arzon replenishment
Алиҷони муҳоҷир: Зани қишлоқиамро бо зани рус иваз кунам?
6098

Шумораи мардони тоҷик, ки ба Русия мардикорӣ рафта, зани рус мегиранд, сол то сол меафзояд.

Яке худро сафед карда мегӯяд, аз ночорӣ зани рус гирифтааст, то иҷорапулӣ надиҳад, дигарӣ ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии Русия дар ин кишвар расман издивоҷ мекунад, саввумӣ бо дидани пойҳои урёну лабҳои мисли гул сурхи хонумҳои таннози рус зану фарзанд ва хонаву дарашро аз ёд мебарад. Алиҷони низ муҳҷир аст. Ӯ дар шаҳри Маскав кору зиндагӣ мекунад ва ниёз ба маслиҳати шумо дорад. Хоҳишмандем баъди хондани мавод ҳатман шарҳи худро дар зери он нависед!

Салом! Ман Алиҷон, муҳоҷир аз шаҳри Маскав. Мехоҳам аз хонандагони сомонаи Оила маслиҳат бипурсам.
Гап дар сари он аст, ки ман занамро дӯст намедорам. Дар вақташ падару модарам “духтараки зебои қобилу чаққонак аст” гӯён, таърифу тавсифкунон Аноргулро ба ман гирифта доданд, вале баъди тӯй фаҳмидам, ки арӯси ёфтаашон як духтари безеби беҳунар будааст. Аноргул “шавҳари шаҳрӣ мекунам” гуфта, то рӯзи тӯямон дар байни ҳамдеҳагонаш фахр карда мегаштааст, вақте баъди тӯй хислату рафторашро дида ба ҳамдигар муносиб набуданамонро гуфтам, ашк дар чашмонаш ҳалқа зада, зорӣ кард: “”Майлаш, зани ба табъи дилатон бигиред, лекин аз ман ҷудо нашавед, ки шарманда мешавам. Маро талоқ надиҳед, то мурданам дар ҳамин хона хизмати падару модаратонро карда мегардам!”
Азбаски ба Русия рафта меомадаму дар он ҷо зани рус доштам, розӣ шудам, ки Аноргул дар хонаамон зиста хизмати волидонамро кунад, вале чанде пас ин арӯси хаппак забон баровард. Рӯзе барои хӯрокро дер пухтанаш ӯро каме маломат кардам, Аноргул инони гиряро сар дода “хӯрок баҳона аст, махсус айбу гуноҳи маро мекобӣ, то ҷавобамро дода ба назди беваат равӣ. Телефонатро кофта суратҳояшро тамошо кардам. Шарм надошта як беваи зарди маймунро оғӯш карда акс гирифтаӣ.

Дили сардухтури беморхона ба ҳоли ин оилаи ҷавон сӯхта, онҳоро дар сардхонаи бемористон ҷой дод, аммо...

Ман аз кӣ камам, ки аз паси ҳамон уруси ҳаром мегардӣ?!” гуфта, шӯру валвала бардошт. Сари қаҳру ғазаб ӯро чанд мушт зада, таъкид намудам, ки агар боз як бори дигар ба телефонам расад, рӯзашро чун шаби тор сиёҳ мекунам. Шояд хонандагони азиз маро маломат намоянд, ки барои як духтари рус шуда ба сари зани поку ҳалолу никоҳии худ даст бардоштаам. Ҳамсарам Аноргул духтари ширинзабону дилёб мебуд ва ба худаш аҳамият медод, шояд баъди хонадоршавӣ ман дигар ёди Аня намекардам, вале чи кунам, ки дилам ҳеҷ ба ин арӯси чиркинак моил намешавад. Занам ба худаш ягон зарра аҳамият намедиҳад, бо ҳамон як либос оғил мерӯбад, кору бори хонаро мекунад ва боз бо ҳамон либос ба бистари хоб медарояд. Кадом мард мехоҳад ба оғӯши чунин зани бадбӯй дарояд?! Ҳарчанд кӯшиш мекунам, ки Аноргулро роҳи равиши шавҳардорӣ омӯзам, намешавад. Сари ҳар қадам онҳоро бо ҳамдигар муқоиса карда ба хулосае меомадам, ки Аноргули чиркинак ба нохуни пойи Аня намеарзад. Барои дигар рӯйи зани ифлосакамро надидан боз роҳи Русияро пеш гирифтам ва ҳоло дар мулки рус бо Аня зиндагии хушбахтона дорам. Гоҳ-гоҳ зани қишлоқиам ба ёдам мерасаду боз ҳамон саволи асабхаробкунанда дар майнаам давр мезанад: Ман то ба кай ба хотири падару модарам занеро, ки ғашамро меорад, дар хонаам чун ҳамсар нигоҳ медорам? Дилам мехоҳад, ки ҷавоби занамро дода, ҳамсари русамро ба хонаамон барам, вале аз гапу калочаи ҳамсояву хешонам метарсам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Алиҷон, аз шаҳри Маскав

Поделиться новостью
Шарҳ
(12)
Лутфия 2019-10-13, 18:14
Зани точик факат тавалудкунию гайбата метонан зиндагита бо он хайвони чиркин Хайф накун касера дилат мекаша бо хамун зиндаги кун
Посух
Номдор 2019-10-13, 18:27
Чи, магар дар хонаҳо ишқ вуҷуд дорад? Вале як чиза масъулият меган, ҷавонмардӣ меган, мусалмонӣ меган. Тасаввур кун ,ки язнаат ба апаат, ё домодат ба духтарат чунин кунад, чӣ мекуни. Бовар кун бародар, ҳаму Айнияи аруст як ба ҷӯраи хдт ошиқ мешававу тра "пахол нашуй" мекна.

камола 2019-10-13, 18:34
Окибат хор мешави ту барои Аня ифлосак мешави хает дар пеш
Посух
Мард 2019-10-13, 19:32
Аввал худат мард шаву дар хонаат шароит мухайё кун, термекс мону дар хонаат оби гарму хунук омода кун, баъд мебини, тозагии зани точикро. Бисьёри шароит надорад, боз мегуяд занам чиркину бадбуй. У зани рус то рузе кувваю пул дори хамчун зан муомила мекунад, хамин, ки бемор шудиву бепул як лахза хамрохат намемонад
Посух
Шахло 2019-10-13, 19:47
Хайф бар ту номи ки номи мардиро бардршта гашти марди хакики хеч гох зани худро паст намезанад.
Посух
Моҳбегим 2019-10-13, 21:49
Марде, ки дар ҳақи зан чунин суханҳои таҳқиромез мегӯяд ӯ мард нест. Чунки ҳар як шахс дар худ обрӯю эътибор дорад. Фикр накарда бесаводиатро тариқи шабакаи иҷтимоӣ исбот кардӣ. Зан- чароғи хонадон аст. Ақалан худат андеша накарди, ки дар бораи занат чӣ гуна суханҳо гуфтанат лозим аст. то ба шахсияти ӯ нарасад." Чиркинаку бӯйгинак"- ро ту мард мебуди имконият медодӣ ӯ низ ба худ аҳамият медод. Нисбати ӯ меҳрубонӣ мекардӣ суханҳои хуб дар ҳақаш мегуфтӣ Аноргул мисли гул мешуд. Дигар ин ки 5 ангушт як хел намешавад. Зани рустоӣ меҳнаткаш аст, кори русто аз шаҳр фарқ мекунад. Аноргул ба падару модарат хизмат карда истодааст, инро фикр намекунӣ?Ҳурмати эҳтироми ӯро ба ҷо овардан лозим. Шахси маданӣ ҳеҷ вақт дар шабакаҳои иҷтитоӣ дар ҳақи зан чунин ҳарф намезанад, айб аст. Модоме, ки бо Аня никоҳ кардӣ, чаро дар бораи зани тоҷик гирифтанат фикр накардӣ? Ҳаёти духтар тоҷикро сӯзондан магар ин мардонагист? Сабаби бероҳгарии қисми аз занҳо ва духтарони тоҷик шумо барин мардҳо мегардед. Аз тамоми мардони тоҷик хоҳиш менамоем, ки ба қадри зан- модар расидан даркор.
Посух
Беном 2019-10-14, 07:30
Падарлаьнати беномуси даюс бдай ами сагера Аличони кии бра оли бин Аня дар сари ячи марди дига шиштаги навозиш дора беномус т чихели мардаки дар ича праблемаи оилавиатро то чогаи хобат накл кардестай гумша харом муср блят садкаи духтари точик шави. нодида яке дид меган рид т амуви аку
Посух
Мард 2019-10-14, 17:44
Э бародар коре бикун ки баъд пушаймони суд надора!гумш кун руси шайтона аз мусалмон даст накаш бе дину бе мазхаб мемони, занатро тарбия кун хамаш нагз мешавад!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД