Писарам Фирдавс Дилшодаи духтари Устораҳимро дӯст медошт. Ҳарчанд насиҳаташ мекардам, ки барои зангирӣҳоло ҷавон аст, аммо гапамро гӯш намекард.
«Хоҳеду нахоҳед Дилшодаро келин мекунед» мегуфт. Бачам, ҳозир шароити келинкунӣ надорам, додаракот хурданд, падари беномунишонатон 11 сол боз дар Русия асту аз худаш дарак намедиҳад, мани шӯдори бешӯй чӣкор кунам? Мушкил аст барои як зани нохонда зиндагиро пеш бурдан, гуфта вазъиятро ба писарам мефаҳмондам, вале Фирдавс чизеро фаҳмидан намехост. Чандин бор хоҳиш карда гуфт: «Очаҷон, тезтар хонаи Дилшодашон хостгорӣрав, ки падараш вайро ба ягон ҷавони дигар ба шавҳар надиҳад», вале ростӣ, аз бепулӣкорро кашол додам. Писари 22-солаам ранҷида «Россия рафта кор мекунаму худам бо пули худ зан мегирам» гуфту пул ќарз гирифта чипта харид. Шабу рӯзи Фирдавсамро гусел намудан ба хонаи Устораҳим хостгорӣ рафтам, вале падари Дилшода «духтарамро ба бачаи нохонда намедиҳам» гуфта, навмедам кард. Дар рӯзи сафар дили писарамро сиёх накунам гуфта, баҳона ҷустам, ки ҳоло духтарашон хурд будааст, ду-се сол пас Дилшодаро шавҳар медодаанд. Писарам, пул кор карда биё, баъд арӯсатро меорем» гуфта, Фирдавсро фиреб кардам. Хурсанд шуда шодона оѓӯшам намуд ва борҷомаашро бардошта аз дарам баромад. Бадбахтона дар фурудгоҳ дилдодааш занг зада, шумхабар расонд, ки ӯро ба ҷавони дигар фотиҳа карданд.
Аз чашмони писарам ашк шорид ва ба ситеза «оча, кори кардагита кардӣ! Дигар Фирдавс ном писар дорам нагӯй, чунки ман ҳеҷ гоҳ барнамегардам!» гуфту рӯяшро гардонда рафт. Оҳу нолакунон хонаи духтардор сӯзад гуфта аз паси писарам давидам, вале ба рӯям нигоҳ накарда ба ҳавопаймо нишасту рафт.
Аз ҳамон рӯз то ҳол беморам. Фирдавсам занг намезанад. Як дардам сад дард гаштааст. Азоби дурии фарзандамро чӣ хел таҳаммул кунам?! Фирдавсҷон, агар номаамро мехонӣ, хоҳиш мекунам, дилсард нагашта ба Ватан баргард. Ба ту духтари модараш набӯсидаро келин мекунам!
Модари зор Гулчеҳра, аз н. Ҳисор