Гулсара ном дорам ва дар яке аз деҳаҳои дурдасти дараи Алмосии Ҳисор зиндагӣ мекунам.
Шавҳарам Абдурасул дар ягон ҷо кор намекард. Бемор бошам ҳам, худам дар мактаб фаррошӣ карда, бачаҳоямро мехӯрондаму мепӯшондам. Падари фарзандонам аз саҳар то бегоҳ дар таги телевизор нишаста кино тамошо мекард ва ягон бор намепурсид, ки бачаҳояш серанд ё гурусна, сарлучанд ё пойлуч. Бекорхӯҷагии шавҳарам ба дилам заду рӯзе дар сари қаҳру ғазаб ба сараш дод зада гуфтам: “Баракати хонаамро парондӣ, тайёрхӯр, аз пайи зиндагӣ шав ё баромада рав, то туро набинаму насӯзам!” Мардакам ба ғазаб омада, маро мурданивор зад ва баромада рафт. Дигар ӯро надидам. Чаенде пас аз забони ҳамсояҳо шунидам, ки шавҳарам ба Русия рафтааст. Акнун волидон ва хешу табораш аз ман домангиранд. Хушдоманам дар тамоми маҳалла овоза кардааст, ки писарам аз дасти зани ҷакокаш ба ҷон расида, сарашро гирифта аз Тоҷикистон баромада рафт. Фарзандонам ҳар шаб барои падарашон гиря мекунанд. Намедонам сарамро ба куҷо занам. Ҳоламон рӯз то рӯз бадтар шуда истодааст, чизи хӯрданӣ надорем.
Мехоҳам бо воситаи сайти Оила ба шавҳарам Абдурасул бигӯям:
-Хона бе мард зебу зиннат надоштааст. Мардакҷон, илтимос, ба Ватан баргард, ки модару бачаҳоят маро зинда ба зинда мехӯранд!
Гулсара, н. Ҳисор