Ҳар падару модаре, ки бо роҳи табиӣ соҳиби фарзанд шуда наметавонанд, бо воситаи технологияи наву ҳозиразамон соҳиби фарзанд мешаванд ва бо шарофати дастгоҳҳои навин лаззати волидайн буданро мечашанд.
Ҳар як ситора новобаста аз самти фаъолият, инчунин, мехоҳад дар зиндагӣ падар ё модари меҳрубон бошад. Танҳо модарони сунъӣ ба баъзе аз ситораҳо ин хушбахтиро фароҳам овардаанд. Таваҷҷӯҳ намоед ба матлаби зер!
Ким Кардашян. Чуноне ки чанде қабл ба шумо маълумот дода будем, моҳи майи имсол модел ва ҳунарманди амрикоӣ Ким Кардашян ва шавҳари ӯ Кане Уэст соҳиби боз як писари дигар шуданд, ки фарзанди чоруми онҳо ба ҳисоб меравад. Тифлро модари сунъӣ ба дунё овардааст. Ким ва шавҳараш бори дуввум аст, ки аз хизматрасонии модари сунъӣ истифода мебаранд. Пас аз таваллуди ду фарзанд, табибон ба Ким бинобар бад будани вазъи саломатияш таваллуд карданро манъ карданд ва оилаи ҷавон маҷбур шуданд, ки бо воситаи модари сунъӣ соҳиби боз ду фарзанди дигар шаванд.
Майкл Ҷексон. Хеле аҷиб аст, ки миёни ситораҳо аввалин шуда Майкл Ҷексон аз хизматрасонии модари сунъӣ истифода кардааст. Ӯ давоми 50 соли ҳаёташ ду маротиба, бори якум бо Лизе-Мари Пресли (1994-1996) ва бори дуюм бо Дебби Роу (1996-1999) оиладор шудааст. Майкл ва Дебби соҳиби ду фарзанд, як писару як духтар шудаанд, ки писари онҳо Принс аз модари сунъӣ ба дунё омадааст. Шахсияти модари сунъӣ маълум нест, вале барои Ҷексон пеш аз ҳама саломатии кӯдак муҳим буд.
Никол Кидман. Ҳунарпеша ва овозхонӣ австралӣ-амрикоӣ Никол Кидман бори аввал бо ҳунарманди машҳури амрикоӣ Том Круз оиладор шудааст. Оилаи ҷавон зиёд мехостанд соҳиби фарзанд бошанд, вале Никол қобилияти ба дунё овардани фарзандро надошт. Сипас онҳо ба қароре омаданд, ки як духтару як писарро бо номҳои Изабелла ва Конор ба фарзандӣ қабул кунанд. Никол аз шавҳари дуюмаш Кит Урбан, ки оҳангсоз буд, бори нахуст фарзанд ба дунё овард ва ба духтарчаашон Сандэй ном гузоштанд. Ҳамин тавр, Никол хост бори дигар фарзанд ба дунё орад, вале муваффақ нашуд. Ӯ ва шавҳараш аз хизматрасонии модари сунъӣ истифода бурда, боз соҳиби духтарча бо исми Фэйт шуданд.
Элтон Ҷон. Оҳангсоз ва овозхони бритонӣ Элтон Ҷон ва шавҳари ӯ Дэвид Ферниш бо ҳам хушбахт буданд ва барои онҳо танҳо фарзанд намерасид. Аз сабаби оне ки Элтон ва Ферниш ҳарду ҳам мард буданд, соҳиби фарзанд шуда наметавонистанд. Соли 2009 Элтон қарор дод, ки писарбачаи ба бемории ВНМО гирифтор бударо ба фарзандӣ қабул кунад, вале мақомоти дахлдор ба ин кор иҷозат надоданд. Соли 2010 онҳо аз хизматрасонии модари сунъӣ истифода бурда, соҳиби писарча бо номи Захарий шуданд. Соли 2013 писари дуюми онҳо Элайҷа низ аз модари сунъӣ ба дунё омад.
Рики Мартин. Ҳунарманд, оҳангсоз ва нависандаи амрикоӣ Рики Мартин ба тарбияи ду писари худ машғул аст. Дугоникҳои ӯ Маттео ва Вилентино ном доранд. Дугоникҳо соли 2008, замони 36 сола будани Рики ва пас аз як соли аз ровии мексикоӣ Ребекка де Алба ҷудо шуданаш аз модари сунъӣ ба дунё омадаанд. Овозае низ вуҷуд дорад, ки модари сунъии писарони Рики хоҳари худи ӯ мебошад. Рики мегӯяд, ки бисёриҳо бар он ақидаанд, ки бе модар кӯдакон хуб ба воя намерасанд, вале аз нигоҳи ман барои тарбияи фарзанд пеш аз ҳама меҳру муҳаббат лозим аст.
Шэрон Стоун. Ҳунарпеша ва собиқ модели амрикоӣ Шэрон Стоун се маротиба ба шавҳар баромада бошад ҳам, аз ҳеҷ кадоми онҳо фарзанд ба дунё наовардааст. Ӯ соли 2000 аввалин писари худро бо номи Роэн ба фарзандӣ қабул кардааст. Баъдан соли 2005 Лэрд ва соли 2006 Куиннро низ ба сафи фарзандони худ қабул кард. Ҳоло Шэрон бо се писари худ хушбахтона зиндагӣ дорад ва аз оне ки писаронаш фарзандони худаш нестанд, заррае ғамгин нест ва онҳоро ба ҷони худ баробар дӯст медорад.
Сара Ҷессика Паркер. Ҳунарпеша ва продюсери амрикоӣ Сара Ҷессика Паркер ду маротиба оиладор шуда, соли 2002 аввалин маротиба мустақилона писараш Ҷеймсро ба дунё овардааст. Сипас ӯ ва шавҳараш Меттю Бродерик хостанд, ки боз соҳиби фарзанд шаванд, вале чанд сол сипарӣ шуду онҳо соҳиби фарзанд нашуданд. Ниҳоят соли 2009 қарор доданд, ки аз хизматрасонии модари сунъӣ истифода баранд. Ҳамин тавр, онҳо соҳиби ду духтарчаи дугоник – Мэрион ва Табита шуданд.
Криштиану Роналду. Футболбози машҳури португалӣ Криштиану Роналду соли 2010 тариқи хизматрасонии модари сунъӣ соҳиби писар – Криштиани хурдӣ шуд, ки он замон бо модели машҳури рус Ирина Шейк муносибат дошт.
Моҳи марти соли 2017 бошад, дугоникҳои ӯ Ева ва Метю низ аз модари сунъӣ ба дунё омаданд. Роналду соли 2015 аз Ирина Шейк ҷудо шуда, соли 2017 бо Ҷорҷина Родригес оиладор шуд ва дар моҳи ноябри соли 2017 ҳамсараш бори аввал барояш фарзанд ба дунё овард.
Элизабет Бэнкс. Ҳунарпеша ва коргардони амрикоӣ Элизабета Бэнкс низ дар орзуи он буд, ки худ ҳомила шавад ва фарзанд ба дунё омад. Вале мутаассифона ба ин орзуяш нарасид. Ӯ ва шавҳараш қарор доданд, ки модари сунъӣ барояшон фарзанд ба дунё орад.
Соли 2011 писараш Феликс ва соли 2012 писари дигараш Магнус аз модари сунъӣ ба дунё омаданд. Ҳунарпеша аз дӯстони худ миннатдор аст, ки ба ӯ хизматрасонии модари сунъиро тавсия додан ва ӯро хушбахт карданд.
Максим Галкин. Ҳаҷвнигор, ровии телевизион, овозхон ва ҳунарманди рус Максим Галкин соли 2011 бо Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, овозхони эстрадаи рус Алла Пугачёва оиладор шуда, соли 2013 дугоникҳои онҳо Елизавета ва Гарри аз модари сунъӣ ба дунё омадаанд. Елизавети чанд дақиқа пеш аз додараш Гарри ба дунё омадааст.
Елизавета ва Гарри аввалин фарзандони Максим ба ҳисоб мераванд. Алла Пугачева бошад, панҷ маротиба издивоҷ карда, аз шавҳари аввалааш бо номи Кристина духтаре дорад.
Мавод бо такя ба чандин сомонаҳои интернетӣ омода шудааст.