмӣ низ суханони рафиқашро қувват дода, мегуфт:

“Рост мегӣ ҷӯра, духтарои урус асалаканд. Ҳар боре, ки Светаи ман ба ман нигариста “ты смысл моей жизни, моя сыла, моё счастье”-мегӯяд, ҷонам ба рақс меояд. Суханонашро аллакай ёд кардам, чунки аз дар медаром: “мой любимый, устал наверно, нам надо с начало покушать а потом отдыхат" мегаву дастоша ба гарданум ҳалқа карда, чунон ҷойгаҳамро гарм мекунад, ки ту напурсу ман нагӯям. Хдш либосома кашида бо забонширинӣ "вана" медрора, дасту рума мешува, бо сачоқ қоқ мекна, да ҳар як суханш фақат меҳрубонияй, бад ман ин хел духара ҷонма фидош накнм кира кнм.

Ҳамин тавр сӯҳбати ҷӯраҳо қур гирифт ва марди аввалӣ ба шиква кардан аз зани тоҷикаш гузашта гуфт:

“Медонӣ ҷура, ҳамиқа аламум мекна ба и гапу рафтори занм, як моҳ шидаст ай Расия омаданма ай даҳани и "барзагов" (ҳамсари тоҷикашро дар назар дорад) ягон гапи хуб нашнидам, ягон сухани хубу хуш надора, меҳрубонӣ карда наметона, ҷонм сатқаи Ирина, ба худо сахт ёдш кардам, насиб боша ба охири моҳа бо мерам пешуш, як сухани "мой дорогой" гуфтанша ба садта зани тоҷик наметим..."

Ростӣ, намедонам боз чанд соати дигар онҳо занҳои русро бо занҳои тоҷик муқоиса карданд, зеро баъди хӯрдани хӯрок ман тарки ошхона намудам, аммо аз сӯҳбати он ду мард ба хулосае омадам, ки дар ҳақиқат баъзе занҳои мо бо шавҳаронашон муомилаи сард доранд. Мардҳо низ мисли занҳо ниёз ба навозишу меҳрубонӣ доранд ва вақте ки аз ҳамсарашон сухани ширину меҳру муҳаббат намебинанд, меҳрубониро дар ҷойи дигар, дар оғӯши занҳои бегона меҷӯянд. Аз ҳамаи модарону хоҳарон, маҳз аз занҳое, ки шавҳар доранд, хоҳиш менамоям, ки бо ҳамсарони худ муомилаи хуш намуда, ҳар қадаре метавонанд онҳоро навозишу меҳрубонӣ намоянд, то ки мардони тоҷик оила ва зану фарзандони худро фаромӯш намуда, оғӯши занҳои русро аз ҳама ганҷи ҷаҳон авлотар надонанд. Наход, ки шумо мисли духтарҳои рус мардро навозиш карда натавонед?!


Кампири тоҷик духтари русро мусулмон кард


Р/С

Аз идора

Бисёр таассуфовар аст, ки имрӯз марди тоҷик зани русро асалаку зани тоҷикашро “барзагов” мехонад! Шояд дар ҳақиқат занҳои рус бо забон мардро ба қавле лесида, суханони ширини зиёде мегуфта бошанд, аммо ҳамагон хуб медонанд, ки навозишу меҳрубонии Иринаю Светаю Маша танҳо дар забон аст. Вафодориро аз ин қавм интизор шудан амрест маҳол, ҳамин ки пулҳои марди муҳоҷири тоҷик тамом шуданд ё ба сараш ягон фалокати дигар омада, нодаркор шуда монд, ана ҳамон Света ё Иринае, ки “мой сладкий, любимы” гӯён, ӯро ба ванна дароварда, оббозӣ медоронд ва пову дасту рӯяшро бо сачоқ пок мекард, бераҳмона ба пушташ ду лагад зада, мисли саги дайду (барои дағалӣ узр мепурсам) аз дараш меронад.


МОҲРУХСОР, МУҲОҶИРЗАН: БАХТИ СИЁҲАМ МАРО БА РУСИЯ ОВАРД


Зани тоҷик чӣ? Воқеан, аксари занҳои тоҷик ҳунари мисли занҳои рус мардро бо нозу ишва ва навозишу меҳрубонӣ асири худ гардонданро надоранд, зеро онҳоро аз кӯдакӣ ба таври дигар тарбият намудаанд. Духтари тоҷик пеш аз ба шавҳар баромадан оғӯши чанд марди дигарро гарм накардааст, ки навозишу меҳрубониро омӯзад. Дар бистари хоб зани тоҷик мардро обу адо карда наметавонад, аммо ин зани вафодору покдомон ба ҳама пастию сахтиҳои зиндагӣ тоқат мекунад. Зани тоҷик мисли занҳои таннози рус атри фаронсавӣ намезанад, бо мӯди охирин либос намепӯшад, ҳар рӯз дар ба дари машшотаҳо давида, чашму лабу рӯяшро орову торо намедиҳад, зеро барои ин корҳо на вақт дорад ва на маблағ. Дар пой як калӯши дарида ва дар тан куртаи нимдошти арзонбаҳо зани тоҷик аз субҳ то шом хизмати хусуру хушдоман, хоҳаршӯю додаршӯй ва дигар хешу табори шавҳарро карда, як умр аз паси кору бори хона ва тарбияи фарзандонаш овора аст. Яхдони зани тоҷик ҳамеша пур аз ҳасибу гӯшт ва тухми моҳию шириниҳои гарнбаҳо нест. Ин зан, хоса зани деҳотии тоҷик кайҳо ба чою чаппотӣ одат кардааст ва дегаш моҳҳо рӯйи гӯшту тухмро набинад ҳам, ҳеҷ гоҳ аз гиребони шавҳараш намегирад, ки ту чи хел мардӣ. Магар подоши ин ҳама меҳнату заҳмат ва вафодорию сарпасти зани тоҷик ҳамин аст, ки имрӯз “барзагов”-аш хонанд?

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД