Sebiston new 2024 october
Асрори зиндагии Шурик (Видео)
2036

 

Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Александр Сергеевич Демяненко.

Санаи таваллуд: 30-юми майи 1937.
Қад: 169.
Макони таваллуд: Свердловск, Русия.
Мучал: Ҷавзо.
Касб: Ҳунарманди театр ва кинои Шӯравӣ.
Унвон: Ҳунарманди мардумии РСФСР.
Замони марг: 22-юми августи 1999.
Макони марг: Санкт Петербург.
Лақаб: Шурик.

Шӯравӣ рафту монд...

Давлати абарқудрати Шӯравӣ кайҳо пош хӯрда бошад ҳам, то ба имрӯз қаҳрамонҳои меҳрубон ва то андозае хандаовари филмҳояш азизи дили хурду калон боқӣ мондаанд. Дар саросари собиқ Шӯравӣ шахсеро пайдо кардан душвор аст, ки Никулин, Шурик ва Маргуновро бо табассум ва хотироти ширин ба ёд наорад. “Бандии Кавказ” -у “Амалиёти ы ва дигар саргузаштҳои Шурик”-ро ҳар кадоми мо шояд беш аз 100 маротиба тамошо карда бошем, вале ин филмҳо ҳаргиз ба дили тамошобин намезананд, чунки ҳатто қаҳрамонҳои манфиашон мисли қаҳрамонҳои филмҳои имрӯза ҷоҳил, бадахлоқ, бераҳм ва ташнаи хун нестанд.

Имрӯз мо ба шумо дар бораи яке аз қаҳрамонҳои машҳури кинои Советӣ-Шурик маълумот медиҳем.

Падардори бе падар

Александ Демяненко дар байни тамошобинон бештар бо лақаби Шурик машҳур аст. Ин ҳунарманди асил 30-юми майи соли 1937 дар шаҳри Свердловск ба дунё омадааст. Падараш Сергей Петрович актёр буда, баъди тавлиди Александр думболи зани дигареро гирифтааст. Волидонаш расман ҷудо нашуда бошад ҳам, Алёша чун падардори бе падар калон мешуд, зеро ҳушу ёди падараш бо зани наваш банд буд. Сергей Петрович аз ҳамсари дуюмаш соҳиби як писару як духтар гашт, вале тавлиди Валодя ва Надя натавонист зану шавҳарро руҳан ба ҳам наздик созад.

Бозгашт ба назди ишқи аввал

Нозу нузи зани ҷавонаш билохира ба дили Сергей Петрович зад ва як рӯзи офтобӣ ҷомадонашро бардошта, дубора ба назди ишқи аввалаш-модари Александр баргашт. Дере нагузашта онҳо соҳиби ду духтарчаи дӯстрӯяк-Наталя ва Таня гаштанд. Модараш муҳосиб шуда кор мекарду ҳар саҳар Алёшаи зардинамӯй ҳамроҳи падараш ба театр мерафт. Муҳити эҷодӣ ва гиру дори ҳунармандон дар саҳна ба тарбияи писарак бе таъсир намонда, ӯро ошиқи театр гардонд, аммо...

Муфаттиш мешуд, агар...

Пас аз хатми мактаби миёна Александр Демяненко ба Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Свердловск дохил шуд, вале пас аз ним соли таҳсил дарк намуд, ки Худованд ӯро барои одамонро ба пушти панҷара шинондан наофаридааст. Вай донишгоҳро партофта ҳамроҳи дӯстонаш ба Маскав сафар кард ва бе ягон хел тағобозӣ ба ГИТЕС дохил шуд.

Дониши хуб дошта бошад ҳам, вай бисёр бачаи хоболуд буд ва аксар вақт ба дарсҳо ҳозир намешуд, аммо ҳамаи “гуноҳҳояш” бахшида мешуданд, зеро профессор Иосиф Раевский Александрро зиёд дӯст медошт ва ба ояндаи дурахшони Демяненко боварии комил дошт.

Роҳ ба кӯйи ҳунар

Аллакай дар курси дувуми донишгоҳ ин ҷавони соҳибистеъдодро коргардонҳои шинохта Александр Алов ва Владимир Наумов таги чашм карданд ва барои офаридани нақши Витя ба филми “Ветер” даъват намуданд. Пас аз ин Александр боз дар ду филми дигар нақш бозида, худро ҳамчун ҳунарманди боистеъдод муаррифӣ намуд...

Як филму чанд ҷоиза

Филми “Мир входяшему” Александр Демяненкоро на танҳо дар саросари давлати абарқудрати Шӯравӣ, балки дар хориҷи кишвар низ машҳуру маҳбуб гардонд. Филми мазкур дар кинофестивали Винетсия иштирок карда, якбора сазовори чанд ҷоиза гашт. Акнун харидорони ин ҳунарманди ҷавони овозадор аз мӯйи сараш бештар буданд, аммо бо ин ҳама шуҳрат Демяненко дар Маскав на хона дошт ва на маконе, ки худро дар он ҷо ба қайд гузорад. Ҳамин тавр аз соли 1959 то соли 1961 аз иҷорахона ба иҷорахона гашта, ин ҷавони соҳибистеъдод дар театри академии Москва ба номи Владимир Маяковский заҳмат мекашид ва нақшҳои ҷолибу диданӣ меофарид. Қурбонию оворагии Александр Демяненко ба хотири ҳунар шояд боз чандин соли дигар давом мекард, агар ӯро ба Ленинград барои кор дар киностудия даъват намекарданд...

Калиди бахт

Азбаски дар Москва хонаю сабти ном надошт, Александр бо хушнудӣ пешниҳоди киностудияро қабул карда, соли 1961 ба Ленинград кӯч баст ва аз ҳамон рӯз дар китоби зиндагиаш саҳифаи нав кушода шуд. Дар Ленинград ба актёри ҷавон манзили шахсӣ дода, барои тахт кардани ҳуҷҷатҳояш кӯмак расонданд.

Шурик чӣ тавр тавлид ёфт?

Ҳамон шабу рӯзҳо Леонид Гайдай барои филми наваш қаҳрамон меҷуст. Александр бахташро санҷиданӣ шуда, таваккалӣ худро дар озмун номнавис намуд. Вай ҳатто орзу намекард, ки аз байни 40 довталаб, ки дар байнашон Виталий Саломин, Александр Ленков, Евгений Жариков барин актёрҳои номдор буданд, ӯро интихоб менамоянд, вале бо амри тақдир қурраи бахт ба номаш афтида, чеҳрааш ба коргардон писанд омад.

Леонид Гайдай дар симои ин ҷавони воқеан ҳунарманд, вале аз ҳад хоксор қаҳрамони хотирмон ва дӯстдоштаниро пай бурда, нақши марказиро дар филми наваш, ки баъдан тамоми СССР-ро ба по хезонд, ба Александр Демяненко бовар намуд ва дар интихоби худ хато накард. Александр табиатан ҷавони ҷиддӣ ва камгап бошад ҳам, тавонист дар экран як қаҳрамони хандаовар, вале дилчасп офарад. Дар саросари давлати абарқудрати Шӯравӣ хурду калон ин ҷавони содадилро чунон сахт дӯст доштанд, ки номи Александр Демяненко аз ёди мардум рафта, ҳунарманди ҷавон барои ҳама Шурик шуда монд. Ин лақаб чунон ба Демяненко часпид, ки ҳатто ҳамкасбонаш ва коргардонҳо низ ӯро Шурик садо мекарданд... ...

Зинаҳои шуҳрат

Образи Шурик ба Александр шуҳрати беандоза оварда, ба дараҷае дар дили тамошобинон маскан гирифт, ки Леонид Гайдай маҷбур шуд идомаи саргузаштҳои ин қаҳрамони аҷибу хандаовари худро ба навор бигирад. Қисми дуюми филм бо унвони “Бандии Кавказ ё саргузаштҳои нав ба нави Шурик-2” шуҳрати Шурикро дар байни тамошобинон боз ҳам болотар бурд. Соли 1973 бошад, филми дигари мазҳакавии ин қаҳрамони дӯстдоштаи хурду калон бо номи аҷиби “Иван Василевич касбашро иваз мекунад” ба экран баромада, меҳру муҳаббати мардуми советиро нисбати ин ҳунарманди боистеъдод дучанд гардонд.

Ҳамин тавр Александр Демяненко дар кино ҳамчун актёр зина ба зина боло рафта, ба дараҷаи устодӣ расид. Бурди ӯ ҳамчун ҳунарманд дар он аст, ки тамоми нақшҳои офаридааш нотакрор буда, ҳаргиз ба дили тамошобин намезананд. Кас сад бор ин филмҳоро тамошо кунад ҳам, ҳаргиз аз диданашон сер намешавад.

Аҷибаш он аст, ки бо ин ҳама шуҳрати бузург ин марди ҳунар ҳаргиз худситоӣ накардааст. Александр Демяненко аз падар меҳри санъату аз модар хислати хоксориву камгапиро мерос гирифта буд ва ҳамеша аз он ки мардум ӯро дар кӯчаю хиёбонҳо шинохта бо ангушт ба ҳамдигар нишон медиҳанд, шарм медошт. Вай борҳо дар суҳбат бо журналистон гуфта буд: “Ман як одами одӣ ҳастам ва дар бораи худам лоф задану нақл карданро дӯст намедорам, агар мардум маро камтар мешинохтанд, оромтар зиндагӣ мекардам...”

Падарандари аз падар беҳтар

Ҳаёти шахсии ин марди ҳунар мисли ҳаёти саҳнавиаш бобарор набуд. Александр Демяненко аз ҳамсари аввалаш Марина Склярова баъди 16 соли зиндагӣ ҷудо шуда, ҳамчун марди асил бо як ҷомадон аз дар баромад ва хонаву дарро пурра ба занаш бахшида, зиндагиашро дубора аз 0 оғоз кард. Ҳамсари дуюмаш Людмила ёрдамчии режисёри Мосфилм ва зани чандон бад набуд, аммо натавонист фарзанд ба дунё оварад. Людмила аз шавҳари якумаш Анжелика ном духтарча дошт. Александр ин духтараки фатиламӯйро ҳамчун фарзанди худ қабул карда, тамоми ҳунару маҳораташро ба ӯ омӯзонд. Бо шарофати ин марди асил духтарак тамоми нозукиҳои санъатро омӯхта, ҳунарманди касбӣ гашт. Духтархонди Шурик-Анжелика Неволина ҳунарпешаи шинохтаи театри хурди драммавии ба номи Лев Додин буда, маҳбуби ҳамагон гаштааст.

Марги ҳунарманди бузург

Ин ҳунарманди асил 22-юми сентябри соли 1999 дар синни 62- солагӣ дар беморхона аз варами шуш, ки дар натиҷаи бемории қалб ба амал омада буд, аз олам даргузашт. Шурик аз дунё рафта бошад ҳам, меҳру ёди ӯ дар дили мухлисонаш то абад зинда аст!

alt

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД