“Вой сари бесоҳибам! Вой умри беҳуда хазонгаштаам! Дарди дили зардобама ба кӣ гӯям, мардум? Гадою бехонумон шудам аз рӯйи фарзанди нохалаф.
Бегона не, писару келини худам маро бехонумон карданд. Илоҳо хонаат сӯзад раис бо ҳамон духтари калонкардаат! Ман барин дар кӯча монда кафан наёбӣ…»,- гадозан худ ба худ гап зада касеро дуоҳои бад мекарду мегирист. Ҳисси кунҷкобиам боло гирифту наздиктар рафта пурсидам:
-Бибиҷон, барои чӣ ин қадар саратонро ба сангу чӯб зада гиря мекунед? Магар ягон кас шуморо хафа кард?
-Эҳ бачаҷон, ҳоли маро напурс, дилу ҷигарам аз ғам заҳру зардоб гаштааст. Илоҳо хонаи духтардор сӯзад ба духтари мори калонкардааш,-кампир боз касеро дуои бад кард ва оби чашмонашро, ки мисли дарёи маҷрогумкарда ба бари рӯяш шорида, чеҳраи пурожангашро мешуст, бо гӯшаи рӯймолаш пок кард.
-Киро ин қадар дуои бад карда истодаед, мома? Барои чӣ дар хонаатон нею дар кӯча хобидаед? Магар фарзанд надоред?-Ҳисси кунҷкобиаш бештар аланга гирифта, гадозанро саволборон кардам.
-Дорам писарам, дорам,-оби чашмонашро поккунон гуфт гадокампир.
Аз нақли гадокампир
Аз пайи хондан ва кору бори давлатӣ шуда дер ба шавҳар баромадам. Одами наосуда куҷо равад, ки осояд гуфтагӣ барин, нав як писар таваллуд карда будам, ки шавҳарам аз олам гузашт. Хотири фарзандам дигар ба шавҳар набаромадам. Ҳаётамро ба писарам бахшидам. Раиса будам, аз ягон чиз танқисӣ намекашидам. Писарамро бо гули чиз калон кардам. Ҳафтае набуд, ки барои писарам ягон либосу бозичаи нав нахарам. Бачаҳои падардори ҳамсоя ҳамеша куҳнаколоҳои писари маро мепӯшиданд. Намедонам эрка карданам сабаб шуд ё аслан бадзод буд, ки писарам бачаи хуб набаромад. Ман тамоми буду шудамро сарф карда ӯро ба донишгоҳ дохил намудаму вай бошад, ба ҷойи хондан роҳи ҷӯрабозию духтарбозиро пеш гирифт. Шаҳри калон писарамро расво кард, расво! Ман, ки аз шаҳр дур, дар ноҳия зиндагӣ мекардам, бехабар аз найрангҳои писари эркатулфорам, ҳар моҳ ёфту тофтамро ба ӯ мефиристодам, то бачаи студентам дар ин ҷо азоб накашад.
Бачаи эрка-дарди сар
Ҳамин тавр аз байн ду сол гузашту рӯзе ба хонаам мактуб омад. Он номаро хонда дуд аз димоғам баромад. Фаҳмидам, ки писарамро аз донишгоҳ хориҷ кардаанд. Ғами хориҷ шудани писарам маро бемор кард. Дар рӯйи ҷогаҳ хобида будам, ки писарам даромада омад ва мағрурона гуфт:
-Дигар ба дарс намеравам, барои ман ягон мошин харида деҳ, таксист мешавам!
Гиря карда гуфтам:
-Магар ман ба ҳамин умед туро ба донишгоҳ дохил карда будам? Худам нахӯрдаю напӯшида ёфту тофтамро ба ту сарф кардам, ба умеде, ки писарам прокурор мешавад ва якрӯза мурдаамро соҳибӣ карда бо обрӯ гӯру чӯб мекунад. Барои чӣ аз таҳти дил нахондӣ? Чаро орзуҳои маро ба хоки сиёҳ яксон кардӣ? Фикр накардӣ, ки модарат туро бо чи қадар азобҳо ба донишгоҳ дохил кард…
-Эй кампир, ин қадар наҷак, дигар панду насиҳатат фоида надорад, маро аллакай хориҷ карданд. Беҳтараш пулро барор,-ба миёни суханам лагад зада гуфт писарам.
-Ҳар чи доштам, сарфи хондани ту кардам,-гуфтам оҳи сард кашида.
Писарам ба гапам бовар накарда тамоми чизу чораи хонаро такорӯ намуд.
Девонавор дод зада «пулҳоро дар куҷо пинҳон кардӣ? Зудтар барор» мегуфт.
Маҷнуни сонӣ
Дидам, ки намешавад, иқрор шудам, ки каме маблағ дорам, вале он пулро барои хонадор кардани ӯ мондаам. Писарам ин гапро шунида каме нарм шуд ва аз ман бахшиш пурсида гуфт:
-Оча, ман зани қишлоқӣ намегирам. Дар шаҳр як духтари нағздида дорам. Номаш Обида, падараш раиси калон аст. Пагоҳ ба хонаашон хостгорӣ рав.
Сухани писарамро дар замин намонда, рӯзи дигар аз сари субҳ кулчаҳои ширмол пухтам ва мағзу мавизу қанду қандалоти бисёре харида ба шаҳр хостгорӣ омадам. Падари духтар дар ҳақиқат бой будааст, хонаашон сеошёна, кару фарашон зиёд, моро писанд накарда дар рӯйи кати ҳавлӣ шинонданд. Мақсади омаданамро гуфтам. Зани раис «падараш медонад» гуфта абрӯяшро чин кард. Дертар раис ҳам расида омад. Аз афташ занаш хостгор будани маро ба ӯ фаҳмонд, ки соҳибхона гапро ба дарозо накашида «ман бо зани бе шавҳар қудо намешавам» гӯён, моро навмед гусел кард.
Найрангҳои бойдухтар
Ба тақдир тан дода ба хона омадам, вале ду рӯз пас худи зани раис аз куҷое рақами телефонамро ёфта занг заду гуфт:
-Духтарамон ду пояшро дар як мӯза андохта, ман танҳо ба Абдулло мерасам гуфта истодааст, майлаш фардо бегоҳ биёед, онҳоро фотиҳа мекунем!
Хурсанд шуда боз кулчаю тӯша гирифта хостгорӣ рафтам. Ҳамон шаб маслиҳатро пазондем. Дар байни як моҳ тӯй барпо гашт. Гумон доштам, ки писарам хонадор шуда марди баркамол гашту акнун аз паси зиндагӣ мешавад, вале хаёлам хом баромад. Келинам нобоб баромад. Аз рӯзи аввали қадам ба остонаи мо гузоштанаш вай мудом ману писарамро ҷанг меандохт. Чашмони калон-калони девмонандашро ало-було карда ба сари писарам дод мезад ва талаб менамуд, ки хонаамонро фурӯхта ба шаҳр кӯчем. «Шумоён ягон рӯз дар ҳамин қишлоқи бадбӯй мурда меравед» гуфтанашро борҳо бо ҳамин ду гӯши худам шунида бошам ҳам, чизе намегуфтам. Ба зиндагиашон дахолат намекардам, то ягон рӯз мардум нагӯянд, ки раиса бо як келин соз намегирад.
Келин не, радиои Би-би-си
Рӯзе келин ба модараш занг зада «оча, дар хонаи ин гадоҳо ягон чизи хӯрданӣ нест, ба падарам гӯед, ягон чизаки бомазза фиристад» гуфту ин гапаш мисли корд ба устухонам расид, чунки дар хонаи мо ҳама чиз буд, на аз гӯшт кам будему на аз қанду қандалот ва мағзу мавиз. Насиҳаташ кардам, ки ин хел нагӯяд. Ба ҷойи узр пурсидан келинам, ки арӯсаки думоҳа буд, қаҳр карда ба хонаи модараш рафт. Бегоҳ писарам аз кор баргашту занашро дар ҳавлӣ надида табъаш хира шуд. Ҳодисаро ба ӯ нақл карда хоҳиш намудам, ки пагоҳ рафта арӯсашро биёрад. Ҳамин тавр келин боз ба хонаам баргашт, вале одам нашуд. Ҳамоно худашро шоҳдухтар гирифта моро паст мезад.
Моҷарои «таппак»
Ҳавз пур шавад, мерехтааст писарам, нағмаҳои келини гӯрсӯхтаам оқибат косаи сабри маро лабрез намуд. Вай рӯзи дароз буққа барин мехобиду мани кампир кору бори хонаро карда, хӯрок мепухтам. Рӯзе ош пухтам. Дар сари дастурхон келин бешармона «шумо то кай дар ҳамин қишлоқи бадбӯй таппак хӯрда мешинед?» гуфта, мисли девонаҳо қиқиррос зада хандид. «Таппак мехӯред» гуфтанаш аз ҷавшани ҷонам гузашту ӯро зада-зада аз дарвоза берун кардам.
Шомгоҳон писарам ба хона баргашт. Аз авзояш маълум буд, ки дар оташи қаҳру ғазаб ҷӯшида истодааст. Фаҳмидам, ки зани маккорааш ӯро муқобили ман шӯрондааст. «Ту зиндагии маро вайрон кардан мехоҳӣ» гӯён, Абдулло ҷанҷол бардошт. Гуноҳи занашро гуфта, хоҳиш кардам, ки ҳанӯз дер нашуда таноби бойхотуни шаҳриашро кашад, вале ба ҷойи ин писарам «барои чӣ зани маро аз хона зада пеш кардӣ, аҷуза» гӯён, ба сарам мушт бардошт. Хориам омад аз рафтори писарам «ба ҷойи алоби чашми занатро гирифтан ба сари ман зӯрӣ мекунӣ» гӯён зор-зор гиря кардам. Писарам бештар асабонӣ шуда, маро чунон дашномҳое дод, ки ба такрор карданашон забонам намегардад. Ҳаққу ҳамсояҳо садои доду фиғонро шунида ба тамошо баромаданд. Аксари душманонам «раисаро бачааш зада истодааст» гӯён, заҳрханда мекарданд, зеро то он рӯз ман яке аз одамони бообрӯи маҳаллаамон ба шумор мерафтам ва мардум ҳадде надоштанд, ки аз хати кашидаам як қадам берун бароянд.
ТОҶИКОН ДАР ХИТОЙ АЗ КАРОНА-ВИРУС СИРОЯТ ЁФТАНД Ё...?
Шарти писар
Бо ҳамин келинам як моҳ ба хона наомад. Абдулло чанд маротиба барои овардани занаш рафта бошад ҳам, хусуру хушдоманам «бо духтари мо зиндагӣ кардан хоҳӣ, хонаатро фурӯхта ба шаҳр мекӯчӣ, вай дигар ба он қишлоқи бадбӯй намеравад» гӯён, иҷозат надоданд. Писарам зориву тавалло мекард, ки ба фурӯхтани хона розӣ шавам, аммо ман ҳеҷ аз деҳаи азизам дил канда наметавонистам. Абдулло дид, ки намешавад, дар наздам шарт гузошта гуфт:
-Оча, агар хонаро фурӯхта аз шаҳр хона нахарӣ, аз ин пас писар дорам нагӯй. Сарамро гирифта ба ягон кишвари дур баромада меравам, дигар на мурдаамро мебинию на зиндаамро, мурдааатро бегонаҳо гӯр мекунанд.
Медонистам, ки бачаи эркаю якравам як гап дорад, чизе, ки гуфт, ҳатман ҳамонро мекунад, чораи дигар наёфта ба хотири фарзандам хонаву дари боҳашамат ва боғҳои калонамро фурӯхта ба шаҳр омадам.
«Қуттича»-и тиллоӣ
Келин ду пояшро дар як мӯза андохта талаб кард, ки аз маркази шаҳр хона харем. Нарху навои марказро худат медонӣ писарам, пули як ҳавлии калон ва боғу роғ ҳамагӣ танҳо ба харидани ду дар хонача ва таъмири замонавиаш расиду халос. Ин хоначаи хурдакак, ки ба 42 ҳазор доллар харида ба 10 ҳазор доллари дигар таъмир карда будем ва пур аз мебелҳои қимматбаҳо гашта буд, ба назари мани як умр дар деҳа дар хонаҳои калон-калон ва ҳавлии пурдолу дарахт зиндагӣ карда лонаи мушро мемонд, вале келину писарам чунон хурсанд буданд, ки гӯё кони тилло ёфта бошанд. Хушбахтии писарамро дида ба тақдир тан додам. Хонаи навро Абдулло ба номи худаш ҳуҷҷат карда гирифт. Гумон доштам, ки келинам дигар барои ҷангу ҷанҷол кардан ягон баҳона намеёбад, вале хаёлам хом баромад. Як сол пас Обида писарча таваллуд карду ба қавле буҷулаш якбора асп хест. Акнун писарам аз хати кашидаи занаш берун намебаромад, мур гӯяд мемурд, зиҳ гӯяд, мезист...
Сафар ба Анталия
Набераам дусола шуду бобои сарватмандаш ҳамчун туҳфа дар зодрӯзи вай ба падару модараш роҳхатеро ба истироҳатгоҳи машҳури Анталия тақдим намуд. Писару келинам писарчаашонро гирифта ба Туркия рафтанд ва дар он ҷо қариб ду ҳафта дам гирифта омаданд. Ҳарду бисёр хурсанд бошанд ҳам, рафторашон ким-чихел шубҳанок менамуд. Аз ман пинҳонӣ пичир-пичир карда чизе мегуфтанду ҳамин, ки маро диданд, якбора ба лабашон муҳри хомӯшӣ мезаданд. Мани сода «ҳайр, зану шавҳар-дия, ягон гапи худашон будагист» гӯён, ба ин чандон аҳамият намедодам.
Макри зану шавҳар
Рӯзе, ҳангоми хӯроки шом писарам гапро аз дур оғоз намуда гуфт:
-Оча, ману занам ба Русия меравем. Хусурам бо воситаи шиносҳояш дар он ҷо барои мо кори сердаромаде ёфтааст. Розӣ бошед, то баргаштанамон шуморо ба хонаи бепарасторон бурда монам?
-Не, писарам, дар ду дунё ба он бесоҳибхона намеравам, охир ман бекасу кӯй нестам, фарзанд дорам, келин дорам, чаро ба онҷо мерафтаам…
Келинам мисли мор ба миёна даромада меҳрубонона ваъда кард:
-Очаҷон, мо шуморо якумра дар он ҷо монданӣ нестем, ҳамин ки омадем, худам рафта шуморо ба хона мебиёрам. Шумо одами пир, танҳо монда азоб мекашед, якравӣ накарда розӣ шавед.
-Намеравам гуфтам, намеравам! Россия меравед, Америка меравед, куҷое, ки мехоҳед, рафтан гиред, вале ба ман нарасед. Монед, ки дар ҳамин кулбаи худам то рӯзи мурданам одам барин зиндагӣ кунам, -дод задам асабонӣ шуда.
Писару келинам диданд, ки ман аз хона баромаданӣ нестам, байни худ чи маслиҳате карда ба хонаи падари Обида рафтанд.
Бехонумон
Аз байн даҳ рӯз гузашту аз писару келинам дарак нашуд. Худро тасаллӣ медодам, ки қаҳрашон паст шавад, албатта меоянд, вале рӯзе, ду марди ношинос ба хона омада, гуфтанд:
-Кампир, ба ту ду рӯз муҳлат, хонаро холӣ кун!
Бо ғазаб ба сарашон дод задам:
-Шумо кистед? Чаро ба хонаи ман омада чунин фармонфармоӣ мекунед?
-Мо ин хонаро як ҳафта пеш аз писарат харидем. Бовар накунӣ, мана ҳуҷҷатҳоро бубин, имзои писаратро мешинохтагистӣ.
Нобоварона ҳуҷҷатҳоро аз дасташон гирифтам. Гирифтаму ба қавле латтаам ба об афтид, зеро имзо дар ҳақиқат имзои Абдулло буд. Ба писарам занг задам, телефонаш хомӯш буд. Мисли мурғи посӯхта тозон ба хонаи қудоям давидам. Падару модари Обида маро бо чеҳраи гирифта пешвоз гирифта гуфтанд:
-Хонаро писарат фурӯхта бошад, айби мо чӣ? Онҳо кайҳо дар Русия гаштаанд.
Дигар чора надоштам, ночор ба хона омада, либосҳоямро ҷамъ кардам ва тарки манзилам намудам. Азбаски дар ин шаҳри калон ягон хешу табор ё шинос надорам, маҷбур шудам, ки гадоиро пеша намоям, то як пора нон ёфта хӯрам. Маро бегона, не писараму келини худам ба чунин ҳол расонданд. Раиса будам, бо касофатии келини шаттоҳ гадо шуда, умри маро рӯзҳои башумор мондааст, метарсам, ки ягон рӯз дар кӯча афтида мемураму мурдаам бесоҳиб мемонад. Шабу рӯз дуо мекунам, ки азоби маро фардо келини худозадаам аз фарзанду келинҳояш кашад, чунки ҳамин гадодухтари худобехабар маро аз писари яккаву ягонаам ҷудо ва дар пирӣ хору зору бехонумон намуд. Илоҳо мисли ман дар пирӣ бесоҳиб монию мурдаат дар кӯча монад, бойдухтари хонасӯз!
Кампири Солиҳа инро гуфта зор-зор гиря кард. Аз шунидани нақли ин гадозани бетақдир ҳатто мани ҳаводиси гуногуни зиндагиро фаровон дида низ ангушти ҳайрат газида худ ба худ гуфтам:
Худо аз чунин келинҳои маккора ҷумла мардумро нигаҳбон бошад!