Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон, овозхони мусиқии поп Озодбек Назарбеков вазири нави фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъйин шудааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллииӮзбекистон хабар додаанд.
Озодбек Назарбеков то ин дам дар вазифаи муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон кор мекард ва санаи 22-юми январи соли ҷорӣ дар пайи як тағйироти кадрӣ вазири фарҳанги кишвараш таъйин шудааст. Бахтиёр Сайфуллоев, вазири пешини фарҳанги Ӯзбекистон аз мақомаш барканор ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, фарҳанг ва варзиши Ӯзбекистон таъйин шудааст. Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон, овозхон ва оҳангсоз Шералӣ Ҷӯраев аз оне ки ҳамкасби ӯ вазири нави фарҳанг интихоб шуд, изҳори қаноатмандӣ кардааст. «Ин қарори дуруст аст. Назарбеков душвориҳои касби моро медонаду даркамон мекунад. Озодбек дар ҳаёт бисёр ҳодисаҳоро аз сар гузаронидааст, ки ин таҷриба ба кораш кӯмак хоҳад кард»,-навиштаанд, расонаҳои Ӯзбекистон аз қавли Шералӣ Ҷӯраев. Озодбек Назарбеков 7-уми майи соли 1974 дар шаҳри Шаҳрихони вилояти Андиҷон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон ба номи Маннон Ӯйғур (2007) буда, дорандаи унвонҳои Ҳунарманди хизматнишондодаи Ӯзбекистон (2007), Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон (2010), Ҳунарманди халқии Қароқалпоқистон (2012) ва ордени «Эл-юрт ҳурматӣ» (2014) мебошад.