Зану шавҳари 107 ва 100-сола Карам ва Катари Чанд бо шарофати 87-сол зиндагии якҷоя ба сар бурданашон ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шуданд.
Дар аввал ин оилаи ҳиндӣ дар Панҷоби Ҳиндустон умр ба сар мебурданду алҳол муқими шаҳри англисии Брэдфорд ҳастанд. Карам ва Катар соҳиби 8 фарзанд ва 28 набераанд. Пиру кампир асрори хушбатии оилавияшонро дар шӯхиву ханда ва ғамхории тарафайн мебинанд. Бояд қайд намуд, ки ин зану шавҳари дарозумр умуман гӯшт намехӯранд ва ба саломатияшон диққати хоса медиҳанд.