Бино бар иттилои сомонаи nevnov.ru як ҷавони 22-солаи тоҷик бо исми Салимҷон Ширинов бо гумони таҷовуз ба номуси як духтари 13-солаи рус дар кофтуков қарор дорад.
Рӯзи 4-уми декабр аз соати 17:28 то 23:59 ин ҷавони тоҷик ҳамроҳи як духтараки 13-солаи рус дар деҳаи Металлострый шаҳри Колпино айшу нӯш намудааст. Ҷавон ба таври худ шабнишинӣ ороста, ба ин духтари ноболиғ шароби зиёд нӯшонидааст. Билохира, ҳарду масту мешаванд ва дар ҳолати сархушӣ Салимҷон Ширинов бо ин духтари 13-сола ҳамхоба мешавад.
Рӯзи 6-уми декабр духтар бо дарди сахт ба беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи №5 муроҷиат намудааст, аммо духтурон ягон бемории гинекологиро дар ӯ пайдо накардаанд. Дар натиҷаи ташхис маълум гашт, ки аллакай марде ба номуси ин духтари ноболиғ дастдарозӣ намудааст. Ҳамин тавр ин сир кушода шуд.
Айни ҳол Собиров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти вазнин-таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ гумонбар дониста шуда, дар кофтуков қарор дорад.
Ширинов Салимҷон Собирович ду сол қабл, санаи 13.09.2018 бо мақсади кор ба Русия омадааст, вале дар ягон ҷойи вилояти Петербург ва Ленинград дар қайд набудааст.