Formula september
Язнаи афғонам ҳаётамро сӯхт
2900

Ман як ҷавони тоҷик айни замон дар Русия дар маҳбас ҳастам ва мехоҳам сарнавишти талхамро қисса кунам, то ки ба тамоми ҷавонони тоҷик дарси ибрат гардад.
Ҳавасҳои хоми ҷавонӣ маро пас аз хатми мактаб ба Русия овард. Бахтам хандиду ба зудӣ кор ёфтам. Ҳамроҳи ҷӯраам дар мағозаҳои Москва бор тақсим мекардем. Соҳиби пули калон мешавам гуфта, шабу рӯз орому қарор нагирифта меҳнат мекардам. Апааму язнаам низ дар ҳамон шаҳр буданду шабе маро ба хонаашон таклиф карданд.
-Ҷовид, ману язнаат барои ту кори даромаднок ёфтем. Худат медонӣ, ки модарам дардманданд, падарам бошад, ғайри шароб дигар парвои ягон чизро надорад. Рӯзи сиёҳ доранд, бечораҳо. Додар, агар миёнатро маҳкам баста аз пайи табобати модарам нашавӣ, ҳеҷ кас ин корро намекунад,-сари мақсад омад апаам дар сари дастурхон.
Гапи апаам ҳақ буд, ҳоли зоре доштанд падару модари беморам. Ҳамин мушкилоти хонаводагӣ маро маҷбур кард, ки ба пешниҳоди язнаи афғон оиди гузаронидани бори махфӣ розигӣ диҳам. Ҳарчанд кунҷкобӣ намудам, апаю язнаам чи будани он бори махфиро нагуфтанд, танҳо ваъда доданд, ки бо ман ягон нохушӣ намешавад. Хулоса, борро ба дасти одамони ношинос дода бо як ҷомадон пул баргаштам. Апаю язнаам пулҳоро ҳисоб карда гирифтанду як бандчаи пулро ҳамчун ҳаққи хизмат ба кисаам андохта, боз ба дастам бастаеро доданд ва фармуданд, ки ба Айёр ном ҷавонмарди афғон супорам. Ман бояд бо автобус ба ҷойи таъйиншуда мерафтам. Дар яке аз истгоҳҳо кормандони милиса автобусро нигоҳ доштанд ва ҳама мусофиронашро кофтуков карданд. Аз бастаи дар дасти ман буда героин баромаду ба дастонам завлона зада, маро ба шуъба бурданд ва чунон лагадкӯбам карданд, ки қариб ҷон ба ҷонофарин месупурдам. Тоқати мушту лагад накарда иқрор шудам, ки баста моли язнаам аст. Суроғаашро гирифта ба манзилаш рафтанд, вале ӯро пайдо карда натавонистанд. Язнаам ба даст афтидани маро фаҳмида дарҳол ба Афғонистон фирор кардааст. 


Дар донишгоҳ мехондам. Дар курси охирин падарам маро ба писари як дӯсташ фотиҳа кард, вале мани содадил ба як ҳамсабақи деҳотиам дил баста, фақат дар орзуи он будам, ки зани ӯ шавам.


b6kjEweJ47k055SzKedKwlWdynPc7bmcsmONR3At_1


Ҳамин тавр ман ба 15 соли зиндон маҳкум гаштаму апаам бева монда, ҳамроҳи бачаҳояш ба Тоҷикистон баргашт. Бечора модарам то ҳол намедонад, ки писараш дар маҳбас аст, гумон мекунад, ки дар Русия кор карда гаштаам. Апаам бо гапҳои дурӯғ модарамро фиреб карда, гӯё аз номи ман ба вай пул мефиристад, то сирраш фош нашавад. Аламовараш он аст, ки апаам, фарзанди падарам, касе, ки бо ман пайванди хунӣ дорад, маро ба чунин рӯзи сиёҳ гирифтор кард, агар ҳамон вақт вай ақаллан ишорат мекард, ки “бори махфӣ”-и шавҳараш героин аст, аз гуруснагӣ мурам ҳам, ба бурданаш розӣ намешудам. Пушаймонам, ки ба гапи апаю язнаам даромада, ҳаётамро сӯхтам, вале аз пушаймонӣ дигар суде нест!
Ҷовиди маҳбус

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД