Sebiston new 2024 october
Марги пурасрори 34 зани суғдӣ дар Русия
6865

Муҳоҷирати меҳнатӣ ба як ҷузъи ҳаёти мо-тоҷикон мубаддал гаштааст. Агар пештар танҳо мардон рӯ ба муҳоҷират меоварданд, солҳои охир душвориҳои зиндагӣ занону духтарони тоҷикро низ маҷбур месозад, ки ризқу рӯзии худу фарзандонашонро дар мулки бегона ҷӯё шуда, рӯ ба муҳоҷират оваранд. Дар давоми соли 2019 танҳо аз як вилояти Тоҷикистон-Суғд 108702 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Аз ин шумора 24672 нафар занон ва 84030 нафар мардон будаанд.


Бино ба гуфти Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ 208 нафар муҳоҷирони суғдӣ дар давоми соли 2019 дар шаҳрҳои гуногуни Русия ҷон ба ҷонофарин супурдаанд. 34 нафари фавтидагон зан ва 166 нафарашон ҷавонмардоне буданд, ки бо ҳазорон нақша ва орзуву умедҳои ширин ба мулки рус сафар намуданд, аммо панҷаи ҷонгудози марг дар мулки бегона аз гиребонашон маҳкам дошта, имкон надод, ки дигарбора ба дидори падару модар, зану фарзанд ва аҳлу аёли худ бирасанд.
Масъулини хадамоти муҳоҷират дар Вилояти Суғд мегӯянд, бештар риоя накарадан ба талаботи техникаи бехатарӣ ва беэҳтиётӣ ҳангоми кор ба сар задани ҳар гуна фалокатҳо ва марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои боис мегардад, аммо ҳодисаҳои марги маҷбурии муҳоҷирони мо низ кам нестанд. Наворҳои ваҳшатангези куштори бераҳмонаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ҷониби "скинхед"-ҳо ва дигар миллатгароён дар Русия делели равшани ин гуфтаҳост. Дар фейсбук чанд рӯз боз навори қатли ваҳшатбори як муҳоҷири тоҷик чарх мезанад, ки бо диданаш ба тани кас мурғак медамад. Чанд нафар миллатгарои рус як муҳоҷири тоҷикро дар як тангкӯча дасгир мекунанд ва сароғоз то аз даҳону бинияш ҷорӣ шудани хун латукуб намуда, баъдан кордборон мекунанд. Кай рух додани ин ҳодисаи мудҳиш ва шахсияти муҳоҷири шаҳидгаштаи тоҷик то ҳол маълум нест, аммо то ҳол зери ин навори даҳшатбор мардум шаҳру назари худро навишта, ба музоҷот кашидани қотилони тоҷикбачаи бегуноҳро тақозо менамоянд.


САЛИМИ БАДМАСТ МУҲОҶИРОНРО БАДНОМ СОХТ


Як дарди муҳоҷират, агар марг дар ғарибӣ бошад, дарди дигараш мушкилоти интиқоли тобути ин шаҳидон ба Ватан аст. Барои аз Русия ба Тоҷикисон овардани як ҷасад на камтар аз ду ҳазор доллари амрикоӣ маблағ сарф мешавад. Табиист, ки дар шароити Тоҷикистон на ҳар хонавода чунин имконият дорад. Албатта нангу номуси тоҷикона муҳоҷирони дигари меҳнатиро водор ба он месозад, ки барои интиқоли ҷасади ҳамватанони худ ба Ватан пул ҷамъ кунанд, аммо ҳолатҳое низ ба чашм мерасанд, ки бо сабаби норасоии маблағ мурдаи тоҷики бечора ҳафтаҳо дар морг мехобад. Тобистони соли 2019 як дӯсти ман, ки ҳамагӣ баъди 2 моҳи оиладорӣ ба муҳоҷират рафта буд, дар шаҳри Москва аз ошёнаи 8-уми бино афтида ба ҳалокат расид. Вақте ӯ ба муҳоҷират рафт, дар батни занаш кӯдаки якмоҳа буд. Баъди 5 моҳи таваллуди фарзандаш он ҷавони ормонӣ бо ҳазорон орзуву ҳавасҳои ширин даҳҳо хирсакчаву харгӯшча ва либосҳои зебои кӯдакона харида, азми бозгашт ба Ватан кардааст, аммо дидани дидори тифлакаш барояш муяссар нагашта, аз ошёнаи 8-ум афтид ва пора-пора шуд. Тобути сарди дӯсти номуроди маро баъди 7 рӯзи аз ошёнаи 8-ум афтида мурданаш, дар ҳоле, ки ҷасадаш қариб бӯй гирифта буд, ба Ватан оварданд. Пас аз 10 рӯзи гӯру чӯб карданаш бағоҷи он ҷавони шаҳид, ки пур аз бозичаву либосҳои кӯдакона буд, ба дасти волидонаш расид. Ҳоло ҳар гоҳ ки модари ҷигарсӯхтаи дӯстам либосчаҳои набераашро мепӯшонад, ба ёди фарзанди дар ғарибӣ қурбонгаштааш зор-зор мегиряд. Сабаб баъди як ҳафта ба деҳа омада расидани ҷисми беҷони дӯсти ғӯрамаргам дер пайдо шудани 2 ҳазор доллар буд.
Ин буд шаммае аз дарду доғи муҳоҷират ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик. Аксари ҷавонмардону ҷавонзанҳои тоҷик, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, хуб дарк менамоянд, ки шояд бозгашт ба Ватан дубора барояшон муяссар нагардад, аммо ба хотири ҷӯшонидани деги сиёҳи зиндагӣ маҷбуранд, ки рӯ ба муҳоҷират оваранд. Ва то замоне, ки мушкилоти норасоии ҷойҳои кориву кам будани маош вуҷуд дорад, касе пеши роҳи муҳоҷират ва маргу мири муҳоҷиронро дар ғарибӣ гирифта наметавонад...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД