Formula novemver 2024
Тоҷикбача аз ошёнаи 12-ум афтид
3851

Боз як ҷавони тоҷик дар мулки рус ба хуни худ оғӯшта гашта, ҷон ба сахтӣ супурд. Ин ҳодисаи даҳшатангез се рӯз қабл дар хиёбони ба номи Ломоносови шаҳри Архангелск дар як бинои сохтмонӣ ба вуқуъ пайвастааст...


Тавре ки Раёсати тафтиштии Архангелск хабар медиҳад, як марди 24-сола ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар хиёбони ба номи Ломоносови шаҳри Архангелск аз ошёнаи 12-ум ба замин афтида, дар макони ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар хабар омадааст, ки марди аз ошёнаи 12-ум афтида, муҳоҷир ва шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Дар робита ба ин ҳодиса парванда боз гашта, мақомоти тафтишотӣ то куҷо риоя шудани қоидаҳои таъмини бехатариро дар ин сохтмон месанҷанд.


БАРГАШТАНИ ТОҶИКОН АЗ ВУҲАН ТО КАДОМ АНДОЗА ХАТАРНОК АСТ?


Аз касе пӯшида нест, ки ҳар сол беш аз як миллион шаҳрвандони мо барои таъмини маишати рӯзгори хонаводаашон ба Русия мардикорӣ мераванд. Сиҳату саломат баргаштан ба назди падару модар ва аҳлу аёли худ на ба ҳар муҳоҷири меҳнатӣ муяссар мегардад. Ҳамасола аз Русия тобути сарди беш аз 1000 нафар ҷавонмардони тоҷик ба Ватан оварда мешавад. Моҷароҳои миллатгароёна, куштор ба хотири пул, интиқому қасосгирӣ, афтидан аз ошёнаҳои баланд ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ ва дигар фалокатҳо дар ҷои кор аз сабабҳои асоси марги муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия ба шумор мераванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД