Formula novemver 2024
Дарди дили сағераи падардор
3611

«Русия мераваму кор карда шуморо аз азоби камбағалиб нодорӣ халос мекунам. Худо хоҳад. соҳиби зиндагии шоҳона мешавем!»-бо чунин ваъдаҳои болохонадор падарам панҷ сол пеш модари беморам ва ману хоҳарчаи сесолаамро партофта ба Русия рафта буд, вале то имрӯз як пули пучак ҳам нафиристодааст.

Аввалҳо тағою амакҳоям кам-кам кўмак мекарданд, вале аз афташ рафта-рафта ба дилашон задем, ки «аробаи зиндагиатонро худатон кашед» гуфта аз мо рӯй тофтанд. Онҳоро фаҳмидан мумкин, охир дар ин замона одам зиндагии зану фарзандони худашро базӯр пеш мебарад. Барои аз гуруснагӣ намурдан ман аз баҳри таҳсил гузашта дар назди бозорчаи маҳалаамон ба пок кардани пойафзоли мардум шурӯъ намудам. Дар як рўз базӯр 10 сомонӣ ёбам ҳам, баъзе майда-чӯйдаи рӯзгор ва доруҳои модарамро мехарам. Доруфурӯшон ҳоли зори маро дида доруҳоро аз нархаш арзонтар медиҳанд. Худо хайрашонро диҳад! Субҳ креми пойафзол ва дигар лавозимоти заруриро гирифта ба бозорча мераваму шом хаставу беҳол ба хона бармегардам. Як мизоҷро гусел кардан ҳамагӣ як сомонӣ арзиш дорад, вале на ҳама пойафзолашонро дар кӯча пок мекунанд.


КУШТОРИ ВАҲШИЁНАИ ҶАВОНМАРДИ ВАҲДАТӢ ДАР МАСКАВ


Мардумро зорӣ мекунам, ки амакҷон, акаҷон, биёед туфлиҳоятонро тоза кунам, баъзеашон бо шубҳа ба ман менигаранд, бархе «канӣ ҳунаратро нишон деҳ» гуфта пояшонро дароз мекунанд, баъзеи дигар маро гадо гумон карда ба наздам як яксомона партофта мераванд. Аламам мекунад, ки ҳамсолонам бо либосҳои зебо дар паси миз нишаста дарс мехонанду ман бошам, рӯзи дароз барои як сомонӣ гадо барин дар кӯча аз паси одамон давида, чангу хоки пояшонро лесида мегардам. Барои он ки тамоман бесавод намонам, китобҳоямро бо худ меорам, вале магар дар кӯча китоб хонда мешавад? Нав ду ҷумла мехонам, ки ягон роҳгузар пайдо мешавад ва ман боз бо умеди як сомонӣ «акаҷон, туфлиҳотона тоза кунам? Илтимос, не нагӯед, чунон пок мекунам, ки ялаққосӣ мешаванд» гӯён, аз пасаш медавам. Бисёриҳо «гум шав сағераи бесоҳиб» гуфта, маро дашнома медиҳанд. Аз шарм замин намекафад, ки ман дарояму дигар рӯйи касеро набинам. Илтимос, номаи маро дар «Оила» чоп кунед, то падари фарзандбезорам хонда шарм дорад.
Падарҷон, рафтори номардонаи ту маро гадои кўча ва дар назди бачаҳои маҳалаамон сархаму забонкӯтоҳ намудааст. Агар фикри ду фарзандатро мекардӣ, имрўз мо гадо барин аз паси одамон намедавидем. Бемории модарам аз як сў ҷигарамро пора-пора мекунаду бедаракии ту аз сӯйи дигар, дигар оби чашмамро марезон, падар!
Раҳматуллои 10- сола, аз маҳ. Чоряккорон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД