arzon replenishment
Тест: Оилаи шумо мустаҳкам аст?
2163

 

Ба саволҳои санҷишнома ҷавоб гуфта, шумо то кадом андоза мустаҳкам будани муносибатҳои оилавиятонро муайян карда метавонед.

Барои ҳар як ҷавоби «а» барои худ 5 хол, барои ҷавоби «б» – 0 хол гузоред. Хуб мебуд, ки марду зан дар алоҳидагӣ ба саволҳо посух гӯянд.

1. Ба фикри шумо зану шавҳар бояд ба истироҳатгоҳ якҷоя раванд?

а) Бале;   б) Не.

2. Мақсади оиладоршавӣ тавлиди фарзанд ва тарбияи онҳост?

а) Бале;   б) Не.

3. Фарзандонро ҳарчи барвақттар мустақил кардан лозим аст?

а) Бале;   б) Не.

4. Ба андешаи шумо зану мард набояд ҳама чиро ба якдигар нақл кунанд?

а) Бале;   б) Не.

5. Фарзандон бояд ҳамеша бо гапи волидон амал намоянд?

а) Бале;   б) Не.

6. Дар оилаи волидонатон якдигарфаҳмиву нишот ҳукмфармо буд?

а) Бале;   б) Не.

7. Баъди оиладоршавӣ зану шавҳар бояд шиносҳои пешинаи худро фаромӯш кунанд?

а) Бале;   б) Не.

8. Шумо шабнишинӣ ва вохӯриҳои дӯстонаро дӯст медоред?

а) Бале;   б) Не.

9. Волидон набояд ба зиндагии фарзандони болиғашон дахолат намоянд?

а) Бале;   б) Не.

10. Аз ними гап шуморо дарк намудани ҳамсафари ҳаётӣ бароятон муҳим аст?

а) Бале;   б) Не.

11. Ба фикратон кӯдакон бояд ба қадри пул расида тавонанд?

а) Бале;   б) Не.

12. Мард ва зан метавонанд шиносҳои алоҳидаи худро дошта бошанд?

а) Бале;   б) Не.

13. Волидон бояд барои фарзандони худ намунаи ибрат бошанд?

а) Бале;    б) Не.

14. Дар зиндагӣ чизи муҳимтарин вазъи хуби молиявӣ аст?

а) Бале;   б) Не.

15. Муносибати шумо бо модаратон (савол барои мард); бо падаратон (савол ба бону) хуб аст?

а) Бале;   б) Не.

16. Дар тарбияи кӯдакон сахтгир бояд буд?

а) Бале;   б) Не.

Холҳоро ҷамъ када бо натиҷаи санҷишнома шинос шавед

Фарқият 25 хол

Фарқияти ҷавобҳои шумо ва ҳамсафари ҳаётиятон 25 хол ва камтар бошад, пайванди шумо мустаҳкам аст. Умедворем, ки шумо сифатҳои беҳтарини ҳамдигарро кашф карда, рӯз ба рӯз ба якдигар наздиктар мешавед.

 


 

Мехоҳед донед, ки то кадом андоза шаттоҳ ҳастед?

 


 

Фарқият дар 30–55 хол

Фарқияти ҷавобҳои шумо 30- 55 хол бошад, ин маънои онро дорад, ки дар баъзе ҳолатҳо бо ҳам созиш карда наметавонед. Асоси муносибатҳои мустаҳкам гузашт карда тавонистан аст, агар шумо ба фикри ҳамдигар гӯш дода тавонед, муносибатҳоятон хуб мешаванд.

Фарқият 60 хол ва бештар

Фарқияти 60 хол ва бештар маънои онро дорад, ки нигоҳи шумо дар бораи зиндагӣ ва оила аз якдигар комилан фарқ дорад. Фаромӯш насозед, ки муҳаббат танҳо сайругашт ва қавлу қасамҳои ошиқона нест, нисбати якдигар ботаҳаммул бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД