Сиёсатмадори фаронсавӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Фаронса Франк Ристери 46-сола мубталои “коронавирус” шудааст. Ӯ ҳафтаи гузашта давоми чанд рӯз дар як ҷамъомади миллӣ иштирок дошт, ки онҷо нафарони ба “коронавирус” мубталогашта низ ҳузур доштанд.
Гуфта мешавад, ки вазир ба ин вирус дар ҳамон ҷамъомад сироят ёфтааст. “Баъди дар вазир пайдо кардани нишонаҳои беморӣ, ӯ хуб санҷида шуд. Ҳоло ӯро давоми ду ҳафта ба рухсатӣ фиристоданд. Бемориаш он қадар ҷиддӣ нест ва зукоми хурдро мемонад”,-менависад, хабаргузории “Европейская правда”. Франк Ристер дар ҷаҳон ягона мансабдоре нест, ки ба “коронавирус” мубтало гашта бошад. Қаблан чанд мақомдори баландпояи Эрон низ ба ин вирус гирифтор ва фавтида буданд.
КОРОНАВИРУС: МАЪЛУМОТҲОИ ОХИР ДАР ҶАҲОН
Франк Ристер зодаи шаҳри Парижи Фаронса буда, аз соли 2018 инҷониб дар мақоми вазири фарҳанг кор мекунад. Ин дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Фаронса бо тавсиби қароре ҳамаи чорабинӣ ва барномаҳои консертиро ба таъхир гузошт. Қарор буд, ки Мадонна, овозхони амрикоӣ давоми ду рӯз, 10 ва 11-уми моҳи марти имсол дар шаҳри Париж барномаи консертӣ баргузор намояд, аммо бинобар хуруҷи “коронавирус” консерт ба таъхир гузошта шуд. Овозхони рус Олга Бузова сар аз моҳи декабри соли гузашта ният карда буд, ки ба консерти овозхони дӯстдоштаи худ Мадонна ба Фаронса сафар мекунад. Мутаассифона, консерт лағв ва сафари Бузова низ ба таъхир афтод. Бузова дар саҳифаи Инстаграми худ навиштааст, ки намехоҳад худу оилаашро ба ин вирус гирифтор кунад.