Ноиби Президенти Эрон оид ба корҳои занон ва оила Масумех Эбтикар ба коронавирус гирифтор шуд, иттилоъ дод оҷонсии хабарии "ИРНА".
Гуфта мешавад, ки вазъи саломатии Масумех Эбтикар яку якбора бад шуд. Бинобар ин, ӯ маҷбур аз санҷиши коронавирус гузашт. Мутаассифона, натиҷаи тест мусбат баромад, яъне Эбтикар аллакай гирифтори коронавирус шудааст.
Эбтикар Масумех яке аз чеҳраҳои намоён дар сиёсати расмии ин кишвар аст, ки аз соли 2013 дар мақоми ёвари Прездент фаъолият дорад. Айни ҳол Масумех 59 сол дорад.
Ёдовар мешавем, ки муовини вазири тандурустӣ ва ду вакили парлумони Эрон низ аз каронавирус сироят ёфтаанд. Шумораи фавтидагон аз сироятёбии ин вирус дар Эрон ба 26 нафар расида, то имрӯз 245 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.