Тавлиди ин тифлаки булаҷаб, ки чор дасту чор по дорад, дар саросари Ҳиндустон боиси шӯру валвала гашт.
Мардуми сарзамини Ҳинд ин тифлаки ғайри одиро муқаддас ва таҷассумгари худои ҳиндувон Ганеш мешуморанд. Садҳо одамон ҳамарӯза барои аз наздик дидани “Кӯдак-Худо” ба манзили волидони тифлаки ғалатӣ меоянд. Падару модараш ҳанӯз барои кӯдаки чорпояву чордаста номи муносиб интихоб накардаанд.