Солҳои охир филмҳои истеҳсоли Корея дар кишвари мо маҳбубияти зиёде пайдо карда истодаанд. Шумораи мухлисони филмҳои кореягӣ торафт меафзояд. Бо хоҳиши хонандагони сершумори ҳафтаномаи “Оила” имрӯз мо дар бораи яке аз ҳунармандони ҷавон ва шуҳратёри Кореяи ҷанубӣ Ли Мин Хо маълумот медиҳем.
Даричаи ошноӣ:
Ном: Ли Мин Хо.
Санаи таваллуд: 22-юми июни 1987.
Мучал: Саратон.
Сину сол: 30-сола.
Макони таваллуд: Сеул, Кореяи ҷанубӣ.
Касб: Ҳунарпеша, модел, сароянда.
Вазъи оилавӣ: муҷаррад.
Ошиқи футбол
Ли 22-юми июни соли 1987 дар Сеул ба дунё омадааст. Падару модараш мегӯянд, Ли аз кӯдакӣ тифлаки серҳаракату доно буд ва пеш аз апааш гапзаниро ёд гирифт. Бо ин ҳама волидон ҳатто тасаввур карда наметавонистанд, ки рӯзе писари онҳо ҳунарпеша мешавад. Чунки Ли бачаи доно бошад ҳам, бисёр шармгин буд ва ҳатто дар баромадҳои саҳнавии боғча бо як азоб ширкат мекард.
Ли мисли аксари писарбачаҳои кореягӣ ба таеквандо ва футбол ошиқ буда, ҳатто ба лигаи футболбозони наврас дохил шуд, то ки футболбози касбӣ шавад, аммо тақдир ӯро бо роҳи дигар бурд. Ҳангоми яке аз бозиҳо вай аз пояш сахт захмӣ гашт. Ҳамин нокомӣ дар спорт боис гашт, ки Ли Мин Хо орзуи футболро аз сар дур созад...
Аз 45 доллар то 100 миллион
Ҳангоми таҳсил дар мактаб ин ҷавони зебою қоматбаланд диққати менеҷеронеро, ки дар ҷустуҷӯӣ ҷавонони бомаҳорат буданд ба худ ҷалб кард. Ли аз офарандагони зебоӣ ҳамарӯза пешниҳодҳои нав ба нав мегирифт. Тоҷирони мӯд ва коргардонҳои синамо ба ин ҷавони чеҳрахандон шуҳрати осмонӣ ваъда мекарданд. Волидонаш боварӣ надоштанд, ки аз писари онҳо модел ё ҳунарпешаи синамо мебарояд, аз ин хотир даст афшонда ба Ли маслиҳат медоданд, ки ба ин гапҳои хушку холӣ дода нашавад, аммо ин ваъдаҳо дар дили наврас ҳаваси актёр шуданро бедор карданд ва барои бахти худро санҷидан кам-кам ба студияҳо мерафтагӣ шуд. Ҳамин тариқ Ли Мин Хо бо агентии Starhaus Entertainment шартнома имзо кард. Тибқи қарордод аксҳои зебои Ли дар журнали модда чоп мешуданд. Модели ҷавон барои ҳар як рӯзи кориаш 50000 вон мегирифт, ки қариб ба $ 45 баробар буд. Ли ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки корро аз $ 45 сар карда, рӯзе миллионер мешавад ва миллионҳо долларро ба ятимону камбизоатон хайр мекунад, аммо...
Ҳунарпешаи 15-сола
Пас аз хатми мактаб Ли Мин Хо ба донишкадаи хусусии Сеул –Конгук ба шӯъбаи кино ва телевизион дохил шуд. (Бояд гуфт, ки донишкадаи мазкурро бисёре аз ҳунарпешагони маъруфи Кореяи ҷанубӣ хатм кардаанд.) Фаъолияти актёриашро ин ҷавони зебо ҳанӯз аз 15- солагӣ сар карда бошад ҳам, мурғи шуҳрат танҳо соли 2006 баъди филми “Асрори қасри шоколадӣ” ба сари китфаш нишаст. Ин филм Мин Хоро ба мардуми Кореяи ҷанубӣ ҳамчун ҳунарманди ояндадор муаррифӣ намуд, сериали «Бачаҳои аз гул зеботар» бошад, Лиро дар тамоми дунё машҳуру маҳбуб гардонд...
“Шикорчии шаҳрӣ”
Соли 2014 Ли Мин Хо дар филми “Шикорчии шаҳрӣ” нақши асосиро бозид. Симои дар ин филм офаридааш баръакси нақшҳои то кунун бозидаи ин ҳунарманди ҷавон буд. Пештар Ли Мин Хоро ҳамчун актёри лирикӣ мешинохтанд, дар филми “Шикорчии шаҳрӣ” вай тамоми маҳораташро ба кор бурда, исбот кард, ки аллакай ҳамчун ҳунарманди касбӣ ба камол расидааст ва аз уҳдаи бозидани ҳама гуна нақш ба хубӣ мебарояд.
Парвози мурғи шуҳрат
Солҳои 2013-2016-ро солҳои пурмаҳсул дар фаъолияти эҷодии Ли Мин Хо бигӯем, хато намекунем, зеро дар ин муддат ӯ на танҳо дар филмҳо нақшҳои бисёр ҷолиб офарида, ҳамчун актёри олиҷаноб сафи мухлисонашро садчанд гардонд, балки сурудҳояшро низ дар ду албом пешкаши ҳаводоронаш намуд. Нақшҳои ҷолиб ва таронаҳои дилнишинаш шуҳрати Ли Мин Хоро он қадар афзун намуданд, ки унвони сафири муҳтарами Бозиҳои Олимпии зимистонаи 2018-ро соҳиб гашт. Акнун Ли Мин Хо на танҳо ҳунарманди машҳур, балки миллионер низ буд. Ин ҷавони ҳотамдил ва дасткушод 100 миллион долларро ба Юнисеф барои кумак ба осебдидагон аз заминларзаи Непал хайр намуда, тамоми ҳампешагонашро ба ҳайрат овард. Хайрхоҳиаш Лиро ба мардум боз ҳам наздиктар карда. Пас аз чунин рафтори ҷавонмардона ҳатто душманонаш номи Ли Мин Хоро бо эҳтиром ба забон мегирифтагӣ шуданд...
Серкорӣ ишқро мекушад?
Дар авҷи фаъолияти ҳунариаш, аввалҳои соли 2011 байни Ли Мин Хо ва актрисаи ҷавон Пак Мин Хе, ки дар филми “Шикорчии шаҳрӣ” ҳамроҳаш нақш мебозид, муносибатҳои ошиқона оғоз ёфт, аммо ин ҷуфти зебо ҳамагӣ як сол бо ҳам буданд. Онҳо бе ягон ҷангу ҷанҷол ва гилаву озор ҷудо шуда, ба якдигар бахти сафед хостанд. Сабаби аз ҳам ҷудо шуданашонро ошиқон дар серкорӣ маънидод карда гуфтаанд, ки ҳарду банди лоиҳа ва филмҳои нав ба нав ҳастанду барои бо ҳам будан вақт намеёбанд.
Тӯй мешавад ё...?
Аз баҳори 2015 инҷониб Ли Мин Хо ба ҳунарпеша ва сарояндаи соҳибҷамол Пе Су Ҷи ошиқ аст. Ҳар сари чанд вақт дар матбуот хабарҳо паҳн мегаштанд, ки ин ҷуфти зебо аз ҳам ҷудо шудаанд, аммо дертар маълум гашт, ки бинои ишқи Ли ва Пе Су Ҷи устувор аст. Барои рад кардани овозаҳои бе асос ин ҷуфти ошиқ рӯзи сеюми апрел ба шарофати солгарди навбатии муносибатҳои ошиқонаашон базми пуршукуҳе ташкил карда, бо ҳамин роҳ даҳони ғайбатчиҳоро бастанд. Акнун дар матбуоти даврӣ ҳамарӯза хабарҳо дар бораи ба наздикӣ барпо гардидани тӯйи арӯсии ин кабутарони ошиқ паҳн мешаванд ва ҳатто дар байни мардум овозае ҳаст, ки Пен Су ҳомила аст. Ин овоза то куҷо ҳақиқат дорад, маълум нест, аммо Ли Мин Хо дар суҳбат бо журналистон гуфтааст, ки пас аз тӯй ҳамсараш барои ӯ дӯсти аз ҳама наздиктарин ва ягона шахсе хоҳад гашт, ки тамоми розҳои ниҳонашро ба ӯ мекушояд.
Шаҳло Ниёзова