formula
Духтари эрка модарро бе кафан кард
16.01.2020
Р. Азимӣ
4598

 

Бо як духтарча аз шавҳар барвақт бева мондам. Кӯшиш мекардам, ки яккафарзандам аз чизе танқисӣ накашад, зеро шавҳарам пеш аз вафоташ васият крада буд,ки баъди сари ӯ фарзанди ягонаашро пеши пойи мардум накунам.

Шавҳарамро, ки зиёд дӯст медоштам, ба худ қавл додам, ки ягона нишонаи шавҳарамро хору зор намекунам. Барои он ки духтарам аз дигарон кам набошад,дар ду ҷо кор мекардам ва тамоми чизҳои дилхоҳашро сари вақт муҳайё менамудам,то бепадариашро ҳис накунад. Шояд ҳамин эрка краданҳоям буд,ки духтарам худхоҳу мағрур ба воя расид. Назараш касеро намегирифт. Пас аз хатми мактаби миёна хостам ӯро ба донишгоҳ дохил кунам, аммо ин духтари танбал “хондагиҳо чи шуданд оча,беҳтараш ман ягон ҳунарро ёдгирифта, пул кор мекунам” гӯён,рад намуд. Дил дили Зайнаб гӯён ӯро дар назди якчевар шогирдмондам,ки дӯзандагиро ёд гирад, аммо ба ҷойи ин ҳунарро омӯхтан духтарам ҳунари дигарро ёд гирифта, бачабоз шуд. Боҷавоне ошноӣ пайдо карда, ошиқи шайдояш гаштааст.Намедонам он бача ба гӯши духтарам чи афсонаҳо хонд,ки ин духтари каллаварам аз ман пинҳонӣ ҳуҷҷати хонаро бурда ба дасташ додааст.Ошиқи духтарам хонаи моро дар бонк гарав монда, пули калон қарз гирифтааст.


ҶАНҶОЛИ ХАБАРНИГОРИ OILA.TJ БО ҚИМОРБОЗОН ДАР АВТОВОКЗАЛ


Ман вақте аз ин кор хабардор шудам, ки ҷавон фироро карда, кормандони бонк барои бар гардонидани қарз дарамонро кӯфтанд. Ҳарчанд гуфтам,ки аз мурданам хабар дораму аз пул не ва ягон тин қарз нагирифтаам, ба гапам гӯш накарда  мӯҳлат доданд,ки то фалон вақт пулро баргардонед ё хонаро холӣ  кунед. Бовар кунед,азфикру андешаи бисёр басактаи дил гирифтор шудам. Нав як ҳафта шуд,ки аз беморхона баромадам. Аз ғаму алами бисёр аз гулӯям чизе намегузарад, агар кормнадони бонк дар ин фасли сармохонаамро кашида гиранд, мани бемор ба куҷо меравам? Фарзандонатонро эрка накунед, ки фарзанди эрка балои ҷони волидон мегаштааст!
Моҳбибӣ, н. Рӯдакӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД