arzon replenishment
Тест: Шумо одами самимиед ё дурӯя?
2213

 

1) Як латифаро бори садум шунавед ҳам механдед?

 а) Ин аз он вобаста аст ки онро кӣ нақл мекунад.

б) Ба шарте, ки латифа хандаовар бошад.

в) Не.

 2) Шумо синну соли худро пинҳон нигоҳ медоред?

а) Бале.

б) Фақат баъзан пинҳон мекунам.

в) Не.

 3) Дар ҷамъияти одамони ношинос худро мисли оне, ки дар хонаатон ҳастед, озод ҳис мекунед.

а) Бале.

б) Аз ҷамъият вобаста аст.

В) Не.

 4) Дуздии начандон калон содир карда бошед, онро ба гардан мегиред?

а) Не.

б) Аз вазъият вобаста.

в) Бале.

 5) Шумо метавонед ба хиёнати содиркарда иқрор шавед?

а) Не.

б) Баъзан.

в) Бале.

 6) Бо дидани он ки нафареро паст мезананд, хомӯш истода метавонед?

а) Бале.

б) Баъзан.

в) Не.

 7) Ғайбат карданро дӯст медоред?

а) Аз мавзӯъ вобаста аст.

б) На он қадар.

в) Не.

 8) Ҳақ будани худро собит карда метавонед?

а) Аз вазъият вобаста аст.

б) Танҳо дар ҷонибдории ҳақиқат.

в) Бале.

 9) Аз кӯдакӣ хаёлбофӣ мекунед?

А) Бале.

Б) Баъзан.

В) Не.

 10) Барои сафед кардани худ дурӯғ гуфта метавонед?

а) Бале.

б) Баъзан.

в) Не.

 11) Дар бораи қаҳрамониҳои худ дар ҷодаи муҳаббат нақл карда ба муҳобот роҳ медиҳед?

а) Бале.

б) Баъзан.

в) Не.

 Ҷавобҳои бештари «а»

Шумо инсони самимӣ нестед. Дар дунё шахси бе камбудӣ нест, агар ба саволҳои санҷишнома аз сидқи дил ҷавоб дода бошед, шуморо ислоҳ кардан имконпазир аст.

 Ҷавобҳои бештари «б»

Бо вуҷуди он ки баъзе камбудиҳо доред, аз гуфтанаш ҳарос надоред. Шумо ба хотири худнишондиҳӣ дурӯягӣ намекунед. Ҳеҷ гоҳ симои аслии худро пинҳон намесозед. Камбудиҳои худро дида тавонистан яке аз сифатҳои муҳими инсонӣ аст.

 Ҷавобҳои бештари «в»

Аз ҷавобҳоятон бармеояд, ки шумо дар посухи суолҳо сидқан ҷавоб нагуфтаед. Мутаассифона, на танҳо дар назди дигарон, балки дар назди виҷдони худатон ҳам шумо самимӣ буда наметавонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД