Бекасу танҳо
Ман дар мактаб-интернат тарбия ёфтаам ва кӣ будани падару модарамро намедонам. Пас аз хатми мактаб – интернат дар курси шашмоҳаи фурӯшандагӣ таҳсил карда, дар мағозае ба ҳайси фурӯшанда ба кор даромадам. Солҳои Шӯравӣ барои ман барин ятимони бе касу кӯй аз тарафи давлат хобгоҳ медоданд. Банда низ дар ҳуҷраяки танги хобгоҳе зиндагӣ мекардам. Корам хуб буду аз чизе танқисӣ намекашидам...
Ҳамтақдир
Дар яке аз рӯзҳои зебоӣ баҳорӣ тақдир маро бо ҷавоне рӯ ба рӯ кард, ки мисли худам бе касу кӯй будааст. Носир ронанда ва бисёр ҷавони сахию дасткушод буд. Мо бо ёрии ҳамкорону дӯстонамон маъракаи хоксоронае ороста, зану шавҳар шудем ва дар як канори шаҳр ҳавличаеро иҷора гирифта, зиндагиро оғоз намудем.
-Азизам, баъди шаш моҳ аз тарафи автобаза ба ман хонаи дуҳуҷрадор медиҳанд. Насиб бошад, туро хушбахт мекунам,– ваъдаҳои ширин медод Носир.
Ман аз дӯстдориҳои шавҳари меҳрубонам гул–гул шукуфта, Худоро шукр мекардам, ки чунин зиндагии ширину гувороро насибам гардондааст, вале...
Касофати ҷанг
Ба бахти бади мани ятим соли 1992 дар кишварамон ҷанг сар шуд. Мардум ба ду майдон тақсим шуда, силоҳдорон зиндагии осоиштаи сокинони шаҳрро халалдор месохтанд. Ҳамон шабу рӯз ҳомиладор будам, шавҳарам кӯшиш мекард, ки ташвишу изтироби қалбашро пинҳон дорад, вале аз нигоҳаш пай мебурдам, ки сахт дар ҳарос аст. Дил гувоҳи ҳақ аст гуфтагӣ барин, як шоми торику хунбор Носир қурбони тири дайдуе гашта, маро танҳои танҳо гузошта рафт...
Ғамбемор
Марги ягона шахси азизу ғамхор-шавҳарам маро аз ақл бегона кард. Ба садамаи сахти руҳӣ гирифтор шуда, шабу рӯз гиря мекардам. Тақрибан як ҳафта баъди марги ҳамсарам маро дарди зодан гирифт. Ҳамсоязанҳои дилсӯз пиёдаю савора маро то таваллудхона бурданд. Он ҷо касе набуд, танҳо баъди чанд соат ду зани хилъати сафедпӯш ба наздам даромаданду дар рӯйи дастони онҳо духтарчаи зебое таваллуд намудам...
Ҷудоӣ нолаҳои зор дорад....
Ду рӯз пас маро ҷавоб доданд, зеро дар шаҳр тирпаррониҳо идома доштанд.
- Ман кӯдакамро намегирам,- гуфтам бо ашки сӯзон.
-Охир худат гуфтӣ, ки ин фарзанди нахустинат аст, пас, чаро аз вай даст мекашӣ?-бо тааҷҷуб пурсид духтур.
Гириста-гириста қисмати талхамро ба духтурзан нақл кардам ва гуфтам, ки ман худам як одами хонабардӯш ҳастам, ин тифли навзодро ба куҷо мебарам?!
Пас аз чанд соат духтурзан бо зани зебое ба наздам омад. Онҳо ба ман хӯрокворӣ ва як миқдор пул доданду зан кӯдакамро гирифта рафт. Вақте ки тифлакамро ба дасти он зани ношинос додам, хаёл кардам, ки диламро аз сина канда гирифтанд, вале дигар чора надоштам...
Кампири меҳрубон
Мани ғамзадаю бемор оҳиста–оҳиста ба сӯйи хонаи бачаҳо роҳ пеш гирифтам, вале дари он ҷоро баста ёфта ба хонаи мураббияамон, кампираки меҳрубони рус, ки Лида– хола ном дошт, рафтам. Пиразан маро бо хурсандӣ пешвоз гирифта гуфт, ки писару келинаш аз тирпаррониҳо тарсида, ӯро танҳо гузошта ба Русия рафтанд. Худамро ба оғӯши ӯ партофта, зор-зор гиристам ва фоҷиаи ба сарам омадаро ба кампир нақл кардам. Кампир маро барои аз духтаракам даст кашидан сарзаниш карда, гуфт, ки камтар ба худ биёям, ҳатман ба таваллудхона рафта кӯдакро мегирем, аммо...
Ганҷи аз даст рафта
Баъди се рӯз ману Лида-хола ба таваллудхона ба суроғи тифлак рафтем, аммо духтурзан гуфт, ки оилаи духтари маро гирифтагӣ як рӯз пеш ба Тошканд кӯч бастанд. Духтарчаи ман мисли ганҷи ноёб аз даст рафта буд ва дигар аз ҷангу ҷанҷолу гиряву нола суде набуд, мо ночор ба тақдир тан дода, ба хона баргаштем...
РӮЗИ СИЁҲЕ МОДАРЕ, КИ КӮДАКИ МАЮБ ДОРАД
Зиндагӣ-чархи гардон
Ман сақичфурӯшӣ карда, чандин сол Лида–холаи пиру нотавонро нигоҳубин кардам. Пиразан ваъда дода буд, ки манзилашро ба ман мерос мегузорад, вале ҳеҷ дастамон нарасид, ки ба идораи нотариалӣ рафта, дар ин хусус ҳуҷҷат тартиб диҳем. Аз афташ соҳиби хона шудан дар насибам набудааст, ки кампир якбора бе ягон касалӣ аз олам даргузашту писару келинаш омада хонаашро фурӯхта рафтанд. Мани бе касу кӯй боз танҳою зор монда, кулбачаи фарсудаеро ба иҷора гирифтам. Рӯзи дароз ба хотири як луқма нон ёфтан ба по рост истода савдо мекардам, шабона бошад, хотираҳо азобам медоданд. Дарди виҷдон вуҷудамро месӯзонд, охир, ман аз фарзандам, аз як пораи дилам даст кашида будам...
Бачаи худодод
Як субҳ ба ҷои корам шитоб доштам, ки писарчаи 4-5 солае “аяҷон” гӯён, пойҳоямро ба оғӯш гирифт. Дасту по хурда, чӣ кор карданамро намедонистам. Ҳамин вақт марди ҷомапӯши лоғарандоме пайдо шуд ва аз дасти писарак дошта, зорикунон гуфт:
-Далерҷон, биё хона равем...
Кӯдак дудаста пойҳои маро маҳкам оғӯш карда бо гиряи талх мегуфт: -Аяма мебарем, набошад намеравам...
Хам шуда ашки чашмони писарчаро тоза кардам ва аз рухсораҳояш бӯсидам, баъд дасташро гирифта беихтиёр аз қафои ҳамон марди ношинос равон шудам.
Дар роҳ кӯдак он қадар саволу ҷавобе кард, ки ман тахминан фоҷиаи ба сари ин оила омадаро фаҳмидам. Хонаашон ду истгоҳ дуртар будааст. Аз дарвоза даромадан баробар нарасидани гармии дастони занро дар ин макон ҳис кардам...
Бахт аз сари роҳ
Ҳамин тавр бо падари Далерҷон- Хушнуди муаллим ошно шуда, саргузашти талхамро ба ӯ нақл кардам ва гуфтам, ки агар хоҳад, ба писараш модар мешавам...
Ман аз ин издивоҷ баракати зиёде дидам, хусуру хушдомани собиқи Хушнуд маро духтар хонданд. Пиру кампир “ту ба Зулайхои мо ин қадар монандӣ” гӯён, садқаю бандаам мешуданд. Хусуру хушдомани худам низ борони меҳрубониро ба сарам мерехтанд...
Бозии тақдир
Тамоми муҳаббати модаронаамро ба Далерҷон бахшида, ӯро ба воя расондам. Ҳангоми дар курси сеюми донишгоҳ хонданаш писаракам иқрор шуд, ки ба духтаре ошиқ шудааст. Дастархони калоне карда ҳамроҳи падараш ба хостгорӣ рафтем. Вақте ки модари келиншаванда ба пешвозамон баромад, дилам сахт – сахт ба тапиш даромад, зеро ин ҳамон зане буд, ки замоне духтараки навзоди маро гирифта рафта буд. Зан ҳамон хел тозаву тар ва зебо буд, фақат каме фарбеҳ шуда буд...
Шавҳарам дар хонаи дигар бо падари арӯсшаванда монду ман бо бонуи хонадон танҳо мондам. Дилам тоқат накарда тахминамро ба ӯ гуфтам. Симои зан якбора тағйир ёфта рангаш парид ва бо лабханди сард гуфт:
-Баъди ҳаждаҳ сол ҳам маро шинохтед-а?!
Ашкамро дошта натавониста бо оби дида аз пушаймонию сарсониҳоям қисса кардам. Зан гуфт, ки даҳ сол дар Тошканд зиста, боз ба Ватан баргаштаанд...
Духтар ё келин?
Ҳамин тавр Худованд баъди 18-сол оҳи дили мани мискинро шунида, Шукрияи нозанинамро ба ман бозгардонд. Ману қудоям маҷбур шудем, то ҳақиқатро ба Шукрияву Далерҷон кушоем.
Инак, шаш моҳ боз ман бо духтар-келину писар – домодам зиндагӣ дорам ва аз шодмонӣ сарам ба осмон мерасад.
Муштарии “Оила”