Ин ҷавонзани гандумгун зиндагии пурмашаққатеро аз сар гузаронидааст. Тавре ки худи Ҳуснигул мегӯяд, тақдир ба ӯ ҷабру ситамҳои зиёдеро раво дидааст.
Падараш барҳамал аз олам гузашт, баъди ба шавҳар баромадан бошад, ба азоби хушдоман гирифтор гашт. Вақте ки ҳомиладор шуд, модаршӯяш қиёматро қоим кард, ки барои фарзанддор шуданашон ҳанӯз барвақт аст ва дорӯ харида овард, то ки тифлаки батнашро несту нобуд созад.
Рафторҳои ноадолатонаи хушдоманаш аз чашми ҳақбини Худованд пинҳон намонда, билохира бибии наберабезор ҷазои аъмоли худро дид. Беҳтараш биёед сарнавишти талхи ин ҷавонзани тоҷикро аз забони худаш бишнавем.