Ҳамасола дар саросари дунё сар задани садамаҳои автомобилӣ ҷони садҳо нафар одамонро дар хатар гузошта, риштаи умри эшонро бармеканад.
Чунин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон низ ба чашм мерасад. Ронандаҳо қоидаи ҳаракати роҳро гум карда, ба ҷони чандин касон хатар ворид месозанд.
Мақсад аз ин гуфтаҳо садамаи саннаи 25-уми феврал рух дода аст, ки Бобур Обидҷонови 22 сола, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», ҳангоми ҳаракат дар роҳи Панҷакент аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба ҷӯйбори обгузар чаппа шудааст. Ин ҳодиса тахминан соатҳои 22:30- и шаб рӯх дода, дар он ҳангом мусофири он Умарова Фотима, ки 37- сол дорад, бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ЗАНИ МУРДА ДАР ДАРУНИ ТОБУТ КӮДАК ЗОИД
Мутаассифона, чунин ҳодисаҳо бори аввал нест. Чунин садамаи фалокатвор соати 08:30 дар шаҳри Душанбе рӯх дода, боиси марги пиёдагарди 21-сола, Рулонов Толибҷон гардидааст. Ронандаи мошини тамғаи “Форланд”, Расулов Миралӣ, соли таваллудаш 1987 ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ба самти кӯчаи Лучоб, дар рӯ ба рӯи бинои “Маҷмааи Варзишӣ”, ро пахш кардааст.
Ҳамчунин шаби гузашта дар наздикии Сирки давлатӣ, мошини тамғаи “Опел-Зефира”, рақами давлатиаш номаълум, пиёдагарди солхӯрдаро пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Пиёдагард зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ду пой маҳрум гардидааст.
Ҷойи тазаккур аст, ки вақтҳои охир ҳолатҳои зери чархи мошин мондани роҳгузарон зиёд ба чашм мерасанд. Ҳангоми гузаштан аз роҳҳо эҳтиёт бошед!