Шавҳарам Зардун аз вилояти Мазори Шарифи Афғонистон буда, дар ин ҷо ба тиҷорат машғул аст. Мо дар бозори Фаровон шинос шудем. Баробари маро дидан Зардун ошиқи зорам гашта бо ваъдаҳои осмонӣ диламро ба даст овард ва рӯзи дигар ба хонаамон хостгор фиристод.
Азбаски синну солам аллакай ба ҷое расидаю аксари ҳамсинфонам ду-сетогӣ фарзанд доштанд, волидонам розигӣ доданд, ки бо ин марди афғон оиладор шавам. Зардун баъди тӯй маро ба хонаи дар маҳалаи Зарафшон будааш овард. Шавҳарам марди сафар буд, як рӯз дар хона бошад, чанд моҳ дар Русия, Туркия ва дигар кишварҳо мегашт, вале ман аз чизе шикоят надоштам, чунки барои таъмини зиндагиам ҳамеша пули кироӣ медод. Як шом вай ба ман гуфт, ки тайёриамро бинам, ба аёдати падару модараш ба Афғонистон меравем. Хурсанд шудам, ки шавҳарам маро бо волидонаш шинос мекунад, вале дар Афғонистон мо ҳамагӣ ду рӯз истода, боз ба Русия раҳсипор гаштем. Диламро худ аз худ сиёҳӣ пахш карда аз пешомади ногуворе дарак медод, метарсидам, ки шавҳарам ягон бизнеси ҳаром надошта бошад. Беҳуда “дил гувоҳи ҳақ аст” намегуфтаанд, Зардуни худобехабар ба хариду фурӯши маводи мухаддир сару кор дошта, давлату сарваташ аз ҳисоби наркотик будааст.
ДУХТАРИ ЭРКА МОДАРРО БЕ КАФАН КАРД
Дар Русия шабе полисҳо ба хонаи мо ҳуҷум намуданд, вале Зардунро дастгир карда натавонистанд, вай бо ким-кадом рози пинҳонӣ фирор кард. Шавҳари афғонам бо ҳамин гумном шуду мани танҳо дар мулки русҳо сарсону саргардон мондам. Дар як боғчаи бачагона фаррош шудам, то аз гуруснагӣ намирам. Зардун рӯзе ба ман занг зада гуфт, ки ба наздикӣ ба Русия меояд ва маро гирифта ба ягон кишвари аврупоӣ мебарад, вале гапашро бурида дод задам: “Ман бо ту ба ҳеҷ куҷо намеравам, бангии худозада! Наркобарони бевиҷдон, фикр накардӣ, ки баъди гурехта рафтани ту ҳоли ман чӣ мешавад:! Ҳамон рӯз пулисҳо маро мебурданд, аз рӯи ту барин касофати героинфурӯш ҷойи мани бегуноҳ як умр кунҷи торику сарди зиндон мегашт. Дигар аз рангу рӯят безорам, набиё.” Хулоса, сари қаҳр ҳар чи аз даҳонам баромад, гуфтам. Зардун ба ғазаб омада таҳдид кард, ки барои ҳар як суханам албатта ҷавоб медиҳам. Мардуми афғон бисёр кинагир ҳастанд, метарсам, ки шавҳари нашъаҷаллобам ягон балоро ба сарам наорад.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Дилором, аз Ф. Русия