arzon replenishment
Суғд: Хонаи Раҷабовҳо сӯхт
25.02.2020
Р. Азимӣ
7805

Имрӯз, 25-уми феврал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сӯхтор сар зад, ки боиси марги 4 тан аъзои як оила гардидааст.

Тибқи иттилои КҲФ, сӯхтор тахминан соати 03:04-дақиқаи субҳи барвақт дар яке аз хонаҳои истиқоматии ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба амал омад, ки сокинони маҳаларо ба таҳлука овард.

Яке манбаъ аз Хадамоти оташнишонӣ гуфт, ки кормандони ин ниҳод дар муддати кӯтоҳ тавонистанд, ки алангаи оташи бузургро хомӯш кунанд, вале ҷони 4 нафар аъзои ин хонадонро аз панҷаи марг раҳо карда натавонистанд. “Дуди ғализ ва забонаи оташ, ки ҳама роҳҳои хуруҷро баста буд, нагузошт, ки одамонро берун барорем”, - зикр кард ӯ.


Тоҷикон дар Маскав сӯхта хокистар шуданд


Дар пайи ин ҳодиса падари хонадон Абдуалӣ Раҷабови 28-сола, ҳамсараш Саида Раҷабоваи 25-сола ва ду тифли онҳо – Сафияи чаҳорсолаву Кабирҷони сесола ҷон доданд.

Мақомоти умури дохилӣ феълан сабабҳои сӯхтор ва марги 4-тан аъзоёни ин оиларо тафтиш карда истодаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, дар истифодаи таҷҳизоти барқӣ эҳтиёткор бошанд. Бахусус, шабҳангом, ки вақти хобу истироҳат аст, бояд ҳамаи таҷҳизоти барқиро хомӯш кунанд. Ҳамеша ноқилҳои барқиро хабар гиранд ва агар ҷое мушкилеро мушоҳида карданд, фавран бартараф созанду ҷони худ ва наздиконашонро дар хатар намонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД