Бо тасфон шудани ҳаво пӯсти рӯям дар офтоб месӯзад. Дугонаам ба ман малҳами аз офтоб ҳифзкунандаро тавсия дод, вале намедонам кадом намудашро харидорӣ намоям. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Нигора, ш. Исфара
Дерматологу косметологон ба бонувон истифода намудани малҳамҳои аз офтоб ҳифзкунандаро тамоми сол, новобаста аз вазъи ҳаво маслиҳат медиҳанд: дар баҳорон, ҳангоми бедоршавии табиат, тобистон аз нури тасфони офтоб, тирамоҳ дар ҳавои боронӣ, зимистони қаҳратун низ. Актрисса ва моделҳои машҳур ҳамарӯза аз малҳамҳои ҳифзкунанда истифода мебаранд, чунки хуб медонанд, нурҳои офтоб тавассути абрҳо низ ба пӯст зарар мерасонанд.
SPF чӣ маънӣ дорад?
Дар тамғакоғази малҳами аз офтоб ҳифзкунанда SPF ё УФ –филтр навишта мешавад. Сатҳи SPF дар малҳам аз 2 то 60 буда метавонад. Барои ҳифзи самараноки пӯсти рӯй дараҷаи миёна SPF 15 мебошад. Дараҷаи баландтаринаш малҳамҳои дорои SPF 50+ ё SPF 60 буда, чунин филтрҳо пурра таъсири офтобро безарар месозанд.
Тибқи санҷишҳо, ин малҳамҳо қодиранд то 98% нури зарарноки офтобро боздоранд.
Интихоби дуруст
Дар интихоби малҳами аз офтоб ҳифзкунанда ниҳоят ҷиддӣ бошед. Навиштаҷоти он ки малҳам хусусияти аз офтоб ҳифзкунанда дорад, кафолати дурустии ин гуфтаро таъмин намекунад. Ин танҳо як усули тарғиботи мол буда метавонад, бинобар ин, қабл аз харидорӣ намудан ҳатман таркиби малҳамро дида бароед. Дар таркиби малҳами аз офтоб ҳифзкунанда бояд оксиди синк, диоксиди титан, авонбензон мавҷуд бошанд. Авонбезонро ҳамчунин Parsol 1789 меноманд. Авонбензон дар танҳоӣ самарабахш нест, аз ин рӯ хуб мебуд, ки малҳам ақаллан дутои қисматҳои дар боло номбаршударо дар таркибаш дошта бошад.
Ба таркиби малҳамҳои барои рӯй ҳамчунин моддаҳои амсоли Mexoryl SX ва Tinosorb дохил шуда метавонанд –маҳз ҳамин моддаҳо пӯстро аз таъсири манфии афканишоти зарарнок ҳифз менамоянд. Мабодо дар таркиби малҳам қисматҳои номбаршуда мавҷуд набошанд, донед, ки ин малҳам аз офтоб ҳифзкунанда нест.
Малҳамро чӣ гуна бояд молид?
Қоидаи дуруст молидани малҳами муҳофизатӣ ниҳоят оддӣ аст. Малҳамро ба пӯсти пешакӣ тозашудаву хушки рӯй 30 дақиқа қабл аз кӯчабароӣ мемоланд. Дар ин муддат пӯст малҳамро меҷабад ва таъсири муҳофизатӣ сар мешавад. Дар давоми рӯз малҳами муҳофизатиро аз нав молидан лозим аст. Шумо чанд воситаи нигоҳубинкунандаи пӯстро истифода мебурда бошед (мушкоб, сыворотка, гел), барои он ки таъсири малҳами муҳофизатӣ кам нашавад, онро аз ҳама охир молед.
Шабона малҳам намолед
Агар баъди молидани малҳами муҳофизатӣ дар давоми рӯз рӯй ҷило пайдо намояд, каме упо молидан мумкин аст. Упо (пудра) низ бояд хусусияти муҳофизатӣ дошта бошад. Дар тобистон малҳами муҳофизатиро на танҳо ба рӯй, балки ба гардан низ молидан лозим. Малҳами муҳофизатиро бегоҳӣ бо ёрии воситаҳои шустушӯии пардоз (средство для удаления макияжа) бишӯед. Шабона молидани малҳами муҳофизатӣ маънӣ надорад. Бегоҳ малҳами одии шабона, зардоб (сыворотка) ё гел молед, кифоя аст.
Хӯриши «Ананас»
Маҳсулоти лозима:
2-3 дона картошка
300-400 г гӯшти мурғ
150 г нимаҳои чормағз
3 тухм
100 г панир
4-6 бодиринги очонидашуда
1 пиёз
майонез, намак, мурч
Тарзи таҳия:
Картошкаи дар об пухтаро аз турбтароши сӯрохиҳояш калон гузаронед, тухмҳоро дар об пухта аз турбтарош гузаронед. Гӯшти мурғро пухта, хунук кунонида, аз устухон ҷудо ва хурд реза кунед. Панирро аз турбтарош гузаронед. Бодирингро хурд реза кунеду пиёзро маҳин. Маҳсулотро дар табақи дарозрӯя ба таври зерин қабат ба қабат чинед: қабати 1 картошка, дуюм пиёз, сеюм ними гӯшти мурғ, чорум бодиринги очонидашуда, панҷум боқимондаи гӯшти мурғ, шашум панир, ҳафтум тухм. Дар охир ба хӯриш нағзакак майонез молида, бо чормағз оро диҳед. Ба ҷои нимаи чормағз чормағзи кӯфта ё пораҳои замбӯруғи очонидашударо истифода бурдан мумкин аст.
Помидори қимадор
Маҳсулоти лозима:
6-7 помидори миёна
300 г гӯшти қимма
300 г замбӯруғ
150 г пиёз
100 г панир
намак, мурч
равғани растанӣ
Тарзи таҳия:
Пиёзро маҳин, замбӯруғро хурд реза кунед. Пиёзро дар равған сурх карда, баъдан замбӯруғро андохта зирбонед. Гӯшти қима ва намаку мурчро андохта15-20 дақиқа пазед. Дилаҳои помидорро бурида гиреду ба дарунаш қима андозед. Панирро аз турбтарош гузаронед ва ба болои помидори қимадор пошед. Метавонед бо нахӯди сабз ва кабутӣ оро диҳед.
Макарони флотӣ
Маҳсулоти лозима:
200 г макарон
400 г гӯшти қима
2 пиёз
намак, мурч
Тарзи таҳия:
Макаронро дар намакоби ҷӯшидаистода пухта обашро полонед. Гӯштро қима карда, намаку мурч пошида зирбонед. Пиёзро алоҳида сурх карда бо гӯшт аралаш кунед ва бори дигар аз гӯштқимакунак гузаронед, пасон бо макарон аралаш карда гарм кунед.