Дардам бедаво аст. Аз дасти шавҳар ҳоли зор дорам. Шаш моҳ пеш бо умед ба шавҳар баромадам, ки хушбахттарин зани дунё мешавам, аммо тирам хок хӯрд.
Ба дасти авбоше афтодам. Одамхўр будааст ин мардак, маро хӯрда тамом кард. Як рўз тилловориҳоям худ аз худ гум мешавад, рўзи дигар либосҳоям, ҳатто телевизор ва чангкашаку чойнику пиёлаҳои қиматбаҳои аз хонаи падарам овардаамро ин домоди нашъаманд фурӯхта ба пулаш нашъа харид. Дар зодрўзам бардаронам ба ман телефони қиматбаҳ туҳфа кардаанд, онро ба заряд монда ба ҳавлӣ баромадам. Дар хона ба ҷуз шавҳарам дигар касе набуд.
ФИРӮЗИ МУҲОҶИР: ЗАНАМ БО БАЧАИ ҲАМСОЯ МЕГАРДАД
Дертар ба хона даромада, телефонамро наёфтам. Аз шавҳарам пурсам, худашро ба нодонӣ зада «надидаам, намедонам» гуфт. Косаи сабрам лабрез гашта ҷанҷол бардоштам, ки телефонамро ба ғайр аз ту дигар касе нагирифтааст, зуд онро баргардон. Дуздию пештозӣ гуфтагӣ барин, шавҳарам маро зери мушту лагад гирифт. Ба назди хушдоманам рафта шикоят кардам, аммо ӯ ҳам тарафи писарашро гирифт. Як ҳафта боз бо шавҳарам қаҳрием. Ӯ ҳамоно мани наварӯсро ғорат мекунад. Кайҳо ба ҳамааш туф карда аз баҳри ин хел шавҳари бе нангу бе ор мегузаштам, вале модарам як бор инсултро аз сар гузарон, метарсам, ки хонавайрон шудани духтарашро фаҳмида, дардаш дубора хурӯҷ мекунад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Фараҳноз