arzon replenishment
Муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон сӯхта хокистар шуд
1966

 Шоми 30 январ бар асари таркиши баллони газ дар як сохтмони як бино дар кӯчаи Бекимови шаҳри Уралски вилояти Қазоқистони Ғарбӣ се коргар, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Як манбаъи муътамад мегӯяд:"Муҳоҷири 21-солаи тоҷик, ки 100 -фоизи баданаш сӯхта буд, дар бемористон ҷон додааст. Як ҷавони 17-сола бо 40 фоизи баданди сӯхтааш бистарӣ карда шуда, вазъи осебдидаи сеюм низ вазнин арзёбӣ мешавад".

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон гуфт, баллони газ ба иллати вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ таркидааст. Коргарон барои гарм кардани баллон аз пушкаи газии гармидиҳанда истифода бурдаанд, ки дар натиҷа баллон таркида, як девори хонаро чаппа кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД