Arzon march 2024
Муҳаммадҷон дар дарёи Вахш ғарқ шуд!
4492


Тавре ки ба хабарнигори сомонаи Оила-тч хабар доданд, саннаи 01-07-19 тахминан соатҳои 12.00 дар шаҳри Бохтар як ҷавони 19 сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, Муҳаммадҷон бо нияти сайру тамошо ба соҳили дарёи Вахш рафта, сароғоз қариб ним соат оббозӣ кардани дигар ҷавононро тамошо кардааст. Дар оби дарё мисли моҳӣ ғутта задани ҳамсолонашро дида, дар дили ин ҷавон низ майлу ҳаваси оббозӣ кардан пайдо мешавад ва аз баландӣ худро ба дарёи Вахш ҳаво медиҳад. Азбаски маҳорати оббозӣ кардан надошт ва забони дарёро хуб намедонист, амвоҷи пуртуғёни Вахш Муҳаммадҷонро дарҳол ба коми худ фурӯ мекашад.

Ҳамин тавр ин ҷавони ормонӣ ба гирдоби дарё афтида, дигар ба соҳил намебарояд.
Муҳаммадҷон Иброҳимов соли 2000-ум ба дунё омада, дар наздикии бозори марказии шаҳри Бохтар ҳамроҳи аҳли хонаводааш зиндагӣ мекард.
Падару модар, хешу табор, дӯстону наздикони Муҳаммадҷон ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода пас аз ҷустуҷӯйҳои зиёд дирӯз соати 10-00 ҷасади Муҳаммадҷонро аз дарёи Вахш пайдо намуданд. Ҷанозаи ин ҷавони ормонӣ дар ноҳияи Кушониён соатҳои 14- барпо гашта, пайвондонаш бо нолаҳои зор ҷисми бе ҷони Муҳаммадҷонро ба хок супурданд. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД