Sebiston new 2024 october
Никоҳи пинҳонӣ ва рӯзи сиёҳи Ҳадиса
3416


Исмам Ҳадиса, чанде пеш тариқи вайбер бо як марди зану кӯдакдор шинос шудам. Калонсол бошад ҳам, мард бисёр дилкашу зебо буд ва ваъда дод, ки тамоми боигариашро ба пеши поям мерезад.

Ҳар рӯз дар телефонам пул мепартофт ва туҳфаҳои қимматбаҳо мехарид. Ростӣ, дар аввал фикр мекардам, ки аз ҳисоби ӯ ба қавле “хуб чарида”, баъд аз баҳраш мегузарам ва ин сир пинҳон мемонад, вале зуд-зуд бо ҳамдигар вохӯрданамон боиси он гашт, ки мани навҷавон ба ин марди ҳамсоли падарам дил бандам. Ошиқи сарватмандам зориву тавалло мекард, ки зани дуюмаш шавам, вале корро кашол дода, имрӯзу пагоҳ мекардам. Метарсидам, ки падарам ҳамсинну соли худаш будани домодшавандаро фаҳмида маро оқ мекунад. Вақте ин гапро ба ошиқам гуфтам, вай илоҷи корро дар ҳамболин шудан бо ман дида гуфт: “Падарат фаҳмад, ки ману ту мисли зану шавҳар зиндагӣ мекунем, маҷбур мешавад, ки ба никоҳи мо розигӣ диҳад.” Мани ба васвасаи пулу мол ва зиндагии шоҳона афтида, оқибати нангини ин корро андеша накарда, пинҳонӣ бо он марди пир никоҳ кардам ва ганҷи номусамро ба осонӣ ба ин пирсулуқ бахшидам. Гумон доштам, ки модарам падарамро розӣ мекунонад, ки маро ба ошиқи пирам ба шавҳар диҳад, то дар байни мардум беобрӯ нашаванд, вале хаёлам хом баромад. Баробари шунидани ин сухан модарам ошӯб бардошта, маро чунон зад, ки сару рӯям сиёҳу кабуд шуд.


Медонам, ки Шабнам низ соҳиби як духтари нозанин аст ва шояд ягон бор маро ба гӯшаи хаёлаш ҳам набиёрад, аммо ҳарчанд кӯшиш мекунам, ишқи авваламро фаромӯш карда наметавонам.


Шом падарам омад ва аҳволи бади маро дида пурсид, ки чӣ ҳодиса рӯй дод. Модарам буду шуди гапро ба падарам гуфту дар бало гирифтор шуд. Падарам ӯро барои бе назорат мондани ман мурданивор зада, аз хона пеш кард, маро бошад, чунон лату кӯб кард, ки аз даҳону биниам хун фаввора зада шорид. Бародаронам низ маро мушту лагадборон карданд ва телефонамро аз дастам кашида гирифтанду ба ошиқам занг зада талаб намуданд, ки зуд расида биёяд. Баробари аз дари хонаамон даромаданаш падарам аз гиребонаш гирифта, ӯро таги по кард ва ҳамроҳи бародаронам домоди пирро мурданивор кӯфт. Бечора зорию тавалло карда мегуфт, ки ман духтаратонро фиреб накардаам, ӯро бо никоҳи мусалмонӣ ба занӣ гирифтам, вале ба гапаш гӯш накарданд. Ошиқам аз хонаи мо бо сару рӯи пурхун баромада рафту субҳи дигар милисаҳо дарамонро кӯфтанд ва падару бародаронамро гирифта бурданд. Аз телефони дугонаам ба ошиқам занг зада гуфтам, ки агар маро дӯст дорӣ, ба падару бародаронам зарар нарасон, вале ба гапам гӯш накарда, телефонро дар рӯям кушт. Падарамро суд карданд, бародаронам баъди ин ҳодиса дигар ба ман рӯи хуш намедиҳанд. Сарҳисоби корамро гум кардаам, шавҳари пирам аз ман рӯй гардонд, падарам дар пушти панҷара аст, модарам бошад, розист, ки маро ба ҳар як кал ё кӯри пешомада ба занӣ дода, аз мани ба қавли худаш “касофат” халос шавад. Намедонам сарамро ба куҷо занаму аз кӣ имдод талабам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Ҳадисаи бадбахт

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД