Як ҷавони тоҷик бо номи Сунатулло Қосимов роботе сохтааст, ки бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гап мезанад ва ҳамзамон вазифаи дарбониро иҷро мекунад.
Ҳанӯз соли 2015 ин роботро Сунатулло ҷавонписари тоҷик ихтироъ карда буд. Роботи сохтаи Сунатулло «Автороҷ» (аввалин роботи Тоҷикистон) ном дошта, метавонад дар мактабҳо ҳамчун дарбон истода, хонандаҳои ба дарс дермондаро акс бигираду сарзаниш намояд.
Ин роботи аҷиб дар муддати як солу як моҳ сохта шуда, қобилияти роҳравӣ, сухангӯйӣ ва ба навор гирифтанро дорад. Қади робот 1 метру 60 сентиметр аст.
Барои сохтани ин роботи сухангӯй Сунатулло беш аз 2 ҳазор сомонӣ сарф карда, қисмҳои эҳтиётии мошинҳоро истифода бурдааст.
Дар Тоҷикистон ин роботро то ба ҳол пурра ба истифода надодаанд.