Arzon march 2024
Сӯхтор дар Зоопарк: Ҳама ҳайвонҳо сӯхта хокистар шудаанд
2332


Шаби 1-январ дар боғи ҳайвоноти шаҳри Крефелди Олмон дар Зоопарк сӯхтор ба амал омада боиси марги ҳайвонҳои нодир гаштааст.

Тавре Иорден Гиф муовини ин боғи ҳайвонот ба рӯзноманигорон гуфтааст: 30 ҳайвони нодир дар натиҷаи сӯхтори ба амаломада ба ҳалокат расидаанд.
Мавсуф гуфтааст, ки мо кормандони боғи ҳайвонот ба наҷотдиҳандагон соати 00:38-и шаб ба кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳрӣ занг зада хабар дода будем. Вақте, ки оташнишонон расида омаданд, бинои маймунхона аллакай сӯхта ба хокистар табдил ёфта буд.Тарсу ҳароси мо бесабаб набуд. Дар хонаи маймунҳо ягон ҳайвон зинда намонд. Онҳо тавонистанд ҳуҷраи зисти гориллаҳоро, ки дар онҷо аз соли 2012 инҷониб як оилаи гориллаҳо зиндагӣ мекарданд,наҷот диҳанд. 
Хадамоти иттилоотӣ хабар медиҳад, ки дар сӯхтор 5- орангутан, 2-горилла, 3- шимпанзе ва якчанд маймунҳои дигар, инчунин паррандаҳо ва якчанд намуди нодири кӯршабпаракҳо сӯхта хокистар шуданд.
Хадамоти оташнишонӣ ду шимпанзеи дигарро, ки дасту пой ва пушташон сӯхта буд,наҷот дода ба духтурхонаи бойторӣ интиқол додаанд.
Хадамоти матбуотии зоотехникӣ гуфтааст, ки тамоми ҳайвоноте, ки дар боғи ҳайвонот зиндагӣ мекарданд, сӯхтаанд. Фақат оилаи маймунҳои Горилла ва оилаи маймунҳои Кидого наҷот ёфтаанду, халос.
Сабаби сӯхтор чароғҳои парвозкунанда, ки дар доираи ҷашни Соли нав ба кор андохта шуда буданд, боиси сӯхтор дар Зоопарк гаштаанд.


Ҳар як ситора новобаста аз самти фаъолият, инчунин, мехоҳад дар зиндагӣ падар ё модари меҳрубон бошад. Танҳо модарони сунъӣ ба баъзе аз ситораҳо ин хушбахтиро фароҳам овардаанд. Таваҷҷӯҳ намоед ба матлаби зер!


Бар асари фоҷиа боғи ҳайвонот фаъолияташро  муддате қатъ кард.
Ин боғи ҳайвонот дар Крефелди Олмон соли 1975 ифтитоҳ шуда, ҳамасола 400 ҳазор нафар барои тамошои ҳайвонот ба он ташриф меоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД