Номам Холиса, фоҳишаам! Макони зистам шаҳри Душанбе. Мехоҳам саргузаштамро «подробно» нақл кунам, то мардум фаҳманд, ки маро кӣ ва чӣ маҷбур сохт, то ба роҳи ҳаром равам.
(Қисми 3)
-Модарат ҳаққи хизмататро гирифтааст, чӣ ин қадар ноз мекунӣ?! Хоҳӣ нахоҳӣ, имшаб ту моли ман ҳастӣ, хоҳ ба зӯрӣ бошад, хоҳ ба зар коми диламро аз ту меситонам,-инро гуфта марди афғон боз ба ман часпид. Дидам, ки зӯрам ба ӯ намерасад, бо тамоми овоз фарёд зада ба ёрӣ хондам. Ин дам аз паси тиреза садои модарам баланд шуд:
-Холисаҷон, ин мардак пули қарзи бонки маро дод, илтимос, гапамро нашикаста ҳамин шаб ҳамроҳаш бош, дигар туро ба ин кор маҷбур намекунам...
Ба гиряҳои зор- зори модарам дилам сӯхту лаб зери дандон гирифта, шабро бо он марди ғулмонанди бадбӯйи афғон саҳар кардам, вале...
Марги умед
Саҳар, баъди рафтани марди афғон ба назди Ҷаҳонгир рафта, ҳодисаи шаб аз сарам гузаштаро нақл намудам ва то дилам холӣ шудан гиря кардам. Вай маро ба оғӯш гирифта, тасаллӣ дод, ки ғам нахӯрам, Худо хоҳад, рӯзҳои наздик хона мехарад ва маро никоҳ карда мегирад. Мани ташнаи бахт бо шунидани ин ваъдаи ҷонбахш гӯё болу пар бароварда, шоду масрур ба хона омадам, аммо хушбахтиам дер давом накард. Ҳамагӣ се рӯз пас ошиқам ҳангоми бозгашт аз Ёвон ба садама дучор шуд. Бо шунидани ин хабари шум саркану покан ба беморхона давидам, аммо ба бахти сиёҳи мани бетақдир Ҷаҳонгир аллакай ҷон ба ҷонофарин супурда буд ва хешу пайвандонаш бо чашмони гирён ҷисми беҷони ӯро ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” бор мекарданд.
Бо дидани ин манзараи дилрешкунанда охирин шуълаи умед дар қалбам хомӯш гашт ва ҷисми ниммурдаамро кашолакунон ба хона омадам...
Дар гирдоби дарди танҳоӣ
Ҷисми бе ҷони Ҷаҳонгирро хешу табораш ба зодгоҳашон бурда гӯру чӯб карданд, ман бошам, як моҳи дароз мотам гирифта, бо касе гап намезадам. Корам танҳо гиря кардан буду халос, на майли ба кӯча баромадан доштам ва на шавқу ҳаваси зистан. Модарам ҳоламро дида, дигар ҷуръат намекард, ки ягон мардро ба хона биёрад ё маро ба ҳамоғӯш гаштан бо касе маҷбур созад. Дилбардорӣ карда мегуфт, ки ин қадар оби дида нарезам, чунки зиндагии ман ҳоло дар пеш аст ва албатта марде пайдо мешавад, ки дубора диламро ба ҳаёт гарм месозад. Хомӯшона ба суханони модарам гӯш медодам, вале ҳеҷ бовар надоштам, ки ягон марди дигар ҷойи Ҷаҳонгири азизамро дар дили ман гирифта тавонад. Хаёл мекардам, ки бо марги Ҷаҳонгир ҳаёт барои ман низ ба охир расид, аммо...
Вохӯрӣ бо ҷавони араб
Пас аз як соли марги Ҷаҳонгир каме ба худ омадам ва дар рӯзи ҷашни зодрӯзам либоси мотамиро аз танам кашида, бори аввал ба тамошои шаҳр баромадам. Дугонаҳоям маро ба яке аз зеботарин тарабхонаҳо бурда, зиёфат доданд. Суҳбати дӯстон ва фазои пур аз савту навои тарабхонаро дида, баҳри дилам камтар кушодаю табъам болида гашт. Бегоҳ гулдаста дар даст аз тарабхона баромада тасодуфан бо як ҷавони зебои араб, ки Бобурмуҳаммад ном доштааст, шинос шудам.
Ишқи арабӣ
Аввалҳо ману Бобурмуҳаммад танҳо дӯстона суҳбат мекардем. Ба ман бо лафзи шикастаи русӣ гап задани Бобурмуҳаммад аҷиб буд, аз ҳамин хотир соатҳо ҳамроҳаш чақ-чақ мекардам. Баъди тақрибан як моҳи ошноӣ дӯсти арабам шердил шуда, маро ба мулоқоти ошиқона даъват мекардагӣ шуд. Акнун мо то нимаҳои шаб дар тарабхона ё дискотека вақтхушӣ карда мегаштем. Одатан мардҳои хориҷӣ кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи зудтар аз зан коми дил ситонанд, вале ошнои араби ман чунин набуд. Вай мисли пашша хирагӣ намекард. Маҳз ҳамин хислаташ ба ман писанд афтид. Ростӣ, чӣ хел ба оғӯши ин ҷавонмарди араб даромаданамро худам ҳам нафаҳмида мондам...
Нахли гуноҳ
Вохӯрӣ бо Бобурмуҳаммад мани баъди марги Ҷаҳонгир аз зиндагӣ дилхастаро ҳамчун зан аз нав зинда кард. Мо мисли Лайлию Маҷнун ошиқи зори ҳамдигар гашта, тобу тоқати ҷудоӣ надоштем. Зуд-зуд мулоқот мекардем, ба сайру тамошо мерафтем, хулоса, аз ҳамдигар ҳеҷ серӣ надоштем. Пас аз панҷ моҳи ишқу ошиқӣ аз Бобурмуҳаммад ҳомиладор шудам. Аввал сахт тарсидам, ки ошиқи хориҷиам ҳомила шудани маро шунида, исён мебардорад, вале ғайричашмдошт ин хабар Бобурмуҳаммадро шод гардонд. Вай маро мисли кӯдак рӯйи дастонаш бардошта, чарх занонд, баъд ба замин монда, ваъда дод, ки ҳатман рӯзҳои наздик ба ватан меравад ва бо хешу табораш маслиҳат карда, волидонашро барои хостгорӣ ба Душанбе меорад, вале...
Маҷнуни гумгашта
Бобурмуҳаммад як ҳафта пас ба ватанаш рафт. Пеш аз сафар ваъда дода буд, ки як моҳ нагузашта бармегардад, вале рафту бедарак шуд. Ростӣ, мо тариқи телефону интернет бо ҳам иртибот доштем, аммо ҳар гоҳ дар бораи калон шудани тифли батнам ва тезондани тӯй гап кушоям, Бобурмуҳаммад сахт асабӣ шуда мегуфт: “Если ты так силно торопишся выйти замуж, не жди меня. У меня сейчас очень много работы и для женитбы совсем времени нет.”
Ҳамин тавр аз байн панҷ моҳ гузашт. Модарам ҳар рӯз дар сарам чормағз мешикаст, ки рафта ин сағираи ҳаромиатро нест кун ё ба он араби худозада бигӯ, ки зудтар омада тӯй кунаду туро бо худ барад. Дидам, ки ба хубӣ масъала ҳал нашуда истодааст, як бегоҳ тариқи интернет бо Бобурмуҳаммад ҷиддӣ гуфтугӯ намудам ва масъаларо дар наздаш кундаланг монда гуфтам:
-Ба занӣ гирифтанӣ бошӣ, ҳамин ҳафта омада тӯй кун, агар ин корро накунӣ, ман ба як афғон ба шавҳар мебароям. Барои он ки гапам боварибахш барояд, аз пеши худам қиссаи бардурӯғ бофтам, ки як миллионери афғон кайҳо боз аз пасам давида гаштаасту агар розигӣ диҳам, дар байни ду рӯз дар беҳтарин тарабхонаи шаҳр тӯйи дакаданг ороста, маро ба занӣ мегирад. Гумон доштам, ки бо шунидани ин гап ошиқи арабам ба ташвиш афтида, аз пайи тӯй мешавад, вале ғайри чашмдошт Бобурмуҳаммад ба ғазаб омада гуфт:
-Дар панҷ моҳ аллакай ошиқи афғон ёфта бошӣ, аз ту зани вафодор намебарояд. Метавонӣ ба ҳамон афғон расидан гирӣ, ба ман чунин зани беандеша ва сабукфикр лозим нест!
Аз гапи гуфтаам пушаймон шудам. Мехостам ба Бобурмуҳаммад фаҳмонам, ки шӯхӣ кардам, вале ӯ маро ба рӯйхати сиёҳ партофт. Дигар ҳарчанд кӯшиш намудам, на тариқи телефон ва на тариқи интернет натавонистам бо ошиқи арабам дар тамос шавам.
Кӯдак ғайб заду...
Зор-зор гириста ҳамаашро ба модарам нақл кардам. Вай маро хуб сарзаниш карду рӯзи дигар ба таваллудхона бурд, то тифли батнамро исқоти ҳамл намояд, вале бо сабаби калон шудани кӯдак касе нест кардани тифлро ба зимма нагирифт. Ягон илоҷи аз ин ҳосили гуноҳ халос шуданро наёфта ману модарам ба тақдир тан додем.
Ҳамин тавр баъди нуҳ моҳу нуҳ рӯз писарча таваллуд кардам. Кӯдак мисли як себи дукафон ба Бобурмуҳаммад монанд буд. Азбаски ба падари ваъдахилофаш нафрат доштам, рӯйи тифламро ҳам дидан намехостам. Модарам аз афташ кайҳо бо як ошнои афғонаш гапро пазонда будааст, ки баробари таваллуд карданам гуфт:
-Холиса, агар хоҳӣ, як марди афғон туро бо кӯдакат ба занӣ мегирад. Миллионер набошад ҳам, зиндагиаш чандон бад нест. Бо ӯ гуруснаю ташна намемонӣ...
Бо ғазаб ба рӯйи модарам нигоҳ карда гуфтам:
-Ҳаётам аз рӯйи афғонҳо сӯхт. Аз бешӯӣ мурам ҳам, зани ягон афғон намешавам!
-Пас, бо ин сағераи ҳаромӣ чӣ кор мекунем?-Пурсид модарам.
-Намедонам, ман роҳгумзадаам оча. Роҳгум задаам,-гуфтам бо алам ва сарамро дошта гиря кардам...
Модарам дигар чизе нагуфта кӯдакро ба парпечи куҳнае печонд ва “хаста шудаӣ, ту хоб кун, ман зуд бармегардам” гӯён, тифл дар бағал аз хона баромад...
Поёни роҳи каҷ
Аз хастагию асабонияти зиёд сахт монда шуда будам. Баъди рафтани модарам дарҳол хобам бурд. Намедонам чанд соат хобидам, вале як вақт садои ғалоғуларо шунида, тарсида бедор шудам. Хонаамон пур аз милиса буд, модарам бошад бо дастҳои баста қисса мекард, ки чӣ тавр барои аз шармандагӣ халос шудан кӯдаки маро ҳангоми хоб буданам аз наздам оҳиста дуздида бурдааст. Кормандони милиса ба ман ҳам чанд савол додам. Модарам бо гӯшаи чашм ишора кард, ки суханони ӯро такрор намоям. Тарсидаю ларзида ҳарчи модарам гуфта буд, ҳамонро ба забон овардам. Милисаҳо ба дастони модарам завлона зада ӯро гирифта бурданду мани нав таваллудкарда дар хонаи калон танҳои танҳо мондам.
Ҷазои кӯдакфурӯш
Дертар фаҳмидам, ки модарам бо як зани бефарзанд маслиҳат карда, писарчаи маро бар ивази пули калон ба ӯ додан мехостааст, вале ҳангоми хариду фурӯши тифли навзод ҳарду ба даст афтодаанд. Барои он ки маро ҳам ба ҷавобгарӣ накашанд, модарам ҳама гуноҳро ба гардани худаш гирифта гуфтааст, ки аз тарси шармандагӣ ҳангоми хоб будани ман кӯдакро дуздида овардааст.
Ҳамин тавр ҳама гуноҳҳои модарам рӯйи об баромаданд ва бо ҳукми суд ӯро ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум намуданд.
Пеши Худованд тавба кардам
Баъди ба паси панҷара афтидани модарам дарк намудам, ки Худованд ягон гуноҳро бе ҷазо намемондааст. Модарам чанд сол бо корҳои ҳаром машғул буд ва маро низ ба роҳи бад бурда, ба ғазаби парвардигор гирифтор гашт. Дарки ин ҳақиқат мани ба гирдоби гуноҳ гирифторро ҳушёр кард ва сидқан пеши Худованд тавба карда, қасам хӯрдам, ки агар аз гуруснагӣ мурам ҳам, дигар ҳаргиз зино намекунам.
Инак, панҷ сол шуд, ки аз корҳои ҳаром парҳез карда, намозу рӯзаро тарк намекунам. Муносибати маҳрамона он тараф истад, дигар бо ягон марди номаҳрам ҳатто гап намезанам. Тамоми хешу табор аз мо рӯй гардонидаанд. Дар кулбаи эҳзони худ ба тоату ибодат машғулам. Бошад, ки Худованд гуноҳҳои мани роҳгумзадаро бубахшад!
Анҷом!
Холиса, ш Душанбе