Зани 33-солае аз қисмати ҷанубии кишвари Африқо ҳангоми дар моҳи нуҳуми ҳомиладорӣ қарор доштанаш вафот мекунад.
Мувофиқи расму оинҳои ин кишвар мурдаи занро ба идораи дафн супориданд, вале баъди даҳ рӯзи маргаш, вақте ки маитро ба хок супоридан мехостанд, дар дохили тобут тифли навзодро пайдо намуданд. Тифли тавлидёфта, ки ягон осоре аз ҳаёт надошт, якҷоя бо модари ормонияш ба хок супорида шуд.
Ба ақидаи табибон сабаби дар тобут таваллуд кардани ин зани ҳомиладор дар он аст, ки баъди марг мушакҳо танг шудаанд.